Сафири Тоҷикистон дар Русия замони сарвазирии Абдулмалик Абдуллоҷонов дар солҳои 1992-1993 муовини аввали раиси Шӯрои олӣ будааст. Дар як тамоси телефонӣ бо Маскав аз ҷаноби Достиев хостем, назари худро ба боздошти Абдуллоҷонов дар Киев бигӯяд. Вай гуфт, “дар ин бора бояд додситон, мақомоти ҳифзи қонун ва онҳое гап зананд, ки боздошти ӯро дархост мекарданд”. Дипломати баландпояи тоҷик гуфт, ки Абдуллоҷоновро бо кӯмаки Интерпол дастгир кардаанд ва агар “далелҳои боэътимоду мутақоидкунанда набошад, вай ташкилот ҳеҷ касро боздошт намекунад”.
Аз ҳар ҷиҳат додани тобиши сиёсӣ ба ин қазия дуруст нест, зеро ки вай дар интихоботи президентии имсола ширкат ҳам карда наметавонад, барои он ки даҳ соли охир дар Тоҷикистон набуд. Тибқи конститутсияи мо, ҳар касе метавонад номзадиашро пешбарӣ кунад, ки даҳ соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ кардааст", - гуфт ӯ.
Нахуствазири пешини Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов рӯзи сешанбе, 5 феврал дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев боздошт шуд. Қарор аст мурофиаи ӯ фардо, 7 феврал дар яке аз додгоҳҳои вилояти Киев баргузор шавад. Ӯ имшабро дар боздоштгоҳи муваққати вазорати умури дохилии Украина сипарӣ хоҳад кард. Як масъули дафтари матбуоти ВУД Украина Ирина Лемешева дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз шаҳри Киев гуфт, ки "додгоҳ масъалаи ҳабси истирдодии Абдуллоҷоновро баррасӣ мекунад. Ин ба он маъност, ки дар сурати мувофиқати додгоҳ бо ҳабси ин шахс, то замони истирдод шуданаш, ӯ дар боздошт қарор хоҳад дошт". Лемешева гуфт, ки феълан соати баргузории мурофиаи додгоҳӣ маълум нест. Ба саволи Озодӣ оид ба дастрасии боздоштшуда ба вакили дифоъ, ӯ гуфт, "Тибқи муқаррарот, вай ҳатман ба адвокат дастрасӣ хоҳад дошт, вале барои мо маълум нест, ки ин вакил давлатӣ аст ё бо роҳҳои хусусӣ истихдом шудааст". Лемешева гуфт, ки Абдуллоҷонов бо иттиҳоми "даст доштан дар ҷиноятҳои сангин боздошт шудааст" ва аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кард.
Тибқи қонунҳои Украина, ҳабси истирдодии шахси гумонбар то замони таслим шудани ӯ ба кишвари талабгони муттаҳам 18 моҳ давом меёбад.
Боздошти Абдуллоҷонов аз тарафи ходимони Сарраёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати умури дохилаи Украина ва бо тақозои полиси байналмилалии Интерпол анҷом шудааст. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар сӯҳбат бо Итар - Тасс таъид кард, ки боздошти Абдуллоҷонов бо дархости Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Бино бар хабарҳо, Абдуллоҷонов бо ҳавопаймои Лос-Анҷелес-Амстердам-Киев ба пойтахти Украина расида, дар ҳоле боздошт шудааст, ки исмаш дар рӯйхати "Интерпол" ҳамчун фарди муттаҳам бо ҷиноятҳои созмонёфта, байналмилалӣ ва терроризм мавриди пайгарди қонунӣ қарор доштааст.
Масъулони сафорати ИМА дар шаҳри Киев мегӯянд, ки машғули таҳқиқи мақоми ҳуқуқии Абдумалик Абдуллоҷонов мебошанд, ки тибқи баъзе хабарҳо, дорандаи Корти Сабз ё ҳақи иқомати Амрико мебошад. Маълум нест, ки оё Абдуллоҷонов, ки тӯли солҳои охир дар Амрико зиндагӣ кардааст, дар ин кишвар мақоми паноҳандаи сиёсӣ дорад, ё на.
Абдуллоҷонов аз чеҳраҳои шинохтаи даҳаи аввали соли 1990 аст. Ӯ 21-уми сентябри соли 1992 бо қарори Шӯрои олии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир ва сипас 20-уми ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоб, нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, то 18-уми декабри соли 1993 дар ин вазифа кор кард. Сипас муддате сафири Тоҷикистон дар Русия буд.
Пас аз бохти сабқати президентии моҳи ноябри соли 1994 ба рақибаш Эмомалӣ Раҳмон (он замон Раҳмонов) ӯ аз кишвар хориҷ шуд. Абдуллоҷонов дар ғиёб бо даст доштан дар сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳур, ҳамкорӣ бо полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев, ки дар соли 1998 аз қаламрави Узбакистон ба шимоли Тоҷикистон ҳуҷум кард ва як идда ҷиноятҳои иқтисодӣ гунаҳкор дониста шудааст.
- Вай одам раиси шӯрои вазирон буд, ки дар сессияи 16-ум (шаҳри Хуҷанд , соли 1992) интихоб шуд. Сафири Тоҷикистон дар Маскав буд. Номзад ба интихоботи президентӣ буд. Баъди ин Тоҷикистонро тарк кард. Дигар мо дар борааш чизе нашунидем. Ёдам ҳаст, солҳои 2005 дар Вашингтон, дар як нишасти САҲА будем, шунидем, ки дар Амрико, дар Калифорния зиндагӣ мекунад, - гуфт Достиев.