Сохтмони нахустин бинои 16-ошёна дар маркази шаҳри Кӯлоб оғоз шудааст. Нуриддин Бозоров, сармеъмори ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ин бино бо маблағи шахсии Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд: «Ҳоло барои сохтани таҳкурсӣ корҳо сар шудааст. Пас аз ин, лоиҳакашон сарфу харҷи онро ҳисоб мекунанд ва баъдан маълум мекунем, ки ин бино дар чанд муддат сохта мешавад. Дар назар аст, ки бино замонавӣ ва бо назардошти ҳамаи ашроити зист сохта шавад.»
Баландтарин бино дар шаҳри Кӯлоб аз нӯҳ ошёна иборат буд ва дар сурати сохта шудан ин аввалин бинои 16 ошёна хоҳад буд. Сохтмони ин бино дар ҳолест, ки сокинони Кӯлоб аз надоштани манзили зист шиква мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло беш аз се ҳазор сокини Кӯлоб барои гирифтани қитъаи замин барои бунёди манзили зист ба ҳукумати шаҳр ариза пешниҳод кардаанд.