Аз замони баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар Хуҷанд 25 сол гузашт. Ҳоло ин шабу рӯз дар Тоҷикистон тавсифи ин иҷлосия, ки ҳукумат онро "таърихӣ" меномад, ҷараён дорад ва радиову телевизион барои ёдоварӣ аз он сана намоишҳо пахш мекунанд. Гузашта аз ин, ҳайати порлумон ба шакли комил ба Хуҷанд меравад, то макони ҷаласаи 25 соли пешро зиёрат кунад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҷаласаи муштараки Раёсати Шӯрои олӣ ва кабинаи вазирон маслиҳат ин шуд, ки тамоми мақомот бояд ба истеъфо раванд. Аксари нафароне, ки дар мақомҳои баланд буданд, ариза навишта, истеъфо доданд.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон 16 рӯз (аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992) дар Қасри Арбоби вилояти Суғд баргузор шуд шуд. Ҷаласа дуруст замоне баргузор шуд, ки кишвар башиддат ба самти ба гирдоби хунрезиву бенизомӣ ва дуҳокимиятӣ ҳаракат мекард. Дар ин иҷлосия ҳукумати муросои миллӣ, ки барои ҷилавгирӣ аз хунрезиҳо ташкил шуда буд, мунҳал ва истеъфои раиси ҷумҳур Раҳмон Набиев ниҳоӣ гардид. Мақоми раёсати ҷумҳурӣ барои муддате муаллақ монд ва ба ҷойи он Эмомалӣ Раҳмонов (Эмомалӣ Раҳмон) раиси Шӯрои оли Тоҷикистон интихоб шуд.
“Дирежёрҳо дигар буданд”
То замони баргузории иҷлосияи Хуҷанд Акбаршоҳ Искандаров раиси Шӯрои олӣ ва кафили раёсати ҷумҳури Тоҷикистон буд. Иҷлосияи 16-ум ҷойгоҳи ӯ ва даҳҳо нафари дигар аз мақомотро барои ҳамеша тағйир дод. Пас аз иҷлосияи Хуҷанд Искандаров дигар ба сиёсати калон барнагашт ва танҳо муддате дар мақомҳои дипломатӣ кор кард.
Акбаршоҳ Искандаров бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо мегӯяд, ин иҷлосия дар шароите баргузор шуд, ки Тоҷикистон раиси ҷумҳур ва нахуствазир надошт. Набуди ҳокимияти иҷроия дар кишвар, ба таъкиди Акбаршоҳ Искандаров, масъалаҳои тақдирсоз барои давлату миллатро ба миён гузошта буд. Пеш аз баргузории иҷлосия истеъфои ҳукумат ва аъзои раёсати Шӯрои олӣ маълум буд.
“Дар ҷаласаи муштараки Раёсати Шӯрои олӣ ва кабинаи вазирон маслиҳат ин шуд, ки тамоми мақомот бояд ба истеъфо раванд. Аксари нафароне, ки дар мақомҳои баланд буданд, ариза навишта, истеъфо доданд. Дар ҳамон ҷаласаи муштарак ҳар кас омада имзо мекард, ки “ман ба истеъфо рафтам”, - нақл кард Искандаров.
Бо истеъфои кабина ва раёсати Шӯрои олӣ бояд раҳбарии нави кишвар таъйин мешуд. Раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон мегӯяд, дархостҳо барои баргузории Иҷлосияи 16-ум дар Тошканду Бишкекро рад карданд ва қарор шуд, ҷаласа дар Хуҷанд гузарад. Ҳайате ҳам як ҳафта қабл аз шурӯи ҷаласа ба вилояти Ленинобод сафар кард.
Искандаров мегӯяд, “вақте ҷаласа баргузор шуд, дар ҳамон рӯзи аввал маълум шуд, ки масъалаҳо дигар ҳастанд. Дирежёр тамоман каси дигар буд.”
“Нирӯҳои Узбакистон амнияти вакилонро таъмин мекарданд”
Аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ то кунун гӯшаҳои торике боқӣ мондааст. Аз ҷумла, инки чаро нирӯҳои низомии Узбакистон амнияти вакилонро таъмин мекарданд ва онҳо то куҷо дар тасмимгириҳои намояндагони мардуми Тоҷикистон саҳим буданд?
Ба бовари Давлат Усмон, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар Ҳукумати муросои миллӣ (аз май то ноябри соли 1992), далели ин кор набуди эътимод миёни гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҳатто намояндагони минтақаҳои кишвар буд. Аммо Давлат Усмон ҳар навъ дахолати нирӯҳои Узбакистон дар кори иҷлосияро рад мекунад. Ӯ гуфт, ин нирӯҳо танҳо дар берун аз Қасри Арбоб қарор доштанд ва бар нишасти маҷлис нуфузе надоштанд.
