Писари президент вакили порлумон шуд

Сардор Бердимуҳаммадов (аз тарафи чап) аз ҳавзаи Ахали Туркманистон вакили порлумон интихоб шудааст

Сардор Қурбонгулиевич Бердимуҳаммадов, ягона писари президенти Туркманистон, 20 ноябр вакили порлумон интихоб шудааст. Телевизиони давлатии Туркманистон рӯзи сешанбе дар гузорише аз пирӯзии Сардор дар интихоботи миёндавраӣ аз ҳавзаи рақами 24 "Душак"-и вилояти Ахал хабар дод. Бино ба ин гузориш, дар интихоботи рӯзи якшанбе Гавҳар Байрамова ва Юсуфгулӣ Ишаев низ вакил интихоб шуда, ба онҳо санади узвияти маҷлис супурда шудааст.

Туркманистон ба интихоботи президентӣ омодагӣ мегирад, ки рӯзи 12 феврали соли оянда баргузор хоҳад шуд.

Писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов риштаи равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм карда, корманди Вазорати корҳои хориҷӣ ва Оҷонсии давлатии идора ва истифода аз захираҳои оби ин кишвар буд. Ӯ моҳи августи соли 2014 рисолаи номзадӣ ва як сол баъдаш дар бахши илмҳои техникӣ рисолаи докториро низ ҳимоя кардааст.

Ҳамсоя аз ҳамсоя гирад панд?

Озода Раҳмон

Бори аввал нест, ки фарзанди раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди ниҳодҳои қонунгузор мешаванд. Тобистони имсол Озода Раҳмон – духтари президенти Тоҷикистон – узви Маҷлиси Миллӣ шуда, ҳоло раёсати Кумитаи таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти палатаи болоии порлумонро бар ӯҳда дорад. Вай ҳамзамон раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст.

Дариға Назарбоева, духтари раиси ҷумҳури Қазоқистон, низ дар моҳи сентябри соли равон вориди Сенат шуд ва феълан раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ, дифоъ ва амният аст.

Гулҷаҳон, Каримгулӣ...

Дариға Назарбоева

Раиси ҷумҳури Туркманистон ду духтар низ дорад, ки калониаш Гулҷаҳон бо Ихлосгелдӣ Амонов издивоҷ карда ва намояндаи Оҷонсии фурӯши нафту гази Туркманистон ба Аврупо дар Лондон буд. Духтари дигари президент ҳамроҳи шавҳараш, ки корманди сафорати Туркманистон аст, аз соли 2009 ба ин тараф дар Порис ба сар мебарад.

Дар бораи хонаводаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ҷузъиёти аз ин бештар вуҷуд надорад. Танҳо набераи ӯ Каримгулӣ тайи тақрибан се-чор сол боз дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳост. Вай соли 2013 дар вақти намоиши ҳунарии ситораи шоу-бизнеси ҷаҳонӣ Ҷеннифер Лопес дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифта буд. Ӯ дар як навор, дар ҷараёни ҳунарнамоии кӯдакон савори асп ва дар навори дигар ҳангоми саломуалейки падарбузургаш бо як марди солманд зоҳир шуд.

Вориси Туркманбошӣ

Шояд ин таваҷҷӯҳ аз ин хотир бошад, ки Каримгулӣ бештар аз дигарон дар маъракаҳо паҳлӯи бобояш дида мешавад. Ӯ бори аввал моҳи феврали соли 2012, дар ҳоле дар дурбинҳои аккосӣ афтод, ки ҳамроҳи Бердимуҳаммадов ба қитъаи овоздиҳӣ ҳозир шуд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов соли 2007, баъди марги раҳбари пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов (Туркманбошӣ), дар садри ин кишвар нишаст ва дар интихоботи президентии соли 2012 бо дарёфти тақрибан 97 дар сади овозҳо пирӯз шуд. Бердимуҳаммадов дар рӯзҳои аввали ба қудрат расидан бархе аз осори шахспарастии Туркманбоширо тағйир дод ва аз ҷумла номҳои қаблии рӯзҳои ҳафтаву моҳҳоро баргардонд ва номи Сафармурод Ниёзовро аз бисёре аз маконҳои ҷуғрофӣ бардошт. Ҳамин тавр, ҳайкали тиллоии Туркманбоширо ҳам аз маркази Ишқобод барчиданд.

Интихобот баъди ислоҳи Қонуни асосӣ

Каримгулӣ, набераи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Ҳоло Туркманистон ба интихоботи президентӣ омодагӣ мегирад, ки рӯзи 12 феврали соли оянда баргузор хоҳад шуд. Порлумони Туркманистон моҳи сентябр Конститутсияи нави ин кишварро қабул кард, ки бар асоси он мӯҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол тамдид шуд.

Инчунин, дар Конститутсия синни президентӣ то 70 таъин гардид. Тибқи Конститутсияи кӯҳна, мӯҳлати президентии Бердимуҳаммадов моҳи феврали соли 2017 ба охир мерасид.