Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кори ДОИШ аст", фишор болои муҳоҷирон афзуд... Шарҳи матбуоти ғарбӣ


Ҳамла дар Маскав, нақши ДОИШ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, паёмадҳои он дар стратегияи ҳукумати Русия ва дар ҳаёти муҳоҷирони дигар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) аз мавзӯи марказии мавриди баррасии матбуоти хориҷӣ мебошад.

Ҳамлаи 22 март ба толори консертии “Крокус сити ҳол”, ки дар он 143 нафар куштаву даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд, ба бовари бисёр нашрияҳои ғарбӣ метавонад паёмадҳои ҷиддие дар пай дошта бошад.

Нашрияи фаронсаии “Ле монд” рӯзи 28 март матлаберо чоп кард, ки “Ҳамлаи Маскав: Шаҳрвандони Тоҷикистон, як кишваре аз Осиёи Марказӣ аз назари узвият дар ДОИШ заъфпазиртаранд” ном дорад.

Ин нашрия мегӯяд, Шохаи Хуросони ДОИШ “дар ОМ шабакаҳои худро аз нав фаъол мекунад”. Нашрия мегӯяд, ин гурӯҳ, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон террористӣ ва мамнӯъ эълон шудааст, масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт ва рӯзи 25 март ба нашри матолиби таблиғотии худ даст зад.

Нашрияи фаронсавӣ мегӯяд, “навиштаҳои таблиғотӣ ба чандин забон (пашту, форсӣ, узбекӣ, англисӣ ва русӣ) дар саҳифаҳои иҷтимоии марбут ба ин гурӯҳ нашр шуд”. Ин навиштаҷот таҳдид кардааст, ки “барои шиканҷаи чор ҳамлагари эҳтимолӣ, ки узви ин созмон мебошанд”, ба шакли ҳамлаҳои бештар дар Русия посух хоҳад дод.

Нашрия иддао кардааст, ки “тоҷику узбеку туркману қирғизҳо қисми калони аъзои ин созмонро ташкил медиҳад”. Санҷидани дурустии ин иддао имкон надорад, вале нашрияи фаронсавӣ гуфтааст, паёми таҳдидомези ин гурӯҳ ба забонҳои кишварҳои ОМ тавассути шабакаи Телеграми “Бунёди расонаии Ал-Азоим” паҳн шудааст.

Фишор болои муҳоҷирон бештар шуд

Чанд расонаи ғарбӣ ба афзоиши фишору табъйиз нисбати шаҳрвандони кишварҳои ОМ дар паи ҳамла таваҷҷӯҳ кардааст. Сомонаи СВС News дар матлабе бо номи “Муҳоҷирони ОМ дар Русия дар паи ҳамла ба толори консертӣ бо хатари таҳдиду боздошт рӯбарӯ ҳастанд”, мегӯяд, чунин хатаре вуҷуд дорад, ки акнун хашми ҷамъиятӣ метавонад зидди миллионҳо муҳоҷирони ОМ дар Русия равона шавад.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ба СВС News гуфтааст, “ҳазорҳо паёме аз муҳоҷирон дарёфт намуд, ки дар бораи афзоиши ҳолатҳои нажодпарастию азияти мақомот хабар медиҳанд”. Чупик гуфтааст, ба муроҷиаткунандаҳо машварат додааст, ки “ба масҷид, фурӯшгоҳҳо ваё муассисаҳои тафреҳӣ нараванд”.

Ин сомона мегӯяд, дар видеое рӯзи чоршанбе дида шуд, ки кормандони ширкати азими Wildberries-ро ходимони полис ва горди миллии Русия боздошт кардаанд. “Дар ҳоле, ки иқтисоди Русия ба кори муҳоҷирон дар бахшҳои сохтмону хадамот вобастагӣ дорад, ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аҳолӣ то ин ҳодиса ҳам эҳсоси баланди “муҳоҷирбанбинӣ дошт ва баъди ҳамла ин эҳсос боз ҳам бештар шудааст”.

Ин нашрия мегӯяд, дар саҳифаи “Тоҷикони Маскав”-и шабакаи иҷтимоии русии ВКонтакте, ки акси тақсими чои гармро ба зарардидагони ҳамла нашр намуд, “шарҳҳои бисёр нафратовари мисли “хона равед” ва “чоятон дастони хунолуди шуморо намешӯяд” дида мешавад.

Сомонаи Би-Би-Си, ки мавзӯи таъсири манфии ҳодисаҳои Маскав ба ҳаёти муҳоҷирони ОМ-ро таҳлил кардааст, мегӯяд, бархе сиёсатмадорони рус ба шадидтар кардани қонунҳои муҳоҷират ва ҳам ихроҷи онҳо даъват мекунанд. “Вале гумон аст, ки чунин шавад, чун Русия ҳам аз муҳоҷирони ОМ фоида мебинад. Ҷанг дар Украина Русияро бо камбуди нирӯи корӣ рӯбарӯ кард ва ҳукумат наметавонад миллионҳо ҷои корро баосонӣ пур кунад. Вале танишу бегонабадбинии тӯлонӣ маънои онро дорад, ки ҷомеаи муҳоҷирон дар Русия дар ҳолати асабоният ба сар хоҳанд бурд”.

