Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи саргузаштҳои Мария - хирси ҳунарманд


Хирси ҳунарманд-Мария
Хирси ҳунарманд-Мария

Хирсе бо номи Мария, ки дар кӯчаҳои Душанбе мардумро хушҳол мекард, ҳоло дар боғи ҳайвоноти пойтахти Тоҷикистон ба сар мебарад.

Миёни беш аз 800 ҷонвар Мария шояд ҳунармандтарин хирс дар боғи ҳайвоноти Душанбе аст. Ин боғ 14 чунин хирс дорад, аммо кӯдакони зиёде маҳз барои дидани ҳаракоти ҷолиби Мария пайваста ба боғи ҷонварон меоянд, исмашро гирифта садо мекунанд, хӯрок медиҳанд ва аксу навор мегиранд.

Саҳнаи ҳунарнамоии Мария як замон кӯчаҳои пойтахт буд. Ӯ озодона дар шаҳр гаштугузор мекард ва бо ҳаракатҳои ҷолибаш барои худ ва соҳибаш, бобои Талабшоҳ пул кор мекард. 3 соли пеш бобои Талабшоҳ вафот кард ва овозае паҳн шуд, ки хирс ҳам ба ин ҷудоӣ тоб наоварда фавтидааст.

Дар воқеъ ҷудоӣ аз нафаре, ки наздикӣ 30 сол ҳамроҳаш буд, барои Мария - ҷонвари безабон осон набуд. Масъулини боғи ҷонварон нақл мекунанд, ки соли 2013 вақте бобои Талабшоҳ ба далели беморӣ муваққатан Марияро ба онҳо супурд, вай як муддат аз хӯру хоб монд ва ҳаракоти ҷолибашро ҳам фаромӯш кард.

Идомаи саргузаштҳои Мария - хирси ҳунарманд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:08 0:00

“Аммо оҳиста-оҳиста бо мо унс гирифт, мо ҳам ки аз ҳунарҳояш бохабар будем, хӯрокаш медодему мехостем ҳаракатҳояшро иҷро кунад. Ҳамин тавр, вай одат кард. Ҳоло бо ҳам дӯстем, вақте вориди қафас мешавам, аслан ҳамла намекунад, хӯрокаш медиҳам, сӯҳбат мекунем, баъзан гуштӣ мегирем,” -мегӯяд Наҷибулло Файзуллоев, ки 2 сол боз дар боғи ҷонварон аз Мария нигаҳбонӣ мекунад.

Саидқирон Талабзода
Саидқирон Талабзода

Наҷибулло мегӯяд, ба фарқ аз дигар хирсҳои боғ, Мария меҳрубонтар аст ва одамонро дӯст медорад. Вижагиҳои ин хирси меҳрубон ва одамдӯст ҳам аксаран ба шири инсон тарбият ёфтани ӯ рабт дода мешавад.

Ин хирсро 30 соли пеш Талабшоҳ Шайхов дар яке аз деҳаи ноҳияи Ҷиргатол ёфта, бар ивази як буз ва як халта орд харида буд. Шайхов ба ӯ Мария ном гузошт ва хирсбачаро бо шири одаму гов ва хӯрокҳои маъмулии хонаводааш бузург кард.

Бобои Талабшоҳ 20 сол ба Мария ҳаракоти варзишӣ омӯхт ва ҳамроҳ бо ӯ ба даҳҳо навоҳии дурдасти кишвар ва ҳатто ба давлатҳои хориҷ сафарҳои ҳунарӣ анҷом дод.

Соҳибқирон Талабшоҳзода, фарзанди 18- солаи бобои Талабшоҳ, ки наврасиаш якҷо бо Мария дар Душанбе гузаштааст, аз кӯдакиҳои худ ва хирси дӯстдоштааш аксу хотираҳои зиёде дорад. Соҳибқирон имрӯз ҳам ҳар ҳафта ҳамроҳ бо модараш ба боғи ҷонварон ба аёдати Мария мераванд ва барояш хӯрок мебаранд.

Ӯ гуфт: “Чашмони Мария нағз намебинад, вале вай бӯи соҳибони худро эҳсос мекунад. Вақте мо наздаш меравем, вай аз дур мефаҳмад ва дастонашро дароз карда, баъзан гиря мекунад. Вале соли аввале, ки ӯро ба ин ҷо овардем, аз мо қаҳр карда буд. Бо модарам вақте меомадем, ҳарчанд садояш мекардем, нигоҳ намекард ва сарашро ҷунбонда, не мегуфт”.

Соҳибқирон бо таассуф мегӯяд, Марияи онҳо ҳоло дигар он хирси ҷавону тануманд нест ва пиру афгор шудааст. Вай ба хотир меорад, ки замоне падараш барои ин хирс аз баҳри тӯҳфаҳои зиёди гаронарзиш гузашт ва зиндагӣ дар хонаи тангу торик, аммо бо хирсашро интихоб кард. Вале дар охири умраш аз тангдастӣ ва беморӣ ночор аз дӯсти вафодораш ҷудо шуд. Бо вуҷуди ин, муйсафед як муддат дар Боғи ҳайвонот ҳамроҳи хирсаш монд.

“Агар ман 3 сол пеш, мисли имрӯз 17 сола мебудам ва ҳаққи тасмим гирифтан медоштам, аслан намегузоштам, ки Марияро аз хона бубаранд,” – мегӯяд Соҳибқирон, ки ҷудоӣ аз хирс барои ӯ ҳам осон набудааст.

Мария то 3 соли пеш дар маҳаллае дар назди Комбинати бофандагӣ ё “Текстил” дар ҳавлии хурди бобои Талабшоҳ, дар дохили як қафас зиндагӣ мекард. Талабшоҳ баъд аз сесолагӣ ҷои хоби Марияро аз худ ҷудо кард. Ҳамсояҳои вай имрӯз аз хирс чун як манбаи хуби даромади ин хонавода ва дилхушии кӯдакони маҳалла ёд меоранд. “Ҳамин ки бобо бо хирс ба кӯча мерасид кӯдакон ҳама ба наздаш медавиданд, ба болои хирс нишаста бозӣ мекарданд ё дар болои ин чинор кӯдакон қанд мегузоштанду хирс ба дарахт баромада онро мегирифт. Дучарха ҳай мекард. Салто мепарид,” - нақл мекунад Расулҷон, ҳамсояи бобои Талабшоҳ.

Гуфта мешавад, баъди сари мӯйсафед, сирки давлатӣ хостааст Марияро ба кор бигирад. Аммо хирс дар боғи ҷонварон монд ва имрӯз бо шарофати вай охирин қафас дар бахши ҷонварони ваҳшӣ ҳамеша серодам аст. Мария хирси одамсиришт, ки замоне як рамзи дилхушии Душанбе буд, акнун танҳо дар боғи ҳайвонот ҳунарашро намоиш медиҳад ва ба тамошобинон хушҳолӣ мебахшад.

XS
SM
MD
LG