Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ аз ҳукумати Тоҷикистон хост, аз таъқиби хабарнигорони паноҳҷӯ даст бардорад


Гулноза Саид, намояндаи Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон
Гулноза Саид, намояндаи Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон

Committee to Protect Journalists (Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, рӯзи 24-уми май аз ҳукумати Тоҷикистон хост, аз таъқиби хабарнигорони "Аздо ТВ" дар Аврупо ва наздиконашон дар дохили ҷумҳурӣ даст бардорад.

Вокуниши ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест, вале мақомот дар гузашта ҳар гуна фишорро ба хонаводаи паноҳандагони тоҷик рад кардаанд.

Шабакаи "Аздо ТВ" панҷ сол боз дар Лаҳистон (Полша) фаъол аст. Масъулонаш худро мустақил ва ҳадафро "ҳақиқатнигорӣ, гуногунандешӣ, адолатмеҳварӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодии инсон" номидаанд. Бархе онро ба як гурӯҳ аз мухолифони тоҷик дар Аврупо пайванд медиҳанд.

Муҳаммадҷон Кабиров, мудири "Аздо ТВ", ба CPJ гуфтааст, мақомоти интизомии Тоҷикистон наздикони панҷ корманди ин шабакаро "даъват, бозпурсӣ ва таҳдид карданд". "Таъқиби аъзои оилаи хабарнигорон чанд сол боз идома дорад, аммо дар моҳҳои охир сахттар шуд," – афзудааст ӯ.

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ пайваста Тоҷикистонро барои таъқибу саркӯби мухолифон дар хориҷа ва аъзои оилаи онҳо танқид мекунанд. Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои CPJ дар мавриди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, рӯзи 24-уми май аз мақомоти Тоҷикистон хост, аз “таҷрибаи бад”-и ҷазоҳои фаромиллӣ даст кашанд.

Ӯ гуфт: "Хабарнигорони паноҳҷӯ дар пахши ахбори мустақил ва муқобила бо таблиғоти Русия дар Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Ҳукуматҳо ва созмонҳои рӯзноманигории ғарбӣ бояд аз онҳо пуштибонӣ кунанд."

Ин намояндаи CPJ мақомоти Тоҷикистонро барои он танқид кардааст, ки "даҳҳо рӯзноманигорро ба тарки кишвар маҷбур намуда, ҳамзамон бо таъқиби хешовандон ба азияти онҳо идома медиҳанд."

Пойгоҳи "Аздо ТВ" дар соли 2019 таъсис ёфта, барномаҳояш асосан дар шабакаи Ютюб пахш мешаванд. Торнамояш дар Тоҷикистон дастрас нест.

Номи чаҳор рӯзноманигори ин пойгоҳ дар рӯйхати шахсони таҳти ҷустуҷӯйи Вазорати корҳои дохилии Русия низ ҳаст. Рӯйхат дар аввали соли 2024 расонаӣ шуд. Муҳаммадҷон Кабиров бовар дорад, ки мақомоти Русия ин номҳоро бо дархости ҷониби Тоҷикистон ба феҳрист даровардаанд.

Кабиров дар суҳбат бо Committee to Protect Journalists (Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон) афзудааст, маъмурони пулис ва додситонҳои Тоҷикистон дар моҳҳои гузашта падар ва хусуру хушдомани ӯро борҳо ба "суҳбат" хонда, фишор овардаанд, то корашро бас кунаду ба кишвар баргардад. Ба иттилои ӯ, падарарӯси 72-солааш пас аз як рӯзи бозпурсии такрорӣ дар тирамоҳи соли 2023 аз сактаи дил даргузашт.

Муҳаммадҷон Кабиров
Муҳаммадҷон Кабиров

"Ба назари ман, ду чиз ҳукумати Тоҷикистонро ҷасур кардааст. Аввал ин ки дар натиҷаи фишорҳо баъзе аз намояндагони мухолифон, воқеан, аз фаъолият даст кашиданд. Дувум ин ки ҳукумати Тоҷикистон бар хилофи Белорусу Эрон зери таҳрими кишварҳои ғарбӣ қарор нагирифт," – гуфт ӯ рӯзи 26-уми май ба Радиои Озодӣ.

Committee to Protect Journalists (Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон) мегӯяд, мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳамчунин хешовандони Фирӯзи Ҳайит, Шӯҳрати Раҳматулло, Амрулло Низомов ва Маҳмадшариф Мағзумзодаро таъқиб ва ба "суҳбат" даъват кардаанд.

Амрулло Низомов ба CPJ гуфтааст, пулис дар моҳи сентябри соли гузашта ду бародари ӯро барои як ҳафта боздошт ва латукӯб карда, сипас ба даъвату бозпурсии онҳо идома дод. Ба бовари ӯ, ин рафтори мақомот ба кораш дар "Аздо" ва навиштаҳои танқидияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайванд дорад.

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон мегӯяд, барои гирифтани шарҳ ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон нома фиристод, аммо посух нагирифт.

Тоҷикистон дар шохис ё индекси имсолаи озодии баён, ки онро Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) рӯзи севуми май нашр кард, ду зина поин рафт ва дар мақоми 155-ум ҷой гирифт. Додгоҳҳои Тоҷикистон дар солҳои 2022 ва 2023, пас аз ҳодисаи хунин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, камаш ҳашт журналист ва блогерро аз 7 то 21 сол зиндон маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG