Дар бораи ин амалиёт мақомоти Русия рӯзи 13-уми феврал ҳамчун пешгирӣ аз эҳтимоли ҳамлаи террористӣ хабар доданд. Онҳо гуфтанд, ду зодаи Осиёи Марказӣ ҳадаф доштанд, истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Псковро мунфаҷир кунанд.
Бо вуҷуди он ки Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) кушташудагонро ба як созмони “байналмилалии террористӣ” пайванд додааст, номи ин созмонро эълон накардааст. Аммо муҳоҷирони тоҷик дар Псков ва наздикони кушташудагон дар суҳбат бо хабарнигорони Мигрант Медиа ва Радиои Озодӣ хабари мақомоти Русияро зери шубҳа бурданд.
Чанде аз муҳоҷирони тоҷики муқими Пскови Русия гуфтанд, ҳамдиёрони онҳо Парвиз Рустамов, Ҷовид Ҷумъаев ва Азизҷон Аъзамқулзода дар амалиёти нерӯҳои амниятии Русия дар як бӯстонсаро дар канораи шаҳри Псков кушта шудаанд. Расонаҳои Русия гуфтанд, онҳо дар ҳоли омода кардани бомбаи худсохт барои таркондани истгоҳи роҳи оҳан кушта шудаанд.
Беҳзод, муҳоҷири тоҷик дар Псков ба бахши «Мигрант-Медиа»-и Радиои Озодӣ гуфт, “ин бачаҳоро нағз медонам, онҳо хело дар дил орзуҳо доштанд, ҳама аз пайи кор буданд. Ҳеҷ кас бовараш намеояд, ки инҳо ба ҳамин кор даст заданд. Ин бачаҳо бачаҳое набуданд, ки барои пул шуда чунин кунанд. Онҳоро ба даом андохтанд.»
Навор дар Инстаграм:
Парвиз Рустамов аз шаҳри Турсунзода, Ҷовид Ҷумъаев ва Азизҷон Аъзамқулзода аз шаҳри Панҷакент буда, дар ресторани “Чайхона”-и шаҳри Псков кор мекарданд. Баъдан танҳо Ҷовид дар инҷо монда, Азизҷон дар маркази савдои “Акваполис” ба кор рафта, Парвиз таксирон шудааст. То ин дам пайкари онҳо ба наздиконашон дода нашудаст, вале дар зодгоҳашон аз воқеа хабар доранд.
Мурод Шукурзода, муовини раиси шаҳри Панҷакент 17-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дастур гирифтаанд, ки дар бораи ин ҷавонон маълумот ҷамъ кунанд. “Бояд омӯзем, ки онҳо кай ба муҳоҷират рафтанд, бо кӣ ҳамнишину ҳамхез буданд, шароити оилавиашон чӣ хел аст, таҳсилоти онҳо ва фикру ақидаронии онҳо чихел буд?”
Дар навори пахшкардаи мақомоти Русия дида мешавад, ки нерӯҳои амниятӣ бо сипарҳо ба бӯстонсарое дар ҷангал наздик мешаванд ва дар назди даромадгоҳи он овоз мебароранд, ки гумонбарон силоҳро партоянд, баъд аз ин тир мекушоянд. Сипас дар навори дигаре, ки ба навори аввал часпонда шудааст, ҷасади се нафар дида мешавад, ки яке аз онҳо гӯё силоҳ дар даст кушта шудааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоии Русия низ ин навор баҳсҳои зиёдро ба миён овардааст. Баъзе корбарон навиштаанд, ки ин “фейки қудратиён аст. Дар баданҳо захми тир дида мешавад, вале дар атрофи онҳо хун дида намешавад.” Корбари дигар маводи таркандаро зери шубҳа мегузорад, ки «дар асри дронҳо касе чунин бомбҳо омода намекунад.”
Ин ақидаро ду муҳоҷири дигари сокини Псков, ки Ҷовид ва Азизҷонро аз наздик мешинохтанд, низ баён карданд. Дар сафҳаи Ҷовид дар шабакаи “В Контакте” дида мешавад, Ҷовид, ки номашро дар Русия “Давид” кардааст, ҳунари ошпазияшро бо ширинкорӣ ба намоиш мегузорад.
Бозорбой Аъзамқулзода, падари Азизҷон 17-уми феврал дар суҳбат бо «Мигрант Медиа» гуфт, писараш ҳатто намоз намехонд. Падари ин муҳоҷири кушташуда, ки қаблан дар ҳукумати шаҳри Панҷакент кор мекард нахост дар ин бора зиёд суҳбат кунад.
Хабари ба ҳамлаи террористӣ омодагӣ дидани ҷавонони тоҷик ва кушта шудани онҳо боиси шубҳа ва нигаронии муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Псков шудааст.
Беҳзод, муҳоҷири тоҷик дар Псков мегӯяд, тоҷикон дар ин шаҳр дигар метарсанд, ки ба кор бароянд.
Губернатори вилояти Псков Михаил Ведерников аз нерӯҳои амниятии Русия сипосгузорӣ кард ва аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хост, танҳо ба маълумоти расмӣ бовар кунанд. «Акнун дар ин бора хабарҳои дурӯғи зиёд паҳн хоҳад шуд,» гуфтааст волии Псков.
Навор дар Фейсбук:
Дар гузашта низ Хадамоти амнияти Русия борҳо гуфтааст, ҳангоми пешгирӣ аз ҳамлаи террористӣ муҳоҷирон кушта шудаанд. Чанд сол пеш чунин ҳодиса дар вилояти Владимир рӯй дода, ду бародар дар хобгоҳашон кушта шуданд. Он вақт ҳам корбарон аз мақомоти Тоҷикистон дархост карда буданд, ҳақиқати ин воқеаро ошкор намояд.
Дар ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар моҳи марти соли 2024 низ шаҳрвандони Тоҷикистон айбдор карда шуданд, ҳарчанд шубҳаи ширкати онҳо дар ин ҳамла аз тарафи ҷомеаи Тоҷикистон ва расонаҳо борҳо садо додааст.