Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ёфтӣ мехӯрӣ, наёфтӣ мемурӣ." Заноне, ки аз Русия баргаштанд, чӣ ҳол доранд?


Мирмоҳ Шамсова
Мирмоҳ Шамсова

Дар нимаи аввали имсол зиёда аз 80 000 зани тоҷик аз муҳоҷирати корӣ аз Русия ба ватан баргаштаанд. Мақомот мегӯянд, барои онҳо ва корҷӯёни дигар беш аз 100 ҳазор ҷойи кор омода карданд. Ду ҳамсуҳбати "Мигрант Медиа" гуфтанд, баъди бозгашт ба Тоҷикистон натавонистанд кору даромад ёбанд ва рӯзгори худро пеш баранд.

Онҳо ҳарчанд муносибатро ба худ дар Русия "бисёр ғайриинсонӣ ва бад" меноманд, дар фикри он ҳастанд, ки боз ба онҷо баргарданд ва даромади беҳтаре дошта бошанд.

Мирмоҳ Шамсова яке аз онҳост. Вай саргузашташро ба тарҳи "Мигрант Медиа" чунин нақл кард: "Хайр, дар куҷо кор кунем? Ку, дар ҳамин Тоҷикистон ҳаст ягон ҷойи кор? Ҳозир ба куҷое меравӣ, барои фаррош ва растарӯб шудан, мегӯяд, якуним – ду ҳазор сомонӣ деҳ, қабулат мекунам. Ман агар ҳамин якуним ё ду ҳазор сомонӣ дошта бошам, мехӯраму мешинам дар хона.”

Шамсова чанд моҳ пеш аз кор дар Русия маҳрум шуд. Ҳоло намедонад рӯзгорашро чӣ гуна ба роҳ монад: "Ҳозир руҷуъ ба Маскав дорем. Мегӯянд, вазъият безеб шудааст. Чор сол шуд, шавҳар надорам, фавтидааст. Бачаи калонам ҳам даргузашт. Як бачаам ҳоло синфи 8 мехонад. Ҳеч кас халқи камбағалро нигоҳ намекунад."

Намуна (ном тағйир дода шудааст), зани дигари муҳоҷир, аз Русия ихроҷ карда шудааст. Мегӯяд, бемор аст ва бори зиндагии ӯ ва ду фарзандаш бар дӯши падараш ҳаст.

Ӯ пас аз марги шавҳар ва таънаву маломати ҳамсоягон маҷбур шуд, дубора издивоҷ кунад. Писари ятимашро ба модар гузошту бо шавҳараш ба Русия рафт. Ба вай гуфта буданд, ки дар хона кор мекунад.

"Кор ҳаст барои тоҷикҳо, дар даруни хона. Як ширкат буд, хайма медод, медӯхтем. Ман хурсанд шудам, вале палаткаҳояшон заҳролуд будааст. Касал шудам. Месулфидаму хун мепартофтам. Ба беморхона бурданд. Дар онҷо “нерусски” гуфтанд, нигоҳам накарданд. Пеш карданд. Бо зорию шиносбозӣ ба як духтурхонаи дигар бурданд. Бемори сил гуфта, аз сарҳад берун карданд, аз Самара," - қиссаи кард Намуна.

Роҳи баргашт ба ватан барои Намуна бисёр сахт буд. Ӯро ҳамроҳи кӯдакаш ба қатор (поезд) савор карданд. Пул надошт, ки бо ҳавопаймо баргардад. Вай он рӯзҳоро ба ёд оварда, гуфт: "Чӣ қадар азоб кашидам. Ту, тоҷик, дар сумкаат чӣ дорӣ гуфта мепурсиданд. Суол мекарданд, ки намоз мехонӣ, Қуръон мехонӣ? “Не” гуфтам. Мегуфтанд, сумкаатро холӣ кун. Сагҳояшон хез мезаданд, бӯ мекашиданд. Мо дод мезадем."

Ин ду муҳоҷирзани тоҷик дар зиндагӣ бисёр азоб кашидаанд. Мирмоҳ Шамсова ҳам чун Намуна пас аз марги шавҳар ба муҳоҷират рӯй овард.

"Бачаам 20-сола шуду фавтид. Баромада рафтам ба мулки мардум. Дар ғарибӣ кор кардам, омадам, қарзҳоямро додам. Даҳонамро яла накардам, ба мардум нагуфтам, ки ман қарздорам. Сир ба гиребон, нагуфтам. Рафтам, кор кардам, қарзҳоро фиристодам. 12 ҳазор сомонӣ қарздор шудам аз як дорухона, аз дигараш 18 ҳазор, кор кардам додам."