Давлат Усмон поён додан ба дуҳокимиятиро аз дастовардҳои аслии иҷлосияи 16-ум медонад, ҳарчанд мутаассиф аст, ки иҷлосия натавонист ба ҷанги дохилӣ дар кишвар поён диҳад.
“Русия ва Узбакистон мехостанд, ҷанги Тоҷикистон поён ёбад”
Таҳлилгарон ва онҳое, ки бар ҷараёни кори иҷлосияи Хуҷанд нозир буданд, мегӯянд, ҳузури дастҳои бегона дар кори ин иҷлос то ҷое эҳсос мешуд. Мардони Муҳаммад, ки он замон ба унвони хабарнигори нашрияи порлумонии “Садои мардум” дар иҷлосия ҳузур дошт, мегӯяд, кишварҳои ҳамсоя, бахусус Узбакистон ва Русия талош мекарданд ба ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон поён диҳанд.
Ин рӯзноманигори тоҷик гуфт, “маълум буд, пушти пардаи ин иҷлосия Узбакистон ва Русия меистоданд, ки ба ҳар васила мехостанд ба ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон нуқта гузоранд. Чун ҷанге, ки дар Тоҷикистон шуълавар шуд, имкон дошт, ба кишварҳои ҳамсоя кашида шавад.”
Барои Мардони Муҳаммад ҳам ҳанӯз мавридҳое аз иҷлосияи Хуҷанд норавшан мондааст: “Аввалан, чун ҳамеша даъвои “Фронти халқӣ” барқарор кардани ҳукумати конситутсионӣ буд. Вале замоне ки интихоби раиси порлумони Тоҷикистон ба миён омад, Сафаралӣ Кенҷаев, раиси пешини Шӯрои Олӣ, ки бо тақозои эътирозгарон ба истеъфо рафта буд, ба таври номаълум барои муддате нопадид шуд”. То кунун ҷузъиёти ин иттифоқ ошкор нашудааст.
Таърихчаи иҷлосияи 16-ум
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд дар шароите оғоз шуд, ки Душанбе - пойтахт дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт. Вазъият дар сангарҳои ҷанг, бахусус дар водии Вахш, басуръат ба суди Фронти Халқӣ тағйир меёфт. Бо вуҷуди нокомии ҳамлаи рӯзи 24-уми октябри Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе, нирӯҳои вафодор ба Ҳукумати муросои миллӣ натавонистанд комгории низомии худро фаротар аз Душанбе тавсеа диҳанд.
Нирӯҳои гурезони Фронти Халқӣ дар даҳкилометрии шоҳроҳи Душанбе – Регар дар ҳаволии тарабхонаи “Шоҳамбарӣ” сангар гирифтанд. Рӯзи 1-уми ноябр ин нирӯҳо танҳо хатти роҳи оҳан то Душанберо аз чанд ҷо вайрон карда, пойтахтро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доданд. Баста шудани роҳҳо бозорро ошуфта кард. Дар канори боло рафтани қимати маҳсулот ҳузури дастикам 120 000 овораи вахшию ҳисорӣ дар Душанбе авзоъро ба ҳам рехта буд. Мардум Ҳукумати муросои миллиро гунаҳкор медонистанд. Ҳамон замон буд, ки Ҳукумати муросои миллӣ тақрибан дар ҳамаи манотиқи Вахш ба дасти Фронти Халқӣ мағлуб шуд.
Ҳукумати муросои миллӣ ба раҳбарии Акбаршоҳ Искандаров дар тангно қарор гирифта буд ва ба баргузории иҷлосияи 16-ум тан дод. Дар ин иҷлосия умри кӯтоҳи Ҳукумати муросои миллӣ ба сар расид. Эмомалӣ Раҳмонов, ки муддате пеш аз иҷлосияи Хуҷанд ба раёсати вилояти Кӯлоб расида буд, бо аксарияти оро ба мақоми раёсати маҷлис интихоб шуд ва амалан раҳбарии кишварро ба даст гирифт.
Дар рӯзҳои поёнии иҷлосияи 16-ум намояндагони мардум ҳайати нави ҳукуматро низ таъйин карданд. Нахуствазир Абдумалик Абдуллоҷонов ҳамчун намояндаи шимоли кишвар барҷой монд. Ӯ тавонист, блоки иқтисодии давлаташро ташкил диҳад, ки умдатан иборат аз тарафдорони худаш буданд. Вале бештари курсиҳои калидии ҳукумат, аз ҷумла сарпарастии бештари ниҳодҳои қудратӣ насиби намояндагони вилояти Кӯлоб шуд. Аз ҷумла, Ёқуб Салимов вазири умури дохилӣ, Саидамир Зуҳуров вазири амният, Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва Абдураҳмон Азимов муовинони нахуствазир ва Муҳаммадназар Солеҳов додситони кулл таъйин шуданд. Александр Шишлянников, намояндаи Русия ва генерали артиши Узбакистон вазири дифои Тоҷикистон мансуб шуд.