Маводи фаҳшомез, асардуздӣ… Шӯрои ВАО чанд камбуди расонаҳоро гуфт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Шӯрои васоити ахбори омма, як созмони рӯзноманигорӣ, давоми панҷ моҳи охир кори 13 расонаро дар Тоҷикистон арзёбӣ ва дақиқ кардааст, ки онҳо то куҷо меъёрҳои ахлоқиро риоя мекунанд.

Намояндагони созмон рӯзи 13-уми декабр зимни нишасте дар шаҳри Душанбе гуфтанд, баъзе аз нашрияҳо ба камбудҳои ҷиддӣ, аз ҷумла, асардуздӣ, истифодаи суханони нафратангез ва паҳни маълумоти фаҳшомез роҳ додаанд. Дар ин ҳамоиш, ки бо ҳузури намояндагони сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ баргузор шуд, мушкилоҳои дигари вобаста ба кори хабарнигорони тоҷик низ баҳс шуд.

"Мехоҳем кори расонаҳо ба додгоҳ наравад"

Арзёбӣ ё мониторинги Шӯрои ВАО матолиби 4 нашрияи давлатӣ ва 9 расонаи ғайридавлатиро дар моҳҳои июл-ноябри имсол фаро мегирад. Инҳо “Азия-Плюс”, “Тоҷикистон”, “СССР”, “Фараж”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Омӯзгор”, “Самак”, “Истиқлол”, Муҳаббат ва оила”, “Минбари халқ”, “Оила” ва оҷонсиҳои хабарии “Ховар”-у “Авесто” мебошанд.

Дар ҳамоиши Шӯрои ВАО ном ба ном гуфта нашуд, ки кадом нашрия чӣ меъёри журналистиро нақз кардааст. Вале намояндагони созмон ба сурати умум гуфтанд, як камбуди асосии расонаҳо ин аст, ки маводи таблиғотиро бе ишораи махсус ҳамчун матлаби рӯзноманигорӣ пешниҳод мекунанд. Асардуздӣ, истифода аз забони хушунат ва калимаҳои омиёна, нашри маълумоте, ки бадахлоқиро таблиғ мекунад ва тафриқаандозӣ дар байни хабарнигорон аз меъёрҳои дигаре будаанд, ки аз сӯи расонаҳои маҳаллӣ нақз шудаанд.

Шамсиддин Насриддинов, котиби Шӯрои ВАО аз чанд намунаи баде ном бурд, ки дар яке аз нашрияҳои санҷидашуда нашр шудаанд.

"Эй ҷавони тоҷик оё баробари чойникат ақл дорӣ?" "Лекин бад мебинам гӯсолаҳоеро (муллоҳо дар назар аст), ки баробари гӯсолаашон дониш надоранду роҳнамоии мардум мекунанд". "Дадаҷон росташро гӯям ман духтари бокира нестам. Як рӯз дар набудани шумо ду марди роҳгузар зуран ба номусам дастдарозӣ карданд”. Ягон духтари тоҷик ба падараш ҳамин хел гап мезанад? Мо ин ҷумлаҳоро дар газета чоп мекунем," – афзуд Шамсиддинов.

Намояндагони баъзе аз расонаҳое, ки корашон санҷида шуд, дар ин ҳамоиш ҳузур доштанд, аммо вокунише накарданд. Дар гузашта баъзе расонаҳо аз тарзи баргузории мониторинги Шӯрои ВАО ва баҳогузории он норозигӣ карда буданд. Намояндагони ин созмони журналистӣ гуфтанд, ҳадафашон ин аст, ки расонаҳои Тоҷикистон камбудҳои худро ислоҳ кунанд, то корашон ба додгоҳ наравад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сафири Амрико: Аз ҳукумат даъват кардем, хабарнигоронро раҳо кунад

Сафир: Хабарнигорон бидуни ҳарос бояд кор кунанд

Дар ҳамоише, ки аз сӯи Шӯрои ВАО ва Дафтари САҲА ташкил шуд, намояндагони бархе сафоратхонаҳои ғарбӣ ҳам ҳузур доштанд. Йорк Шуграф, сафири Олмон бидуни ишора ба вазъи феълии расонаҳо дар Тоҷикистон гуфт, хабарнигорон набояд тарсу ҳарос дошта бошад. Намояндаи Иттиҳоди Аврупо ҳам ба ин нукта таъкид кард.

Ясна Ламберт, корманди сиёсии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, ки дар гузашта хабарнигорӣ кардааст, гуфт, “рӯзноманигории ахлоқӣ наметавонад дар фазои тарс рушд кунад. Ин таҷрибаи ман аст. Барои таъмини меъёрҳои ахлоқӣ, ҳар як кишвар бояд муҳите фароҳам оварад, ки дар он рӯзноманигорон бе тарси таъқиб ва оқибатҳои номатлуб, дар бораи ҳақиқат гузориш диҳанд.”

Вале нақзи меъёрҳои рӯзноманигорӣ ягона мушкили хабарнигорони тоҷик нест. Дар ҳамин нишаст бар сари обунаи маҷбурии нашрияҳои давлатӣ ва фаъол набудани расонаҳои маҳаллӣ ҳам баҳс шуд. Вале ширкатдорони ҳамоиши Шӯрои ВАО дар бораи бад шудани фазои кори хабарнигорӣ дар Тоҷикистон давоми ду соли ахир чизе нагуфтанд.

Хабарнигорони Тоҷикистон давоми ду соли ахир давраи мушкилеро паси сар мекунанд. Даҳ хабарнигору блогер баъди соли 2022 зиндонӣ шуданд ва ба гуфтаи рӯзноманигорон гирифтани иттилоъ аз идораҳои давлатӣ мушкил шудааст. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва чанд созмони дигари ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумат талаб карданд, хабарнигоронро озод кунад. Мақомотро ин даъватҳоро то ин дам нодида гирифтанд.

Шӯрои ВАО як созмони мустақили журналистист, ки соли 2009 ташкил шуда, дар баробари ҳимоят аз ҳаққи хабарнигорон муҳтавои матолиби нашрияҳоро аз нигоҳи мутобиқаташон ба Кодекси ахлоқи журналистӣ низ пайгирӣ мекунад.