Хирси маъруф бо номи Мария ва дӯсти содиқаш Талабшоҳ Шехов, ки солҳост дигар дар Душанбе сайругашт намекунанд, акнун ба сифати як муҷассама ба хиёбони марказии пойтахт бармегарданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мария ҳоло пиру афгор шуда, ба гуфтаи масъулини Боғи ҷонварони Душанбе, чаҳор моҳи пеш аз қувваи босира ё биноӣ маҳрум гардидааст
Муҷассамаи пирамард ва хирси маъруфаш Мария, ки қиссаашон барои бисёриҳо дар Душанбе ва берун аз он ошност, бо ташаббуси ширкати “I am different” ва аз ҷониби пайкарасози тоҷик Алиҷон Бобошарифов сохта шудааст. Ҳамчунин, сокинони шаҳр имкон доранд пироҳану нимтанаҳо бо акси ин ду дӯсти содиқро ба бар кунанд.
Муттасадиёни ширкати “I am different” мехоҳанд, бо ин роҳ дӯстии инсонҳоро бо ҷонварон тарғиб кунанд. Ба ин хотир онҳо пирамард ва хирси маъруфи ӯ Марияро чун як рамзи дӯстӣ интихоб кардаанд. Анна Мошенко, ҳамоҳангсози ширкати “I am different”, рӯзи 6-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо барои гузоштани ин муҷассама дар назди фурӯшгоҳи худ, дар хиёбони Рӯдакии пойтахт иҷозаи расмии шаҳрдориро интизоранд. “Ин аввалин таҷрибаи мо барои гузоштани муҷассама барои хушҳолии мардум аст”, - гуфт Анна Мошенко.
Муҷассамаи Бобои Талабшоҳ ва хирси ӯ давоми ду моҳ ва аз масолеҳи сохтмонии бетону оҳан офарида шуда, як тонна вазн дорад. Мисле ки дар аксар аксу тасвирҳо ин ду дӯст тасвир ёфтаанд, дар муҷассама низ занҷири хирс дар дасти бобо якҷоя сайругашт доранд.
Пайкарасоз Алиҷон Бобошарифов, ки ин муҷассамаро сохтааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, офаридани ин муҷассама барояш мушкил набуд, чун аз қиссаи ин ду дӯсти содиқ хуб огоҳ буд ва ҳамеша онҳоро дастобадаст дар хиёбонҳои пойтахт медид. Ба гуфтаи ин пайкарасоз, аввал намунаи ин муҷассамаро сохт ва баъди иҷозати он аз сӯи фармоишгарон ба таҳияи муҷассамаи хирсу мӯйсафед дар ҳаҷми бузург шуруъ кард. Ҳоло ин муҷассама дар фонди бадеии Иттифоқи рассомон нигаҳдорӣ мешавад.
Хабари сохта шудани муҷассамаи хирс ва мӯйсафед бисёриҳоро дар Душанбе ба ёди хирси маъруф Мария ва сарнавишти ӯ пас аз марги дӯсти содиқаш – Бобои Талабшоҳ бурд. Ин хирсро 30 соли пеш Талабшоҳ Шайхов дар яке аз деҳаи ноҳияи Ҷиргатол ёфта, бар ивази як буз ва як халта орд харида буд. Бобои Талабшоҳ ба ӯ Мария ном гузошт ва хирсбачаро бо шири одаму гов ва ғизои маъмулии хонаводааш бузург кард.
Бобои Талабшоҳ 20 сол ба Мария ҳаракатҳои варзишӣ омӯзонд ва ҳамроҳ бо ӯ ба даҳҳо навоҳии дурдасти кишвар ва ҳатто ба давлатҳои хориҷ сафари ҳунарӣ анҷом дод. Вале дар охири умраш аз тангдастӣ ва беморӣ ночор аз дӯсти вафодораш ҷудо шуд ва ӯро ба боғи ҷонварон супурд.
Дурӣ аз дӯсти содиқ барои хирс Мария хеле мушкил буд. Мария ҳоло пиру афгор шудааст ва ба гуфтаи масъулини боғи ҷонварон 4 моҳи пеш аз қувваи босира ё биноӣ маҳрум шуд. Зӯҳро Эмомова, ки ба нигоҳубини ин хирс дар боғи ҷонварони Душанбе машғул аст, гуфт, “Мария ҳам мисли инсон ин қадар сол дар озодӣ буд ва вақте пушти панҷара омад, шояд ба руҳияаш бетаъсир намонд. Акнун ӯ дигар нобино шудаасту танҳо бо истифода аз овоз ҳаракатҳоро иҷро мекунад”.
Ин гузориш аз бойгонии Озодӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зӯҳро Эмомова гуфт, ки Талабшоҳ Шайхов чанд вақт пеш аз маргаш ба дидани Мария рафта ва барояш ғизо бурда буд. "Аммо хирс ба ғизои дасти ӯ нигоҳе накард. Чизе ҳам нахӯрд. Маълум буд, ки қаҳр кардааст", - афзуд ӯ.
Бо ҳама мушкилоташ Мария то чанд соли пеш ва ҳоло миёни садҳо ҷонвар ҳунармандтарин хирс дар боғи ҳайвоноти Душанбе дониста мешавад. Мария замоне як рамзи дилхушии Душанбе буд ва ҳоло ба сифати як муҷассама дубора ин дилхуширо ба сокинон бармегардонад.