Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи Шӯҳрат Қудратов дар феҳристи ҲСДТ барои курсии парлумон


Шӯҳрат Қудратов.
Шӯҳрат Қудратов.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, яке аз номзадҳои ин ҳизб дар интихоботи парлумонии соли оянда, вакили дифои боздоштшуда Шӯҳрат Қудратов мебошад.

Раёсати Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони соли 2015 бо 50 дарсади руйхати ҳизбӣ ва 50 дарсад бо номзадҳои ғайриҳизбӣ вориди корзор мешавад, ки яке аз номзадҳои он Шӯҳрат Қудратов хоҳад буд, ки ҳамакнун дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон рӯзи 27 октябр дар сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфт, ки дар феҳристи номзадҳои ҳизб ба интихоботи парлумонӣ 50 дарсадро номзадҳои ғайриҳизбӣ ташкил хоҳанд дод ва 50 фоизи дигар аъзои ҲСДТ интихоб шудаанд.

Вай афзуд, ки то 10 декабр, яъне то анҷумани ҳизб ному насаби номзадҳоро ифшо нахоҳанд кард ва танҳо метавонад номи яке аз номзадҳои ҳизбро ошкор кунад, ки он Шӯҳрат Қудратов мебошад, ки ҳамакнун бо айбномаи Оҷонсии мубориза бо фасод, дар СИЗО нигаҳдорӣ мешавад.

Раҳматулло Зоиров бо итминони хотир афзуд, ки Шӯҳрат Қудратов то фарорасии соли нави 2015 озод хоҳад шуд ва аз тариқи якмандатӣ ё руйхати ҳизбӣ номзад барои соҳиб шудан ба курсии Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад ва қонунгузорӣ низ ба номзадии ӯ ҳеҷ мамониат надорад. Ба гуфтаи Раҳматуллоҳ Зоиров, ҳадафи аслии сотсиал-демократҳо дар интихоботи Маҷлиси намояндагон, ҳизби парлумонӣ шудан аст. Вай гуфт, ки агар интихобот шаффофу демократӣ ва мунсифона сурат бигирад, ҳади ақал ду курсии парлумонро соҳиб хоҳанд шуд.

ҲСДТ феълан барои баргузории анҷумани ҳизбии пешазинтихоботии худ дар рӯзи 10 декабри соли равон омодагӣ дида ва дар назар дорад барномаи ширкат дар интихботи порулмониро дар ҳамин рӯз муаррафӣ намояд.

Шӯҳрат Қудратов 21 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қасди додани пора ба як додрас боздошт шуд. Ӯву тарафдоронаш ин боздошро сиёсӣ ва интиқоми мақомот барои мавқеи фаъолаш дар амри ҳимоят аз соҳибкори маъруф ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов мешуморанд. Зайд Саидов соли гузашта баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсие бо номи Тоҷикистони нав боздошт ва бо ҷароиме, чун порагирӣ, суистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Тарафдорони Саидов низ мегӯянд, боздошт ва таъқиби вай ангезаҳои сирф сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG