"Табибон дар Русия модарамро нобино карданд"

Умед, муҳоҷири тоҷик, иддао дорад, ки табибон дар Русия дар чашми модараш ҷарроҳии номуваффақ гузарондаанд

Як муҳоҷири тоҷик аз пизишкони бемористоне дар Екатеринбург шикоят дорад, ки дар чашми модараш ҷарроҳии номуваффақ гузаронда, боиси нобино шудани ӯ гардиданд. Умед барои тасдиқи гуфтаҳояш ҳуҷҷатҳоро дар ихтиёри "Мигрант Медиа" гузошт. Пизишкон ва намояндаи расмии Тоҷикистон дар Русия чӣ гуфтанд?

"Вақте модар занг зада гуфтанд, ки ман нобино шудам, рости гап, худамро гунаҳкор ҳис кардам. Рафта, бо духтурон даъво кардам. Гуфтанд, ки чашм фибрин аст, мо табобат мекунем. Пул гуфтанд. Пул додам. Ман бовар кардам. Ин дафъа чашм хушк шуд," – нақл кард Умед ба "Мигрант Медиа".

Дар наворҳое, ки Умед ба мо фиристод, модараш чашмони худро бо айнак пӯшонидааст. Худи ӯ бо духтурҳо баҳс мекунад, ки чаро бепарвоӣ карданд. Пизишкон дар навор худро бегуноҳ меноманд. Духтур мехоҳад дубора чашмони модарро санҷад, аммо Умед ва модар бо ҷарроҳ баҳс мекунанд.

Умед: "Чиро дидан мехоҳӣ? Чашмҳо аллакай хушк шуданд. Инро мефаҳмӣ?"

Духтур: "Оҳ."

Модар: "Фишори чашми ман паст аст, шумо мегӯед, ки бояд дорзоб чаконд. Барои чӣ ба мо нагуфтед, ки дорзобро набояд чакконд?"

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ба мо ниёз доранд, вагарна..." Вазъи пизишкони тоҷик дар Русия

Умед иддао мекунад, ки пизишкони як бемористон дар Екатеринбург дар давоми се рӯз дар чашми модараш ду ҷарроҳӣ гузаронидаанд: "Дар миллатҳои мо, бадбахтҳо, таҷриба мегузаронанд. Ман дидам, ки одамон дар ҳамон палатаҳо хобанд, катаракт ин ҷарроҳии одӣ аст. Хрусталик иваз мекунад. Ин ягон чизи хатарнок надорад. Ҳамон русҳои худашонро пурсидам, ягонтоаш баъди се чор-рӯз ҷарроҳӣ шудагӣ нест."

Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ҷарроҳии аввал хуб гузашт, аммо ба бемор истироҳат надода, пас аз се рӯз ҷарроҳии дувумро гузарониданд ва духтурро низ иваз карданд: "Бо сардори бахш, роҳбари беморхона суҳбат кардам. "Это беда, ми не знаем". Ҳамин гапро мегӯянд, тамом. Мегӯям фибрин аз куҷо, сироят аз куҷо? Ин хатогии шумост."

Дар як видео дида мешавад, ки мудири беморхона бо дархости Умед ҷараёни ҳодисаро мепурсад ва мефаҳмад, ки ҷарроҳии дуюм пас аз чор рӯзи ҷарроҳи аввал амалӣ шудааст.

Роҳбари бемористон: "Оё он ҳанӯз пурра шифо наёфтааст?"

Ёрирасон: "Бале."

Роҳбари бемористон: "Хуб, ҳама чиз равшан аст."

Ёрирасон: Дар рӯзи чорум баъд аз якум дуюмро анҷом доданд."

Роҳбари бемористон: "Хуб, фаҳмо."

Роҳбари бемористон: "Пас аз ҷарроҳии бебарор як моҳ чакра мечаконанд."

Умед мегӯяд, барои гирифтани нусхаи корти ҷарроҳӣ кӯшиш кард, аммо ба гуфтааш, санадҳо ба ӯ дода нашудаанд. Дар бемористон ба ӯ гуфтаанд, ки "ин ҳуҷҷати тиббӣ аст, дода намешавад."

Вай модарро бо пешниҳоди духтурони Тошканд ва даъвати ҳамин пизишкон ба ин дармонгоҳ дар Екатеринбург бурдааст: "Дар Тошканд гуфтанд, ки Екатеринбург, беморхонаи микрохирургия, кӯчаи Бардина 4а. Он духтур занг зад ба мо ва даъватнома фиристод. Омадем, рӯзи 15-ум ҷарроҳӣ карданд як чашмро. Дуюм чашмро рӯзи 18-ум ҷарроҳӣ карданд, якбора. Гуфтанд омода ҳастед барои дуюм чашм? Ман фикр кардам, дар бораи маблағ мегӯянд. Пурсидам, ки дуюм чашмро ҷарроҳӣ кардан мумкин аст? Гуфт, бале. Дуюм чашмро ҷарроҳӣ карданд, чашмони модар нобино шуд. Ҳар рӯз пул гирифтанд. Инаш меояд пул, ваяш меояд пул. Ҳамин дармонгоҳ як дармонгоҳи қаллобӣ будааст."