Дар бораи афзоиши эҳсосоти муҳоҷирбадбинӣ дар Русия сомонаи “Садои Амрико” ҳам навиштааст. Ин сомона аз қавли Эдвард Лемон, таҳлилгари масоили ОМ дар Вашингтон гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ “давъатҳо ба ихроҷи тоҷикҳо бо иттиҳоми ин ки “террорист” ҳастанд ва барқарор шудани ҳукми қатл” зиёд садо медиҳад. Борис Долгин, муҳаққиқе аз донишгоҳи Тартуи Эстония ба ин нашрия гуфтааст, мақомот дар Русия “ба ҷои ин ки воқеан ҳам бо корҳои пешгирӣ аз терроризм ва кор бо ҷамъиятҳо ба хотири пешгирӣ аз ақидаҳои ифротӣ машғул шаванд, муҳоҷиронро барраи қурбонӣ интихоб кардаанд”. Фарҳод Абдувализода, хабарнигоре аз Тоҷикистон гуфтааст, “гуноҳи ҳеҷ як гумонбар собит нашуд” ва бисёр ҳамватанони ӯ шубҳа доранд, ки маҳз ҳамин нафарон танҳо иҷрокунандаи ҳамла будаанд, онгуна, ки таблиғоти Русия мегӯяд.

"Танҳо масъули ин ҳамла ДОИШ аст"

ABC News ба шиканҷаи сангини гумонбарони ҳамла таваҷҷӯҳ карда гуфтааст, иқрори чор шаҳрванди Тоҷикистон дар анҷоми ҳамлаи мудҳиш дар ҳоле гирифта шуд, ки ҳамаи онҳо бо осори бисёр ҷиддии латукӯбу шиканҷа дар додгоҳ ҳозир шуданд. Нашрия дар матлабаш навишт, мақомоти амниятии ИМА иддаои шохаи Хуросони ДОИШ-ро, ки масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтааст, тасдиқ карданд. Андрин Вотсон, сухангӯи Шӯрои амнияти ИМА рӯзи 24 март гуфтааст, “Танҳо масъули ин ҳамла ДОИШ аст. Украина дар он ҳеҷ дахле надорад”.

Ӯ гуфтааст, амрикоиҳо русҳоро ҳанӯз дар оғози моҳи март огоҳ карда буданд, ки чунин ҳамлае дар Маскав метавонад сурат гирад. Нашрия гуфтааст, ин ҳамла барои Путин мояи хиҷолати калон шуд, чун фақат чанд рӯз баъди тақвияти қудраташ барои шаш соли дигар рух дод ва дар остонаи ин интихобот сахттарин саркӯби дигарандешонро баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ барпо кард.

Ин нашрия мегӯяд, аз замони дахолати Русия ба ҷанги шаҳрвандии Сурия ДОИШ бо нирӯҳои русӣ бисёр ҷангидааст.

"Тоҷикон нухбагони фарҳангии Осиёи Марказӣ буданд"

Сомонаи abc.net андешаҳои эронишиноси маъруфи ғарбӣ Ричард Фолтсро нашр кардааст, ки дар матлабе бо номи “Чаро Русия аз зуҳури террористон дар миёни тоҷикон ҳарос дорад?” ба таърихчаи ин мардуми кӯҳан ва вазъи имрӯзааш муроҷиат кардааст. Ӯ менависад, тоҷикон то инқилоби болшевикӣ “нухбагони фарҳангии Осиёи Марказӣ” буданд ва мактаби исломи Бухоро бо Бағдод дар рақобат буд.

Иттиҳоди Шӯравӣ ва сиёсати табартақсим Бухорову қаламравҳои зиёди тоҷиконро дар ихтиёри Узбекистон вогузор карда тоҷиконро аз марказҳои фарҳангиаш маҳрум намуд. Ба гуфтаи донишманд, баъди пошхӯрии шӯравӣ Тоҷикистон ҷабри зиёд дид, ба сараш ҷанги шаҳрвандӣ омад ва раҳбари худкомааш Эмомалӣ Раҳмон кишварро ғарқи фасод ва саркӯбҳои сиёсӣ карда мардумро пайваста бо хатарҳо аз хоки Афғонистони ҳамсоя таҳдид мекунад.

“Имрӯз ҳатто омӯзгорони донишгоҳҳои Тоҷикистон наметавоннад маоше дарёфт кунанд, ки барои бунёди як оилаи дуруст кӯмакашон шавад”, мегӯяд Ричард Фолтс. “Мардуми аз дасти ин низом беқудрат ва таҳқиршуда осон ба ҳарфи муллоҳои тундрав дода мешавад, чун онҳо гӯё қадру манзалати онҳоро боло мебаранд”, мегӯяд ӯ. Мушкилоти молӣ ва ноумедиҳои иқтисодӣ мисли як маҳлули тарканда мешавад, ҳамонгуна, ки яке аз гумонбарон баъди боздошт гуфт, бо ваъдаи дарёфти 500 ҳазор рубл (муодили 5300 доллар) розӣ шуд дар ҳамлаи террористӣ иштирок кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG