Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба мо ниёз доранд, вагарна..." Вазъи пизишкони тоҷик дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Баъди ҳамла ба "Крокус Сити"-и Маскав дар рӯзи 22-юми март, вазъи муҳоҷирон дар Русия вазнин шуд. Ҳазорҳо нафарро ронда, шумори зиёдеро ба ин кишвар роҳ надоданд. Ҳамзамон тафтиш ва қонунҳои зидди муҳоҷирон бештар мешаванд. Матбуоти Русия онҳоро ҳамчун ҷинояткор ва дардисари ҷомеа шинос мекунанд.

Фазои умумӣ муносибати аҳолиро низ ба муҳоҷирон дигар карда, бештар манфӣ намудааст. Ҳамон тавре ки муштариён аз хидмати муҳоҷирони таксирон даст мекашанд, дардмандон намехоҳанд онҳоро духтурони муҳоҷир дармон кунанд. Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Русия мегӯяд, ин кишвар ба духтуру парасторони муҳоҷир ниёз дорад.

“Бо ду гӯшам садҳо маротиба шунидам, ки бемор меомад ва мегуфт, “а нету руcского врача, я не хочу лечиться у нерусcкого врачa”. Ин нақли Фаридун, духтури тоҷик, аст, ки дувоздаҳ сол боз дар Русия кор мекунад ва ҷоизаҳо гирифтааст. Ӯ мегӯяд, аз чунин муносибат, ки гоҳе ба бадрафторию дағалӣ низ мегузарад, дилсард шудааст.

“Ҳамин қадар гап мезанам, ки баъд аз ҳодисаи “Крокус” рафтори мардуми Русия нисбат ба тоҷикон бисёр тағйир ёфт. Ба маънои он ки обрӯи набудаамонро резонданд. Бе ин ҳам ба мардуми мо дағалӣ мекарданд,” – афзуд ӯ.

Фаридун аз номи як рафиқаш, ки вай ҳам духтур аст, чунин нақл кард: “Мегӯяд, вақте бемор фаҳмид, ки тоҷик аст, ҳамон лаҳза муносибаташ дигар шуд. Дар ҳоле ки на бори аввал, балки чандум бор омадааст. Онҳо нисбат ба мо бадбин буданд, ҳодисаи “Крокус” ин ҳолатро бадтар кард. Ҳоло кушоду равшан душманиашонро нишон медиҳанд.”

Вале духтури шинохтаи тоҷик Абдулло Давлатов, ки беш аз 30 сол боз дар Русия кор мекунад ва ҳоло мудири дафтари “Ёрии фаврӣ” дар яке аз марказҳои тиббии федеролӣ аст, мегӯяд, “шояд чунин ҳолатҳо зиёд набошанд.”

Ӯ афзуд: “Банда ҳеч бадрафторӣ нисбати худам эҳсос накардам. Аз ҳамватанони дигар, ки дар Маскав фаъолият доранд, нашунидам, ки нисбаташон ягон қонунвайрокунӣ ё бадрафторӣ шуда бошад. Дар баробари ин дуруст аст, ки дар интернет мебинам, ки гуё касе нисбат ба ҳамватанони мо ё дигар ғайрирусҳо бадрафторӣ ё қонуншиканӣ кардааст.”

Дар саҳифаҳои русии шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо донишу лаёқати духтурони муҳоҷир зери суол бурда мешавад, балки онҳоро ошкоро масхара ва дар бораашон бадгӯӣ мекунанд.

“Пизишки тоқипӯш ва парастори ниқобдор”, “Духтурони муҳоҷир ба кӣ даркоранд?”, “Нелегалҳо озод дар бемористон мегарданд”, “Теғ дар дасти муҳоҷир” аз ҷумлаи барномаҳои сербинанда дар Ютуб ҳастанд, ки зери онҳо нисбат ба пизишкони муҳоҷир суханҳои бад ва таҳқиромез навишта шудаанд.

Гузориши видеоӣ дар Фейсбук:

Ба андешаи духтур, Абдулло Давлатов, ки ифтихорномаи Департаменти тандурустии Маскавро дорад ва имсол аз Академияи назди президенти Русия низ ифтихорнома гирифтааст, яке аз сабабҳои кам шудани обрӯ ва эътибори духтурон пазируфта шудани қонуни федеролии соли 2011 аст. Тибқи он, ба гуфтаи ӯ, духтуронро бо хидматгор баробар карданд.

“Духтурон элита (нухба) шуморида намешаванд. Онҳо чун хизматгоранд, ба мисли пешхизматон дар тарабхонаҳо, ё ки кӯчарӯбҳо. Дар зеҳни мардуми Русия духтур ҳам ба мисли коргарони қаторӣ, ки маълумоти олӣ надоранд, қабул мешавад. Шикоятнависии беморону мизоҷон нисбат ба духтурон зиёд шудааст. Дар умум мушкилот байни духтурон ва беморон ҳаст. Ҳоло баъзе аз пешниҳодҳо ҳаст, ки дар қонунгузории Русия бояд тағйирот ворид шавад ва духтурон ҳамчун як соҳибкасб муаррифӣ шаванд, ки ин муносибати бад нисбаташон коҳиш ёбад. Ин чиз ҳаст, вале боз ҳам такрор мекунам, ки ба қавмияту миллат ҳеч вобастагӣ надорад,” – шарҳ дод ӯ.

Ҳамсуҳбати дигари мо мегӯяд, агар як муносибати нисбатан тоқатпазире ҳаст, танҳо ба он сабаб, ки дар ин ҷо кадрҳои тиббӣ намерасад ва дармонгоҳу бемористонҳои Русия ба пизишкони муҳоҷир эҳтиёҷ доранд.

Фаридун, духтури тоҷик гуфт: “Коргарҳое, ки расман кор мекунанд, бо онҳо кам дағалрафторӣ мешавад. Барои он ки онҳо ба мо ниёз доранд. Агар инҳо ба мо эҳтиёҷ намедоштанд, ҳоло кайҳо қабри ҳамаро канда, дафъ мекарданд.”

Шумораи дақиқи пизишкони тоҷик дар Русия маълум нест. Ба гуфтаи вазири тандурустӣ, танҳо дар соли 2021 тақрибан якуним ҳазор духтур аз Тоҷикистон ба Русия кӯчидаанд. Аз ин шумора беш аз 1180 нафар парастор ҳастанд.

Наворро дар Инстаграм бинед:

XS
SM
MD
LG