Холаи Мирмоҳ ду бор барои кор ҳиҷрат кардааст. Вай аз хишоваи пиёзу помидор то ошпазию фаррошӣ сар карда, дар корхонаи қаннодӣ ва бандубасти маҳсулоту коргоҳи саноатӣ кор кардааст.

Ҳангоми гуфтугӯ ин ду зан аз дарду азоби муҳоҷирон ва худ, махсусан пас аз воқеаи "Крокус" нақл карданд. "Баъд аз "Крокус" дигар ҳамсояҳо бо мо гап намезаданд, ҳар рӯз милиса фарёд мекарданд, ки дар бинои мо "нерусский" зиндагӣ мекунад. Як хел вақт дарро намекушодем, чароғҳоро мекуштем, хомӯш меистодем. Бисёр азоб кашидем," -- гуфт, Мирмоҳ Шамсова.

Аз ӯ пурсидем, дигар ки ба Русия имкони рафтан нест, зиндагиро чӣ хел мегузаронад? Чунин посух дод: "Ду ҳазор сомонӣ намерасад барои як моҳ, ҳозир мардум чӣ мехӯрад, нон. Ордаш аз нонаш дида қимат аст, руғанаш аз он ҳам гарон, картошкаву пиёзаш ҳам арзон нест. Ман як одами танҳо, як бевазанам. Дар ҳамин хона чанд касе ҳаст ба дасти ман нигоҳ мекунад. Ин кӯдак дар як ҳафта ду баста қанд мехӯрад. Ёфтӣ, мехӯрӣ, наёфтӣ, мемурӣ. Тоҷикистон ҳамин хел аст. Дар Маскав ба мо музд медоданд. Дар инҷо дар як моҳ пули як рӯзи оҷоро намеёбӣ."

Дар ҳамин ҳол мақомоти Вазорати меҳнати Тоҷикистон мегӯянд, ки дар кишвар дар нимсолаи якуми соли 2024 зиёда аз 100 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Гулнора Ҳасанзода, вазири кору муҳоҷират, дар нишасти охири матбуотӣ гуфт: "Ҳамасола зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода мешавад ва маҳз таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар омили асосии камшавии ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ мегардад. Масалан, дар нимсолаи якуми соли 2024 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ зиёда аз сад ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7 фоиз зиёд аст."

Гулнора Ҳасанзода
Гулнора Ҳасанзода

Коршиноси тоҷик Шӯҳрат Латифӣ мегӯяд, муҳоҷирати занони тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандӣ сар шуда, солҳои охир ба падидаи муқаррарӣ табдил ёфтааст. "Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳам зан ва ҳам мард маҷбур буданд, ки ба муҳоҷират раванд. Марҳилаи дуюм асосан муҳоҷирати оилавӣ аст. Як самти дигари муҳоҷирати меҳнатии занон барои гирифтани шаҳрвандӣ ва кор мебошад. Мутаассифона, баъд аз пандемия муҳоҷирати мутахассисон, ҳам аз тарафи занон ва ҳам мардон, зиёд шуд," -- шарҳ дод ӯ.

Мирмоҳ Шамсова ҳам мегӯяд, бо вуҷуди душвориҳо нияти бозгашт ба Маскавро дорад: "Вазъият хуб шавад, барои ман Маскав хуб аст. Ҳозир аз тарс набуромада истодаам, рости гап, агар не, пагоҳ барои ман дер аст барои рафтан."

Вале Намуна мегӯяд, ҳарчанд ба даромади доимӣ ниёз дорад, дигар азоби ҳиҷратро бардошта наметавонад ва ҳамаи орзуяш хуб калон кардани писари ятимаш аст. "Ҳамаи орзуям ҳамин, ки бачаи ятимам дар оянда соҳиби як хона шавад, ки пагоҳ калон шуд, муҳтоҷи ҳеҷ кас нашавад. Бисёр азоб мекашанд занони муҳоҷир дар Русия, беҳад азоб сахт аст. Баъд аз "Крокус" азоб боз сахттар шуд. Бисёрашро аз кор сур карданд. Аз хонаҳо берун карданд. Дигар асло намехоҳам, ки аз фарзандом ҷудо бошаму азоби муҳоҷириро бикашам," -- гуфт Намуна.

XS
SM
MD
LG