Буридани ангушти 11 мӯсафед дар Ҳирот барои ... ширкат дар интихобот

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки афроди ношиноси мусаллаҳ ангушти дасти 11 раъдиҳандаро дар вилояти Ҳирот барои ширкаташон дар интихобот буридаанд.
Ба гуфтаи масъулон дар вилояти Ҳирот, афроди мусаллаҳи ношинос ангуштони дасти 11 мӯйсафед, бо шумули 3 рӯҳонии маҳаллиро дар вулусволии Кӯшки кӯҳнаи ин вилоят ҳамчун муҷозоти иштирокашон дар интихобот буридаанд.

Самеъуллоҳи Қатра, фармондеҳи амнияти Ҳирот ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳамлаи мудҳиш шоми рӯзи шанбе ҳангоме ки ин афрод савори як мошин аз маркази раъйдиҳӣ ба хонаҳояшон мерафтанд, рух додааст. Дар ин миёни афроде, ки ангушташон қатъ шудааст, се мулло имоми масоҷиди ин минтақа будаанд. Ин афрод гуфтаанд, ки мухолифони мусаллаҳ чашмони онҳоро баста ва бо корд ин амалро анҷом додаанд.

Султон Аҳмад, муллои масҷиди Кӯши куҳна ба Озодӣ гуфт: "Мо рафтему раъй додем. Вақте ба хона бармегаштем, моро толибҳо гирифтанд ва ангуштонамонро қатъ карданд."

То ҳоло масъулияти ин ҳодисаро касе ва ё гурӯҳе ба ӯҳда нагирифтааст, аммо мақомоти Ҳирот мухолифони мусаллаҳро дар ин кор гунаҳкор медонанд. Ниҳодҳои ҳуқуқи башар дар Афғонистон ин амалро нақзи ҳуқуқи инсон хонда ва маҳкум кардаанд.

Иштироки беш аз 7 млн раъйдиҳанда дар интихоботи Афғонистон

Мизони мушорикати раъйдиҳандагон дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон беш аз ҳафт миллион нафар будааст. Аҳмад Юсуф Нуристонӣ, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мизони мушорикати мардум дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури он кишварро, ки рӯзи шанбе баргузор шуд, беш аз ҳафт миллион нафар эълом кард.

Ҷаноби Нуристонӣ рӯзи шанбе пас аз анҷоми расмии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, омори тахминии иштироккунандагони имрӯз бештар аз ҳафт миллион тахмин шуда ва 38 дарсади онҳо занон ва 62 дарсад мардон будаанд. Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон пештар эълом карда буд, ки барои интихоботи рӯзи шанбе 15 миллион баргаи раъйдиҳӣ чоп кардааст.

Интихоботи рӯзи шанбе, ки нахустин интиқоли демократии қудрат дар Афғонистон ба шумор меравад, барои интихоби раиси ҷумҳури ояндаи ин кишвар аз байни ду рақиби интихоботӣ -- Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай, баргузор шуд. Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз ширкати мардум дар райдиҳӣ ситоиш кард. Вай гуфт: “Мо худамонро чун як миллати қаввӣ нишон додем ва натиҷаҳои ин интихобот ба Афғонистон беҳбудӣ меорад”.

Дар ҳамин ҳол вазири умури дохилии Афғонистон шоми рӯзи якшанбе дар мавриди талафот дар рӯзи интихобот гуфт, ки дар ин рӯзи 11 пулис ва 15 сарбози артиши миллии он кишвар ҷон бохтаанд ва талафоти ғайринизомиён тақрибан ба бист нафар мерасад. Талафоти мухолифон дар ҳудуди шаст тан аст, ки шояд афзоиш ёбад.

Забеҳулло Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон муаррифӣ мекунад, дар иттилоияе ки ба расонаҳо фиристодааст, гуфта ки дар маҷмӯъ 868 ҳамларо дар нуқоти мухталифи Афғонистон анҷом додаанд. Аммо мақомоти амниятии афғон ҳудуди 150 ҳамлаи мухолифонро таъйид кардаанд.


Интихоботи президентии Афғонистон расман поён ёфт

Даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, ки соати 7:00 субҳ ба вақти маҳаллии он кишвар оғоз шуда буд, соати 4:00 баъд аз зуҳри рӯзи шанбе ба таври расмӣ поён ёфт. Бар асоси барномаи қаблӣ соати чаҳор баъд аз зуҳр ҳама марказҳои раъйдиҳӣ масдуд шуданд.

