Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Морхона"-и оташгирифтаи Боғи ҳайвонотро барқарор мекунанд


Кормандони боғ натавонистанд, ин мори афъиро наҷот диҳанд
Кормандони боғ натавонистанд, ин мори афъиро наҷот диҳанд

Маъмурияти боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе мегӯяд, то соли нав бахше аз ин боғро, ки дар натиҷаи сӯхтор осеб дид, барқарор мекунад. Маҳмадалӣ Шарипов раиси “Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе” рӯзи 24-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то кунун бахше аз террариюм ё ҷойи нигаҳдории мору дигар хазандаҳоро тармим кардаанд ва дар фурсатҳои наздик бақияи он барқарор мешавад.

Ин бахши Боғи ҳайвоноти Душанбе, шаби 16-уми ноябр оташ гирифтааст ва дар натиҷа 70 метри муррабаъ осеб дида ва ду мори афъӣ ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти боғ, ба ҳам расидани ноқилҳои барқӣ сабаби оташ гирифтани ҷойи нигаҳдории ҷонварон шудааст.

Терраруми Боғи ҳайвонот солҳои 60-ум сохта шудааст.
Терраруми Боғи ҳайвонот солҳои 60-ум сохта шудааст.

​Аммо мақомоти боғ мегӯянд, дар натиҷаи чолокии коргарон дар шаби оташсӯзӣ бисёре аз ҷонварон, сангпушти обӣ ва чанд хазандаи дигар, наҷот дода шуданд, вале ба онҳо муяссар нашуд, морҳои афъиро наҷот диҳанд. Садорати боғ барои харидани ду мори афъӣ, ки дар Тоҷикистон нест, бо боғҳои ҳайвоноти кишварҳои дигар вориди гуфтугӯ шудааст ва мегӯяд, баъди анҷоми таъмири террариум, хазандаҳоро ба ҷояшон бармегардонад.

Боғи ҳайвонотро мекӯчонанд

Айни замон таъмиру барқарорсозӣ идома дорад ва ба гуфтаи мақомоти боғ ҳафтаи оянда боми террариюмро нав мекунанд. Дар маъмурияти боғ гуфтанд, биноҳои он ҳанӯз дар солҳои 60-уми асри гузашта бунёд шудааст ва дар ин муддат бисёре аз иншооти он кӯҳна шудааст ва хавфи сар задани чунин ҳодисаҳо зиёд аст.

Боғи ҳайвоноти Душанбе, бузургтарин боғи ҷонварон дар Тоҷикистон дар соли 1961 дар аҳди шӯравӣ сохта шудааст. Азбаски боғ дар маркази пойтахт воқеъ шудааст, соли гузашта ҳукумат гуфт, ки дар канори шаҳри Душанбе барои бунёди он замин ҷудо шудааст ва дар сурати пайдо шудани маблағ бунёди боғи муосир дар масоҳати 25 гектар шурӯъ мешавад. Айни замон дар “Боғи ҳайвонот” 800 ҷонвар вуҷуд дорад, аз ҷумла шеру бабру маймун, хирс ва навъҳои мухталифи паррандагони нодир.

XS
SM
MD
LG