Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони омодагии ҲСДТ барои ширкат дар интихоботи миёндаврӣ


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз омодагии худ барои ширкат дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Исмоили Сомонӣ хабар дод.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа Шӯрои сиёсии худро баргузор кард ва ва яке аз масъалаҳое, ки дар он баррасӣ шудааст, ширкати номзади ҳизб дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Исмоили Сомонӣ будааст. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба "Озодӣ" гуфт, ки мехоҳанд, бо номзади шоиста вориди корзори интихоботӣ дар ин ҳавза шаванд.

Вай афзуд, ки номзади худро дар ин нишаст мушаххас кардаанд ва ба вай се рӯз муҳлат додаанд, ки ҳаматарафа ба интихобот омодагӣ бинад ва барномаи худро таҳия созад. ҲСДТ феълан аз эълони ному насаби номзади хеш худдорӣ мекунад ва азбаски дар ҳавзаи интихоботӣ намояндаи худро надорад, роҳҳои муносиби муборизаро меҷӯяд, ки соҳиби курсии Маҷлиси Намояндагон шавад.

ҲСДТ дар ҳоле барои ширкат дар интихоботи миёндаврии Исмоили Сомонӣ омодагӣ мегирад, ки Комсисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ то кунун рӯзи баргузории интихоботи миёндавриро эълон надоштааст. Абдуманнон Додоев, раиси Дастгоҳи КМИР ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ҳанӯз рӯзи баргузории интихобот дар ду ҳавзаи холишудаи Маҷлиси Намояндагон эълон нашудааст, аммо ҳар ҳизб ҳаққ дорад, ки бо огоҳӣ аз ҳавзаҳои холишуда, сарфи назар аз таъин шудани рӯзи баргузории интихобот, номзади худро омода ва пешбарӣ кунад.

Ахиран бо фармони президенти Тоҷикистон ду вакили Маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷабборова ба симати муовини сарвазир ва Махфират Хидирова, раиси Кумитаи зан ва оила таъин шуданд ва курсиҳои онҳо дар палатаи поёнӣ холӣ монд. КМИР дар назар дорад дар ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонии пойтахт ва ҳавзаи Бохтари вилояти Хатлон интихоботи миёндаврӣ баргузор кунад.

То кунун ба ҷуз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ягон ҳизби дигари сиёсии кишвар ширкати худро дар интихоботи миёндаврӣ барои ин ду курсии холишудаи парлумон, эълон накардааст.
XS
SM
MD
LG