Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Боздошту тафтиш мекунанд." Таъсири ҳодисаи Белгород ба муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Баъзе аз муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, пас аз ҳодисаи Белгород шаҳрвандони Тоҷикистон зери заррабин қарор гирифтаанд. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 15-уми октябр рӯй доду 11 кушта ва 15 захмӣ барҷой гузошт, номи ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун ҳамлагар расонаӣ шудааст. Муҳоҷирон мегӯянд, аз он вақт то ҳоло онҳоро дар хиёбонҳои Русия боздошт ва тафтиш мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон ҳадс мезананд, ки дар пайи ин ҳодиса эҳтимол вазъи муҳоҷирони тоҷик бадтар шавад.

"Гуфтанд, санадҳоро дуруст кунед, ки..."

Муҳоҷироне, ки хабарнигори Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, мегӯянд, аллакай корфармоёнашон огоҳ кардаанд, ки сари вақт санадҳояшонро дуруст кунанд ва ба зиёд шудани тафтишҳо омода бошанд.

Некрӯз, як муҳоҷири тоҷик, ки дар фурӯшгоҳе дар Маскав кор мекунад, рӯзи 18-уми октябр гуфт, “субҳ аз раҳбарият ба мо паём фиристоданд, ки коргарон аз кишварҳои ИДМ-ро аз санҷиш мегузаронанд ва таъкид карданд, ки ҳама санадҳоро дуруст кунем. Шояд дар пайи ҳамин ҳодиса бошад.”

Гурӯҳи дигаре аз муҳоҷирон мегӯянд, мушоҳида карданд, ки дар хиёбону роҳ ба сӯи коргоҳ муҳоҷирон чанд дафъа боздошту тафтиш мешаванд. Азиз Алиев, муҳоҷири тоҷик, ки дар ширкати омодасозии овезаҳои тарғиботӣ кор мекунад, гуфт, аз 12-уми октябр ба ин тараф дар шаҳрҳои Русия тафтиши муҳоҷирон зиёд шуда буд, аммо ба гуфтаи ӯ, ду рӯзи охир санҷишҳо сахттар шудаанд.

“Ёдатон бошад, 2-3 моҳ пеш ду бародари тоҷикро дар расонаҳо нишон доданд, ки дар истгоҳи метро бо милисаҳо ҷанг мекунанд. Баъди ҳамон ҳам тафтиши муҳоҷирони тоҷик сахт шуда буд. Ман ду рӯзи охир дар Маскав ҳастам, дар ҳама ҷо милисаҳо истода ним соат бозмедоранд. Мебинанд, агар номамон дар қайд бошад, баъд ҷавоб медиҳанд,” -- гуфт вай.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Баъди ҳамла дар Белгород тафтиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия бештар шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00

"Ҳоло хашми мақомот болост"

Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ дар саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз муҳоҷирон даъват кардаанд, ки “ба тафтишҳо омода бошанд, ба иғво дода нашаванд ва мувозиби рафтору гуфтори худ бошанд”.

Онҳо мегӯянд, баъд аз суҳбатҳои танқидии ахири президенти Тоҷикистон афзоиши тафтишу фишор ба муҳоҷиронро пешбинӣ мекарданд, аммо ҳодисаи Белгород вазъро печидатар кард. Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимол дар пайи ин ҳодиса “шикори муҳоҷирони тоҷик” шурӯъ хоҳад шуд.

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

"Тахминҳо дар ин робита зиёданд. Яке ин аст, ки шояд онҷо низомиён байни худ ҷанг кардаву дар ҳолати мастӣ парронда, тоҷиконро гунаҳкор кардаанд. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат кардем, ки безарурат дар кӯчаҳо нагарданд, чун ҳоло ғазаби мақомоти рус нисбат ба муҳоҷирон зиёд аст," -- гуфт Ёров.

Ҳодисаи Белгород, ки расонаҳо аз даст доштани тоҷикон дар он менависанд, паҳлӯи дигари фишор болои муҳоҷиронро доғ кард, ки бесобиқа аст. Бар асоси маълумоти ёфтаи Радиои Озодӣ, яке аз кушташудаҳо дар Белгород муҳоҷири одии тоҷик буда, шаҳрванди Русия нест ва ба гуфтаи пайвандонаш қасди пайвастан ба артишро надошт.

"Фиреб медиҳанд" ва ё "маҷбур мекунанд"

Ҳоло ин масъала доғ шудааст, ки муҳоҷирон бе доштани шаҳрвандии Русия ва ғайрихоҳиши худ ҳам ба хидмат ва ҷанг ҷалб мешаванд. Ҳуқуқшиносону созмонҳое ҳам, ки бо муҳоҷирон кор мекунанд, аз афзоиши ҳолатҳои бо роҳи фиреб ё иҷборӣ ба хидмат бурдани муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳанд.

Таблиғу пешниҳодҳо барои сафарбарӣ ба артиш махсусан дар маркази “Сахарово” ҷойи ҷамъшавии муҳоҷирон зиёд мушоҳида шудааст.

Муