Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Озодагон"-ро кӣ маҳдуд кардааст?


Акси сомонаи басташудаи "Озодагон"
Акси сомонаи басташудаи "Озодагон"

Бино ба хабарҳои расида, дастрасӣ ба сомонаҳои русиву тоҷикии "Озодагон" дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст.

Масъулони “Озодагон” аз зӯҳри 4 ноябр дар бораи мушкил шудани дастрасӣ ба сомонаҳои ин хабаргузорӣ шикоят доштанд.

Зафари Сӯфӣ, сардабири “Озодагон” рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкили дастрасӣ ба сомонаҳои онҳо аз нимаи рӯзи душанбе оғоз ёфт: “Ибтидо ширкати “Вавилон” дастрасиро ба вебсайтҳои мо масдуд кард ва то поёни рӯз бақия провайдерҳо низ айни корро карданд. Вақте мо ба онҳо муроҷиат кардем, ибтидо баҳона мекарданд, ки мушкили фаннӣ пеш омадааст ва бо рафъи ин мушкил дастрасӣ ба сомонаҳои “Озодагон” барқарор хоҳад шуд. Аммо манобеъи мӯътамади мо дар Хадамоти алоқа имрӯз хабар доданд, ки бо амри бастани сомонаҳои “Озодагон” ва Ютюб аз номи раиси ин ниҳод Бег Зуҳуров ба ширкатҳои провайдерӣ мактуб рафтааст.”

Сардабири Озодагон мегӯяд, сомонаашонро масдуд кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Манобеъи Озодӣ дар гӯшаҳои мухталифи Душанбе мегӯянд, сомонаи “Озодагон” аз дирӯз ба ин сӯ боз намешавад, вале Ютюб ҳанӯз боз аст. Дастрасӣ ба Ютюб дар Тоҷикистон аз моҳи март низ масдуд шуда буд ва танҳо дар моҳи август, баъди дар матбуоти байналмилалӣ сару садои зиёд ба по кардани ин тасмими мақомоти Тоҷикистон ин сомонаро дубора боз карданд.

Муштариёни "Озодагон" мегӯянд, дар ҳоли ҳозир танҳо тавассути проксӣ-серверҳо метавон садди сохташуда дар роҳи дастрасӣ ба сомонаҳои ин хабаргузориро шикаст ва ворид шуд.

Зафари Сӯфӣ
Зафари Сӯфӣ
Зафари Сӯфӣ мегӯяд, субҳи сешанбе сомонаҳои "Озодагон" барои наздики 2 соат дубора боз шуданд, вале баъди ин аз нав дастнорас шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, на Хадамоти алоқа ва на ширкатҳои провайдерӣ шарҳ намедиҳанд, ки оё мушаххасан кадом матлаби хабаргузории “Озодагон” ё кадом баҳси бархоста дар поварақи матлабҳои онҳо мояи қаҳри мақомот шудааст, ки бар асоси он бишавад дар бораи ангезаҳои ин тасмим сӯҳбат кард.

Хадамоти алоқаи иддаои масъулони хабаргузории “Озодагон” дар мавриди бо тасмими ин ниҳод масдуд шудани вебсайтҳои русиву тоҷикии ин хабаргузориро радд мекунанд. Алибек Бекназаров, муовини раиси Хадамоти алоқа ба "Азия Плюс" гуфтааст, Бег Зуҳуров бо сафари хидматӣ дар Кӯлоб қарор дорад ва амалан наметавонист чунин амреро имзо кунад.

Аммо дастрасӣ ба сомонаи “Озодагон” дар ҳоле масдуд мешавад, ки Тоҷикистон ба интихоботи президентии рӯзи 6 ноябраш омодагӣ мегирад.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан низ дар рӯзҳои аз нигоҳи сиёсӣ барои Тоҷикистон ҳассос, аз ҷумла дар замони нооромиҳои се сол пеши водии Рашт ва амалиёти низомии тобистони соли 2012 дар Хоруғ низ дастрас ба як силсила сомонаҳои интернетии маҳалливу хориҷиро масдуд карда буданд.

Бег Зуҳуров
Бег Зуҳуров
Ҳар дафъа Хадамоти алоқа масдуд шудани дастрасӣ ба сомонаҳоро ба “мушкилоти фаннӣ” рабт медод, вале ба дунбол дар расонаҳо мактуби расмии раиси ин Хадамот Бег Зуҳуров ба ширкатҳои провайдерӣ чоп мешуд, ки дар он “ба сабаби зарурати анҷоми корҳои профилактикӣ” аз ин ширкатҳо хоста мешуд, ки дастрасӣ ба ин ё он сомонаро масдуд кунанд.

“Озодагон” хабаргузорӣ ва расонаи мустақили хабариест, ки соли 2006 бо нашри ҳафтаномае бо чунин ном ба майдони матбуоти Тоҷикистон пой гузошта, дар соли 2010 хабаргузории “Озодагон”-ро фаъол кард. Ҳоло ин хабаргузорӣ се сомонаи хабариро бо забонҳои русиву тоҷикӣ ва ҳам бо ҳуруфи форсӣ дар ихтиёр дорад.
XS
SM
MD
LG