Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи Интернет дастури Хадамоти алоқа дар маврид таъмини идораҳои давлатӣ бо Интернетро ғайриқонунӣ номид.
Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ, Шӯрои амният, Шӯрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди президент, ба сурати умум, ба 10 вазорату ниҳодҳои зидахли ҳукумати Тоҷикистон номаи расмӣ ирсол дошта, хоҳиш кардааст, ки ба тақозои Хадамоти алоқа дар бораи пурра ба ширкати "Тоҷиктелеком" вогузор шудани ҳаққи хидматрасонии интернетӣ ба идораю муассисоти давлатиро қонунан шарҳ диҳанд. Асомиддин Атоев ин даъвои Хадамоти алоқа ва раисаш Бег Зуҳуровро муғойир бо қонунҳои Тоҷикистон номидааст.
Асомиддин Атоев рӯзи 16 декабр ба радиои Озодӣ гуфт, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ирсоли як нома дар таърихи 7 ноябри соли ҷорӣ таҳти рақами №1-1263 аз ширкатҳои дастраскунандаи Интернет хостааст, то аз хидматрасонӣ ба идораю муассиса ва корхонаҳои давлатии ин кишвар худдорӣ кунанд.
Хадмоти алоқаи Тоҷикистон бо такя ба қарори ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои ироакунандаи интернетӣ таъкид кардааст. ки тамоми хизматрасонии интернет, WIMAX, WIFI-ро ба ихтиёри ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» вогузоранд ва аз идомаи хидматрасонӣ ба идораҳои давлатӣ даст бардоранд.
Асомиддин Атоев мегуяд, ки Хадамоти алоқа зоҳиран қасд дорад, бозори интернетӣ ва итилоотиро дар қабзаи ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" гузорад, ки ин амал хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва тааҳҳудоти ин кишвар дар баробари Созмони ҷаҳонии тиҷорат мебошад. «Мо бо ин номаи худ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хоҳиш кардем, ки ин масъаларо рӯшантар тавзеҳ диҳад, ки бо ин амал дар бозори интернети кишвар чӣ мехоҳад анҷом диҳад?» - гуфт Асомиддин Атоев.
Асомиддин Атоев таъкид мекунад, ки агар Хадамоти алоқа ба ин ҳадафи худ даст ёбад, рақобат дар бозори иттилоотиро ба ҳам мезанад.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва раисаш Бег Зуҳуров бо иқдомҳои ҳайратоваре дар бозори телефонҳои мобил ва Интернет маъруф шудаанд. Ин ниҳод дар рӯзҳои нооромиҳои водии Рашт дар тирамоҳи соли 2011 иртибототи мобилӣ бо ин минтақа ва дар рӯзҳои амалиёти Хоруғ дар тобистони соли 2012 робитаи телефонӣ бо Бадахшонро қатъ карда буд.
Масдуд кардани дастрасӣ ба ин ё он сомона, асосан сомонаҳои мунтақид ва ҳам шабакаҳои маъруфе, чун Ютюб ва Фейсбук, аз дигар иқдомҳои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст, ки гӯё ба хотири таъмини амнияти иттилоотии кишвар анҷом мешаванд. Танҳо дар соли ҷорӣ аз моҳи март то август шабакаи Ютюб дар Тоҷикистон барои қариб ним сол масдуд шуда буд. Айни ҳолат, вале барои муддати камтаре ба сари шабакаи иҷтимоии Фейсбук омад.
Вале Бег Зуҳуров ҳар навъ даст доштани ниҳоди зери назари ӯ дар амри масдуд кардани Фейсбуку Ютюбро рад мекард ва мегуфт, ин шояд кори дасти «ихтиёриён»-ест, ки аз матлабҳои нашршуда дар ин сомонаҳо дар бораи Тоҷикистон розӣ нестанд.