Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири амнияти Туркманистон бори дувум танбеҳ гирифт


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар якуним моҳи охир бори дувум ба вазири амнияташ Доврангелдӣ Байрамов танбеҳ эълон кард. Танбеҳи дувум ахиран зимни ҷаласаи Шӯрои амният эълон шудааст. Вазири амният ба хотири иҷро накардани масъулиятҳояш, барқарор накардани интизом миёни кормандон танбеҳ шунидааст. Дар ҳамин ҳол, Бердимуҳаммадов гуфтааст, вазорати амният "бояд кафили қонун ва амнияти кишвар бошад".

Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Туркманистон вазири амният аз вазъи кишвар гузориш дода, гуфтааст, ниҳоди зери роҳбарии вай чанд аспи ахалтека парвариш мекунад, ки дар мусобиқаҳо ширкат карда, соҳиб ҷоиза мешаванд. Бо ин вуҷуд, Бердимуҳаммадов аз кори вазорати амният қонеъ нашуда, ба вазир танбеҳ эълон кардааст. Бори аввал Байрамов дар ибтидои моҳи октябр танбеҳ гирифта буд.

XS
SM
MD
LG