Мо ба рақами телефони ҳарду духтур ва мудири бахш занг задем, аммо касе ба зангҳои мо ҷавоб надод.

Навор дар Инстаграм:

Умед аз ҳодисаи дигаре нақл карда, мегӯяд, посбони бемористон ӯро нагузоштааст ба назди модараш равад, ки ҳолаш бад буд: "Ҳамроҳи посбон каме баҳс кардем ва баъд ба ман гузарнома доданд. Дар он ҷо русҳо хеста гуфтанд, ки намояндагони ин миллатро аз ин давлат гум кардан даркор, "нерусски"-ҳоро рондан даркор гуфта, нисбат ба миллати тоҷик бисёр гапҳои дағалона заданд. Рости гап, ба ман модарам зарур буд, баромадам, модарамро дидам."

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, пас аз ин ҳама дарду таҳқир ва сарфи пули калон барои гирифтани ҳуҷҷати ҷарроҳӣ ва ба додгоҳ додани духтурҳо аз консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург ёрии ҳуқуқӣ хостааст.

"Ба сафорати Тоҷикистон занг задам, ки мехоҳам адвокат гирам, инҳоро ба додгоҳ диҳам. Инҳо ба ман даъватнома фиристоданд. 45 ҳазор рубли русӣ гуфтанд. Вақте омадам, гуфтанд, ба ҳар як чашм 90 ҳазор рублӣ, илова ба ҳар рӯзи истодан дар бемористон 3 ҳазору 600 рублӣ. Ман розӣ шудам. Онҳо ба ман ваъдаҳои бисёр доданд. Пулро гирифтанду ҳамин хел карданд. Имрӯз мегӯянд, айби мо нест. Сафорат ба ман мегӯяд, "ҳеҷ чиз аз дастамон намеояд, модарро гирифта равед". О, барои чӣ набошад Тоҷикистон сафорат мекушояд? Худо раҳмат кунад Каромат Шарифовро. Ҳамин хел инсонҳо буданд, ки тоҷик қадр дошт. Тоҷикро пуштибонӣ мекарданд. Мардум бесоҳиб мондаанд. Давлат пуштибонӣ намекунад, охир. Албатта, баъд мардум зӯраш меояд, даст ба ҷиноят занад."

Зафар Саидзода. Акс аз бойгонӣ

Мо ба консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург нома навиштем ва хостем дар шарҳи масъала ба мо ёрӣ диҳанд. Консул Зафар Саидзода ба мо занг зад ва дар суҳбат чунин гуфт: "Онҳо (шахси бемор) бо бемористон шартнома бастанд ва дар он гуфта шудааст, ки агар ҳодисае рӯй диҳад, онҳо ҷавобгар нестанд ва муассисаи тиббӣ ба гардан намегирад. Ман худам қабул кардам ба вай фаҳмондам, ки ин кори шумо намешавад, лекин мо гуфтем, ариза нависед, аз тарафи мо чизе мешавад, мо ба шумо ёрдам мекунем."

Умед мегӯяд, 13 сол боз муҳоҷир аст ва дар Русия азобу ноадолатиҳои зиёдро дидааст. Мехост модарашро дар ватан табобат кунад, вале модараш гуфтааст, ки мехоҳад дар Русия дармон гирад: "Нахостам рад кунам, ки пагоҳ модар дилаш намонад, нагӯяд, барои пул шуда маро наовард ин ҷо. Ман фикр надоштам, ки то ин дараҷа инҳо миллатгаро ҳастанд, ҳатто дар беморхонаҳо миллатгароӣ мекунанд."

Мутахассиси бемориҳои чашм, духтури афғонистонӣ Иззатуллоҳ Станикзай, мегӯяд, ҷарроҳии катаракт чандон хатарнок нест, бузургтарин хатараш сироят аст, ки хеле кам рӯй медиҳад.

"Назар ба қонуни амалиёти катаракт, ё пардаи чашм мариз бояд чашми дуюми худро баъд аз гузаронидани 15 рӯз ё ду ҳафта амалиёт кунад. Пеш аз он, мумкин баъзе ихтилолоти баъд аз амалиёти аввал ё реаксияҳои дохили узвият дар чашм пайдо шавад, ки баъзан сабаби баъзе ихтилотот ва ҳатто нобиноии чашм мегардад," – шарҳ дод ӯ.

Омори тахминии бемороне, ки аз Тоҷикистон барои табобат ва ё ҷарроҳӣ ба Русия мераванд дастрас нест.

Видео дар Фейсбук: