Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти алоқа: Масдуд шудани баъзе сайтҳо қонунӣ буд


Рафиқҷон Шокиров, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳини нишасти хабарӣ дар Душанбе. 30-юми январи соли 2013.
Рафиқҷон Шокиров, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳини нишасти хабарӣ дар Душанбе. 30-юми январи соли 2013.

Дар ҳоле ки корбарони интернет баста шудани сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро нақзи ҳуқуқи худ медонанд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ин падидаро қонунӣ номид.

Муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Рафиқҷон Шокиров, гуфт, ки бино бар тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрвандии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2012, таҳқир, истифодаи алфози қабеҳ, паст задани эътибори шахс манъ аст ва баста шудани бархе аз торнамоҳо низ тибқи ҳамиин банди қонунӣ сурат гирфтааст. Аммо шарҳ дода нашуд, ки бастани сомонаҳои мухталиф дар кишвар пеш аз қабули ин иловаҳо ба вуқӯъ пайваста буд.

Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ин ниҳод барои бастани торнамоҳо ба ягон ширкати дастраскунандаи интернет паёмак ё смс нафиристодааст: «Аз хадамот дар ин маврид ҳеҷ кас смс ё дастур дар ин бора надодааст. Инро ҳар як ширкат худаш мутобиқи он, ки сайтҳояш кор мекунад ё не ва ё ҷиҳати техникӣ шояд мушкил пеш омадааст ва ин кор ба амал омадааст. Хадамоти алоқа мутобиқи қонуни Тоҷикистон амал мекунад.»

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Дар ҳоле, ки муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, хадамот ҳеҷ феҳристи сиёҳи сомонаҳоро тартиб ва барои баста шудани онҳо ба провайдерон дастур надодааст, масъулони Анҷумани дастраскунадагони интернет вуҷуди чунин паёмакҳоро таъйид мекунанд. Гузашта аз ин, матни ин «смс»-ҳо ва дастуру феҳрастҳои Хадамоти алоқа дар расонаҳо нашр шудааст.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик.
Ҳуқуқшиносон бо такя ба қонунгузории Тоҷикистон бастани сомонаҳоро аз сӯи Хадамоти алоқа, хилофи Сарқонуни кишвар медонанд. Онҳо мегӯянд, бино бар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ҳар шахс ҳаққи озодона баён кардани андешаро дорад ва инро ҳеҷ як қонуни дигар маҳдуд карда наметавонад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик дар ин замина мегӯяд, «чунин амали Хадамоти алоқа, ки ба кодекси шаҳрвандӣ ишора мекунанд, заминаи ҳуқуқӣ надорад. Ва моҳияти ин гуна амалҳо бархилофи асосҳои сохти конистутсионии Тоҷикистон мебошад. Зиёда аз ин, чунин иқдом натиҷаи қаблан мувофиқашудаи амали раҳбарияти сохтори марбута бо мақомоти сисёсии кишвар аст.»

Дар ҳамин ҳол Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлилгари тоҷик иддаои Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро, ки гуё аз ҷониби онҳо ҳеҷ дастуре ҷиҳати масдуди сомонаҳо нашудааст, ғайримантиқӣ медонад ва мегӯяд, «худ ба худ на шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва на дастрасӣ ба ягон аз сомонаи интернетӣ масдуд нашуда ва худ ба худ боз намегардад. Провайдерони интернетӣ дар Тоҷикистон, ки имрӯз ҳадди ақал 11 то мебошанд, ҳарчанд сароҳатан таъйид намекунанд, аммо аз сӯи танзимгари интернет дар Тоҷикистон паёмак мегиранд ва сомонаҳо маҳдуд мешаванд. Ин ҳарфҳои ҷаноби Шокиров, низ аз ҳақиқат дур аст. »

Вале Саймиддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлили “Индем”, бар ин бовар аст, ки воқен ҳам Хадамоти алоқа дар тартиб додани феҳрасти сиёҳи сомонаҳо саҳм надоранд. Зеро ба гуфта ҷаноби Дӯстов, фарҳанги мудирият ва коргузорӣ дар ин ниҳод ба шеваест, ки нафаре аз ин ниҳод ҳавсалаи таҳияи чунин руйхатро надорад.

Саймиддин Дӯстов, коршиноси тоҷик
Саймиддин Дӯстов, коршиноси тоҷик
Ҷаноби Дӯстов афзуд, «ман мӯътақидам, ки ҳамаи сомонаҳои Тоҷикистон тавассути ширкатҳои провайдерӣ ва алоқаи мобилии кишвар баста мешавад ва масъулияти ин кор танҳо бар дӯши раҳбарияти ин ширкатҳост. Дар Тоҷикистон танҳо додгоҳ метавонад, ба сонсури матлабҳо машғул бошад ва масдуд кардани сомонаҳо ин як шеваи сонсур аст, ки онро Сарқонуни Тоҷикистон манъ кардааст. Ман фикр мекунам мушкили ҷомеаи Тоҷикистон ин рӯйхати сиёҳ нест, балки мушкили аслӣ дар ин бахш риоя нашудани авлавияти қонун аст, ки пеш аз ҳама ба он худи иштирокчиёни ин бозор ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва интернет- провайдерҳо гунаҳгоранд ва онҳо дер ё зуд дар назди қонунгузории Тоҷикистон ҷавоб хоҳанд гуфт.»

Бо ин ҳама, барои бори аввал аст, ки масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз қонунӣ будани мавридҳо қатъи дастрасӣ ба торнамоҳо тавассути ин ниҳод изҳори назар карданд. Ҳол он, ки Бег Зуҳуров, раҳбари ин хадамот ба ҳангоми баста шудани бархе ба сомонаҳо аз шикояти «доброволтс» -ҳо ишора кардааст. Масъулони хадамоти алоқа аз «доброволтс»-ҳо ба унвони одамони оддӣ ном мебаранд. Аммо нозирони умур мӯътақиданд, ки ин «доброволтс» - ҳо кормандони ниҳодҳои махсуси кишваранд, ки ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастуру пешниҳод медиҳанд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди истифодабарандагони интернет дар кишвар соли гузашта то 2 миллион нафар афзуда, ба 3 миллиону 700 ҳазор расидааст. Масъулини ин ниҳод таъкид карданд, ки дар ин шумора нафароне, ки аз интернети мобилӣ истифода мебаранд, ба назар гирифта шудааст.

Хадамоти алоқа теъдоди истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистонро 8,3 миллион нафар гуфта, тавзеҳ дод, ки ин ҷо шумораи симкортҳои фурӯхташуда ба назар гирифта шудааст ва на ҳамаи онҳо фаъоланд. Ба гуфтаи Рафиқҷон Шокиров, шумораи муштариёни фаъол дар кишвар 4,7 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқа ширкатҳои ин бахш аз ҷумла операторони мобилӣ ва провайдерҳои интернет соли гузашта дар маҷмӯъ 2 миллиарду 282 миллион сомонӣ даромад гирифтаанд, ки нисбати соли 2011, 14.6 дарсад зиёд аст. Шокиров саҳми ширкатҳои бахши алоқаро ба будҷа 410 миллион сомонӣ арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG