Ҳизби сотсиал-демократ бе толор монд

Акс аз бойгон.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯянд, ки иҷозати баргузории анҷумани қабл аз интихоботӣ дар толори Иттифоҳои касаба, ба онҳо дода нашудааст.

Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 15 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки масъулони Хонаи Иттифоқҳои касаба дар Душанбе, аз баргузории анҷумани ин ҳизб дар толори худ даст кашиданд.

Оқои Зоиров афзуд, ки чанд лаҳза қабл масълуони Иттифоқҳои касаба бо онҳо дар тамос шуда ва иттилоъ додаанд, ки дархости онҳо барои баргузории Анҷуман қабл аз интихоботӣ, ки қарор буд рӯзи 20 декабр баргузор шавад, радд шудааст. Раҳматуллоҳ Зоиров гуфт, ки онҳо қаблан бо масъулони Иттифоқҳои касаба барои баргузории анҷуман қарордод ба имзо расонида ва барои толор 1300 сомонӣ пардохт карда буданд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи раиси ҲСДТ, онҳо намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва меҳмонони дигарро барои ширкат дар анҷуман ба ин толор даъват карда буданд. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯянд, ки то рӯзи баргузории анҷуман 5 рӯзи дигар мондааст ва онҳо талош доранд, ки ҷои дигаре пайдо кунанд.

Иттифоқҳои касаба дар ҳоле дархости Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои додани толор ҷиҳати баргузории анҷумани ин ҳизбро радд кард, ки тайи ду рӯзи гузашта Ҳизбҳои сотсиалистӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дар ҳамин макон ва бидуни ҳеҷ монеа анҷуманҳои худро доир карданд. Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон бошад анҷумани худро дар толори бошукӯҳи "Кохи Ваҳдат" баргузор кард.

Мақомот аз ин қабл дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои дар ихтиёри онҳо гузоштани толори бузург барои баргузории анҷумани қабл аз интихоботии ин ҳизбро рад карда буданд.