Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов: Дар куҷои дунё газ, барқ ва об барои сокинон бепул аст?


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, дастрасии сокинони ин кишварро, ба гуфтаи ӯ, ба обу барқ, газ ва хадамоти коммуналии бепул ҷузъе аз риояи ҳуқуқи инсон дар ин кишвари "пӯшидаи" Осиёи Марказӣ донист.

Вай рӯзи 29-уми август дар нишасти хабарии муштарак бо садри аъзами Олмон дар Берлин гуфт, бо вуҷуди ин, Ишқобод бо ислоҳи Қонуни асосӣ мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсменро дар Туркманистон ташкил хоҳад кард. Дар ҳоле ки Бердимуҳаммадов дар ин бора суҳбат мекард, ин суолро ҳам дар миён гузошт, ки "бигӯед, дар куҷои дунё, дар кадом кишвар дар ҳамин шабу рӯз барои сокинон газ, нирӯи барқу об ва хадамоти коммуналӣ бепул аст?"

Раиси ҷумҳури Туркманистон ваъда дод, ки вазирони корҳои хориҷӣ дар ин масъала суҳбат мекунанд ва баъдан дипломатҳои хориҷӣ метавонанд аз зиндонҳо боздид намуда, ба вазъ баҳо диҳанд.
Ангела Меркел

Ишқобод, инчунин, розӣ шудааст, ки масъалаи боздиди дипломатҳои хориҷиро аз зиндонҳои ин кишвар баррасӣ кунад. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, гуфт, "мо дар бораи майли дипломатҳо ба дарёфти иҷозаи боздид аз маҳбасҳои Туркманистон суҳбат кардем. Раиси ҷумҳури Туркманистон ваъда дод, ки вазирони корҳои хориҷӣ дар ин масъала суҳбат мекунанд ва баъдан дипломатҳои хориҷӣ метавонанд аз зиндонҳо боздид намуда, ба вазъ баҳо диҳанд."

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз Берлин даъват карда буд, ки масъалаи ба таври махфӣ зиндонӣ кардани мухолифони сиёсӣ, раҳоии рӯзноманигори маъруф ва даст кашидан аз таҷрибаи манъи худсаронаи сафари шаҳрвандон ба хориҷ дар Туркманистонро бо Бердимуҳаммадов ошкоро баррасӣ кунад.

Дар нишасти хабарии муштараки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Ангела Меркел аз аввалӣ пурсида шуд, ки оё Туркманистон метавонад, ба Иттиҳодияи Аврупо газ бидиҳад? Раҳбари Туркманистон гуфт, кишвараш дорои захираи бузурги газ буда, ҳоло имкониятҳои афзоиши содироти онро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, Ишқобод кайҳо пешниҳоди худро дар ин бора ба Комиссияи Аврупо ироа кардааст.

Бердимуҳаммадов гуфт, "мехоҳам таъкид кунам, ки муносибати байни Туркманистону Олмон дар ҳоли рушд аст. Ҳардуи кишварҳо тарафдори ҳифзи субот ҳастанд ва ин мавзӯъ дар пасманзари ҳаводисе, ки дар баъзе аз нуқоти ҷаҳон мегузарад, хеле муҳим аст. Фикр мекунам, Шумо медонед, ки Туркманистон яке аз кишварҳои дорои кони бузурги гази табиӣ аст ва мо мехоҳем як бори дигар гӯшзад кунем, ки Иттиҳоди Аврупо дар барномаи кори Туркманистон буду ҳаст."

Олмон аз шарикони иқтисодии Туркманистон дар Иттиҳоди Аврупо буда, тиҷорати ду кишвар дар соли 2014 ба 466 миллион доллар баробар будааст. Аммо фаъолиятҳои иқтисодии Олмон дар Туркманистон бинобар ношаффоф будани равишҳои маъмурӣ ва мушкили дарёфти муҷаввизи фаъолият барои ширкатҳои олмонӣ печида боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG