Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳмонҳои нахустини Боғи ҷонварон дар Кӯлоб. ВИДЕО


Боғи нахустини ҳайвонот дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Гузориши видеоӣ инҷос

Ба Боғи ҳайвонот, ки дар майдони якунимгектарӣ сохта мешавад, аввал ҷонварони алафхӯру парранда, аз қабили харгӯшу мурғобӣ ва товусро меоранд ва баъдан онро бо ҳайвоноти нодир ва бузург ба мисли хирс пур мекунанд.

Дар шаҳри Кӯлоб, ки сокинонаш барои тамошои ҷонварон тақрибан 200 километрро тай карда, барои дидани Боғи ҳайвоноти Душанбе меомаданд, ба зудӣ чунин боғ сохта хоҳад шуд. Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, пеш аз оғози сохтмон аз Боғи ҳайвоноти Душанбе дидан карда, баъдан намунаҳои боғи вуҳуш дар минтақаҳои Русияро тариқи интернет тамошо кардаанд.

Ӯ гуфт, "дар ҳоли ҳозир 21 намуд ҷонварро интихоб кардаем, ки ҳаштои он парранда ва боқимонда ҷонварони алафхӯр ҳастанд. Нигоҳубини ин намуд ҷонварон осонтар аст. Ин боғ марҳила ба марҳила рушд мекунад ва дар нақша аст, ки дар соли 2017 боз ҳайвоноти бузургу нодир ворид карда шавад."

Тоҷирони саховатманди Кӯлоб ваъда додаанд, ки худашон барои пур кардани боғи ҳайвонот ва хурсанд кардани кӯдакони шаҳр саҳм мегузоранд ва ҷонварони бузург, аз ҷумла хирсро меоранд. Сокинони Кӯлоб, ки фарзандони худро барои тамошо ба боғи ҳайвоноти Душанбе меоранд, хушҳоланд, ки дар шаҳри худашон ҳам чунин ҷое пайдо мешавад.

Худойдоди Ислом, сокини шаҳри Кӯлоб, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, соле як бор барои тамошои боғи вуҳуш ба Душанбе мерафт ва фикр мекунад, ки аз ин ба баъд чунин ташвиш нахоҳад дошт. Аммо ӯ гуфт, бояд соҳибони Боғи ҳайвонот дар Кӯлоб аввал ҳайвонҳои нодирро биоранд.

“Он вақт метавонад муштарии бештар пайдо кунад. Вагарна он ҳайвоноте, ки ҳар рӯз дар хона ва дар роҳ мебинем, он қадар сокинонро ҷалб нахоҳад кард. Муштариён ба ҷои тамошо рӯ ба фирор меоранд. Зеро он ҳайвонотеро, ки дар хона ва дигар ҷой бе маблағ мебинӣ, сокинон пул сарф карда дидан намехоҳанд,” – гуфт мусоҳиби мо.

Бо анҷоми корҳо, аз ҷумла такмил шудани қафасу хонаҳои ҷонварон, мумкин аст, боғи ҳайвоноти Кӯлоб моҳи сентябр дари худро ба рӯи кӯдакони шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он боз кунад.

XS
SM
MD
LG