Дар як маҳфиле бо ҳузури намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ аз кишварҳои гуногун ҳозирон гуфтанд, ки дар Тоҷикистон зиндонӣ кардани хабарнигорон кори маъмулӣ шудааст ва ҳукумат онҳоеро, ки ҳам дар хориҷ ҳастанд, ором намегузорад ва аз ҳар роҳе озору азият мекунад.
"Ҳоло 8 хабарнигор дар зиндон ҳастанд"
Гулноза Саид, намояндаи Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (СPJ) ва ҳамоҳансози барномаҳои он дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дар нишасти мазкур гуфт, вазъи ҳуқуқи инсон ва озодии баён дар Тоҷикистон дар чанд соли гузашта бисёр бад шудааст ва ба қавли ӯ “аз ин бадтар шуда ҳам наметавонад.”
Ӯ ҳангоми суханронӣ дар ин маҳфил гуфт: “Дар замони истиқлоли Тоҷикистон шояд бадтарин вазъ бошад. Ба ҳисоби Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон, ҳоло 8 хабарнигор дар зиндон ҳастанд. Ҳукмҳои бисёр дароз доранд ва аз 7 то ба 20 сол.”
Гулноза Саид аз рӯзноманигорон Улфатхоним Мамадшоева, Далери Эмомалӣ ва хабарнигорону блогерони дигари зиндонӣ ном бурд. Вай афзуд, намояндагони созмони онҳо ҳангоми мулоқот бо мақомоти кишварҳои гуногун масъалаи озодии баён дар Тоҷикистонро матраҳ мекунанд, то ҳукумат хабарнигорони зиндониро раҳо кунад ва иҷоза бидиҳад, ки аҳли қалами тоҷик озодона ва бе эҳсоси фишор кор кунанду бинависанд.
Муҳаммадҷон Кабиров, сардабири телевизиони “Аздо”, ки дар Лаҳистон қароргоҳ дорад, аз сухангӯёни дигари маҳфил буд. Ӯ гуфт, Тоҷикистон, ки дар Шохиси Ҷаҳонии Озодии Баён дар мақоми 155-ум аст, “фазои хасмонаеро барои озодии баён ва матбуот дуруст кардааст.”
Ба қавли ӯ: “Хабарнигорон ва кормандони матбуот, ки гуфтаҳои ҳукуматро ба чолиш мекашанд, ба озору азият, зиндон ё ҳатто саркӯби фаромиллӣ рӯ ба рӯ мешаванд.”
Муҳаммадҷон Кабиров хабарнигорони зиндонӣ Ҳикматулло Сайфуллозода ва Абдуқаҳҳори Давлатро мисол овард, ки соли 2015 бо иттиҳомҳои гуногун аз 16 то ба 28 сол зиндон маҳкум шуданд. Айни замон ба зиндонӣ кардани Улфатхоним Мамадшоева, Далери Имомалӣ ва чаҳор хабарнигори дигар ишора кард, ки ду сол боз дар маҳбас ҳастанд. Агарчӣ мақомот мегӯянд, онҳо ба ҷиноятҳои сахте, аз ҷумла ифротгароӣ гунаҳкор дониста шудаанд, худашон ва ҳомиёни ҳуқуқ ин иттиҳомотро сохтаву бофта номидаанд.
"Мӯҳр задан ба даҳони дигарандешон"
Ба қавли Муҳаммадҷон Кабиров, як намунаи тоза ва дигари саркӯби хабарнигорони тоҷик дар Тоҷикистон боздошти Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар Кӯлоб аст, ки имсол дастгир шуд ва айни замон дар боздошт ва мунтазири муҳокима аст. Ӯро ба пешниҳоди ришва муттаҳам мекунанд.
“Ин боздоштҳо ҳодисаҳои алоҳида нестанд, балки як стратегияи фаротарест, ки ҳадафи он сокит кардани садои матбуоти мустақил дар кишвар аст,” – гуфт Муҳаммадҷон Кабиров.
Дар нишасти солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава имсол касе аз намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ҳузур надорад, агарчӣ солҳои гузашта ҳайати бузурге аз кишвар дар он ширкат мекард. Сабаби ҳузурро ҳам ҳукумат шарҳ надодааст.
Дар идомаи суҳбатҳо дар маҳфил аз аҳволи хабарнигороне гуфтанд, ки аз Тоҷикистон фирор кардаанд ва умед доштанд, оромона ва озодона ба фаъолияти худ идома медиҳанд. Аммо ба гуфтаи ҳозирон, ҳукумати Тоҷикистон бо иттиҳомоти бофта ба зидди ин хабарнигорон парвандаи ҷиноӣ боз карда, хешу наздикони онҳоро дар дохил озору азият медиҳанд, то аз ин роҳ онҳоро маҷбур кунанд, ки ба кори худ ва интиқод аз камбудҳои ҳукумат хотима диҳанд.
Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Кабиров, ҳукумати Тоҷикистон дастури боздошти баъзе аз блогеронеро, ки бо “Азда ТВ”, “Паём ТВ” ва “Ислоҳ ТВ” иртибот доранд, содир кардааст ва онҳо мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарор доранд. Ба қавли ӯ, то кунун мақомоти интизомии Тоҷикистон ба зидди на камтар аз 17 хабарнигоре, ки дар Аврупо кор мекунанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд, ки “баёнгари то чӣ ҳад фаротар рафтани дасти ҳукумат барои мӯҳр задан ба даҳони дигарандешон аст.”
Дар поёни ин маҳфил, ҳозирони он аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хостанд, барои ҳимоят аз хабарнигорони тоҷик садояшро баландтар кунад ва як гурӯҳи ҳақиқатёбе барои таҳқиқи саркӯбу таъқиби хабарнигорон таъсис диҳад, то вазъи воқеии ҳуқуқи инсон ва аҳволи хабарнигорон маълум намояд.
Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир барои саркӯби хабарнигорон ва зери по кардани ҳаққи мардум ба озодии баён пайваста танқид мешавад. Танҳо дар солҳои 2022 ва 2023 ҳафт хабарнигор бо иттиҳомҳои шубҳабарангез ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Чаҳор хабарнигор, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, аз 7 то ба 7.5 сол зиндон маҳкум шуданд. Хушом Ғулом барои 8 сол, Далери Эмомалӣ барои 10 сол ва Улфатхоним Мамадшоеваро барои 20 сол равонаи зиндон карданд. Мақомот аксари онҳоро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор карданд, ҳарчанд худашон иттиҳомотро беасос номидаанд.