Дар ҳамин ҳол масъулони Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон гуфтанд, ки дар ин давр тақаллуб нисбат ба даври гузашта камтар будааст. Юсуф Нуристонӣ, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон баъд аз зуҳри рӯзи шанбе дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки ҷараёни интихобот ба хубӣ пеш рафтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Абдуллоҳ Абдуллоҳ раъйи худро ба сандуқ андохт


Аз сӯи дигар, нерӯҳои амниятии Афғонистон низ бори дувум тавонистаанд, ки бо таъмини амният заминаи мушорикати фаъоли мардумро фароҳам созанд. Дар ҳоли ҳозир шумориши оро дар марказҳои раъйдиҳӣ аз сӯи кормандони маҳаллӣ ҷараён дорад.

Мардуми Афғонистон рӯзи шанбе барои бори дувум дар тӯли 10 ҳафтаи гузашта ба пойи сандуқҳои раъйдиҳӣ рафтанд, то раиси ҷумҳури ояндаи худро интихоб намоянд. Дар ин давр ду номзади пештоз Абдуллоҳ Абдуллоҳ, вазири пешини корҳои хориҷа ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай, вазири пешини молияи Афғонистон барои ба даст овардани курсии Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури кунунӣ бо ҳам ба мубориза пардохтанд.

Ин нахустин интихоботи демократии гузори зимоми қудрат ба каси дигар дар ин кишвар арзёбӣ мешавад. Абдулҳомид Муҳманд-хабарнигори радиои Афғонистони Озод дар Кобул гуфт, ҷараёни райдиҳӣ дар Афғонистон ва ҳатто дар манотиқи хатарнок мисли Лугар низ хуб будааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ баъд аз раъйдиҳӣ дар Кобул ба мардуми Афғонистон чунин паём фиристод: “Паёмаи ман ба мардуми Афғонистон ин аст, ки имрӯз рӯзи шумост, имрӯз рӯзи мост ва имрӯз рӯзи Афғонистон аст. Ҳамаро ояндаи хубе дар пеш аст, зиндагии беҳтар ва сулҳомез. Бо раъйи худ ба ҷонибдории мо, иншооолоҳ ояндаи хуби худро замонат медиҳед”.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури кунунӣ низ баъд аз андохтани баргаи раъй ба сандуқ изҳор дошт, ки навбатҳои тӯлонӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ гувоҳӣ медиҳад, ки кишвар ба сӯи оромӣ ва мудирияти беҳтар пеш меравад: “Рӯйдоди имрӯза Афғонистонро аз марҳилаи гузор ба сӯи оромӣ, рушд ва таҳкими сулҳ мебарад. Имрӯз мардум бояд хеле хушҳол бошанд. Ҳамаи шумо бояд ба пои сандуқҳои рай оед ва сарнавишти худро муайян кунед, то ин кишвар аз пойбандии хориҷиён раҳо шавад”.

Ҳамзамон Аҳмад Юсуф Нуристонӣ-раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон гуфт, нозирон ва созмондиҳандагони интихоботӣ итминон медиҳанд, ки раванди интихобот барандаи қонуниро нишон хоҳад дод.

Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, дар саросари Афғонистон ва дар Кобул тақрибан 400 ҳазор нафар амниятро таъмин мекарданд. Толибон дар остонаи интихобот ҳамлаҳои худро афзоиш доданд ва ба мардум таҳдид карда буданд, ки дар рӯзи интихобот аз хонаҳои худ берун наоянд ва аз ҳавзаҳои интихоботӣ худро дур бигиранд.

Хабаргузориҳо фақат дар бораи 3 таркиш дар шимоли Кобул ва якеи дигар дар ғарби Кобул гузориш доданд. Тиҷс Берман-раҳбари нозирони интихоботии Иттиҳодияи Аврупо зимни боздид аз як ҳавзаи интихобоӣ дар Кобул гуфт, “Он чӣ ман мушоҳида кардам, собит месозад, ки имрӯз рӯзи ороми интихоботӣ ва рӯзи ҳушёрии амниятӣ буд”. Берман афзуд, мисли даври аввал райдиҳандагон иродаи хуб нишон доданд.

Дар даври аввали интихобот Абдуллоҳ Абдуллоҳ 45 дарсад ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай камтар аз 32 дарсад рай гирифта буданд. Барои пирӯзӣ яке аз номзадҳо бояд бештар аз 50 дарсади ороро соҳиб шавад.

Раванди раъйдиҳӣ дар яке аз марокизи шаҳри Ҳирот