Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматуллоҳ Зоировро 8750 сомонӣ ҷарима бастанд


Раҳматуллоҳ Зоиров
Раҳматуллоҳ Зоиров

Додгоҳи ноҳияи Cинои шаҳри Душанбе раҳбари ҳизби сотсиал-демократ Раҳматуллоҳ Зоировро бо ҷурми паҳн кардани хабари бардурӯғ дар бораи марги як маҳбус 8 750 сомонӣ ҷарима аст.

Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 14 май раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматуллоҳ Зоировро ба пардохти 8750 сомонӣ, муодили ҳудуди 1800 доллар, ҷуброни зарари маънавӣ ба наздикони маҳбус Маҳмадраҳим Саидов ва маъмурони зиндони рақами як муваззаф кард. Аз ин маблағ 4 750 сомониаш ба наздикони маҳбус ва 4 000 сомонии боқимондааш бояд ба маҳбаси рақами як пардохт шавад.

Мавлудхон Салиҳов, вакили мудофеъи наздикони маҳбус Маҳмадраҳим Саидов ба радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳи Сино бо ҳалномааш даъвои наздикони маҳбус Маҳмадраҳим Саидов қонеъ гардонда, Раҳматулло Зоировро ба далели паҳн кардани хабари марги бардурӯғи марги ин маҳбус ба пардохти 4 750 сомонӣ ҷуброн ба ин хонавода муваззаф кард.
Мавлудхон Салиҳов
Мавлудхон Салиҳов
Ҳамин тавр, бар асоси даъвои зиндони рақами яки шаҳри Душанбе, ки раҳбари ҳизби сотсиал-демократро аб резондани обрӯи ин муассиса айбдор мекард, оқои Зоиров мукаллаф шудааст, то ба ин идора низ 4000 сомонӣ пардохт кунад. Мурофиаи ниҳоии додгоҳӣ таҳти раёсати додрас Мафтуна Музаффарова сурат гирифтааст.

Наздикони маҳбус Маҳмадраҳим Саидов аз Раҳматулло Зоиров 11 500 сомонӣ товон талаб карда буданд ва маҳбаси рақами як аз ин сиёсатмадори мухолиф ба ҳайси ҷуброни зарари маънавиаш 200 ҳазор сомонӣ тақозо карда буд.
Аммо Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ рӯзи 14 май дар нахустин вокуниш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки комилан зидди ин ҳкми додгоҳ аст, зеро додгоҳ, ба гуфтаи ӯ, назари онҳоро ба инобат нагирифт. Ӯ афзуд, аз ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят хоҳад бурд.

Моҳи феврал Раҳматулло Зоиров дар сафҳааш дар Фейсбук аз марги Маҳмадраҳим Саидов, як маҳбуси маҳбасхонаи рақами 1 хабар нашр карда буд, вале баъдан наздикони ин маҳбус даъво карданд, ки фарзанди онҳо зинда аст ва раҳбари ҳизб бо нашри ин хабар онҳоро ба таҳлука андохтааст. Зоиров он замон мегуфт, ки ин хабарро аз як манбаъи боэътимод дастрас кардааст.
Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе
Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе
Баъди ба додгоҳ кашидани қазия аз тарафи масъулони зиндони рақами як ва наздикони Саидов Раҳматуллоҳ Зоиров ба навбаи худ дар як даъвои ҷавобӣ аз додгоҳ хост, то ду муасиссаи ислоҳӣ – боздоштгоҳи рақами 9/1 ва колонияи рақами 3/ 1-ро ҳамчун сарчашмаи аслии хабари марги ин маҳбус ба ҳайси ҳамҷавобгар низ ба масъулият бикашонанд. Аммо раҳбарони ин ду муассиса даъвои севумро дар миён андохта, ба сурати инфиродӣ аз Зоиров талаби 200 000 сомонӣ товони дигар кардаанд.

Раҳматуллоҳ Зоиров мӯътақид аст, ки ин қазияро ба хотири бадном кардани ӯ махсус дуруст кардаанд ва ҳамаи ин моҷаро ангезаҳои ошкори сиёсӣ дорад.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон яке аз ташаккулҳои умдаи мухолифони дунявии ҳукумати кунунӣ ба шумор меравад ва асосан ҳуқуқдонҳои маъруфро муттаҳид кардааст. Ин ҳизб соли 1999 ибтидо бо номи ҳизби адолат ва тараққиёт сабт шуда, соли 2002 ба ҳизби сотсиал-демократ табдили ном кард. Шумори аъзои ҳизб дақиқ нест, вале дар солҳои гузашта теъдоди онҳо то 7000 нафар гуфта мешуд.
Ҳамлаи занон ба дафтари ҲСДТ
Ҳамлаи занон ба дафтари ҲСДТ
Аммо дар 15 соли фаъолият ягон намояндаи ҳизби сотсиал-демократ ба курсии вакилии порлумон даст наёфта, талошҳояш барои пешбарии номзад дар интихоботҳои раёсатҷумҳурии Тоҷикистон низ то кунун натиҷа надодаанд. Раҳбарони ҳизби сотсиал-демократ инро ба камбуди демократия дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла дар интихоботҳояш рабт медиҳанд.

Даъвоҳои додгоҳӣ алайҳи раиси ҳизб Раҳматуллоҳ Зоиров дар ҳолест, ки масъулони ин созмони сиёсӣ аз афзоиши таъқибу фишору аъзо ва ҳаводоронаш дар солҳои охир шикоят мекунанд.

Дар моҳҳои декабр ва феврал ду дафъа гурӯҳи афрод - як бор гурӯҳи занҳо ва бори дувуми чанд марде ки худро тоҷирони бозори «Султони Кабир» номиданд, бо нидоҳои «Шумо тинҷиро намехоҳед, мо тинҷиро мехоҳем!» ва «Монед, ки президент Эмомалӣ Раҳмон оромона кор кунад!» ба қароргоҳи марказии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе ҳамла карданд. Сотсиал-демократҳо ҳарду ҳамларо махсус ташкилшуда меноманд ва мегӯянд, вагарна ошкор кардану ҷазо додани ин афрод барои мақомот "ду карат ду" буд.
XS
SM
MD
LG