Порлумони Туркманистон санаи интихоботи навбатии президентии он кишварро 12 феврал таъйин кард. Дар он се ҳизб: Ҳизби демократии Туркманистон, Ҳизби истеҳсолгарон ва соҳибкорон ва Ҳизби аграрӣ ширкат хоҳанд кард.
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мақомоти кишварашро дастур дод, ки ба интихоботи навбатӣ омода шаванд. Ба гуфтаи вай, "ин интихобот бояд ба таври демократӣ ва бо ширкати чанд номзад баргузор шавад".
Бори охир дар Туркманистон 12 феврали соли 2012 интихобот баргузор шуда, дар он Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 97,14% раъй ба даст оварда буд.
Порлумони Туркманистон моҳи сентябри соли ҷорӣ Конститутсияи нави ин кишварро қабул кард, ки бар асоси он муҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол тамдид шуд. Ҳамчунин дар Конститутсия синни президентӣ то 70-солагӣ таъйин гардид. Тибқи Конститутсияи куҳна, муҳлати президентии Бердимуҳаммадов моҳи феврали соли 2017 ба охир мерасид.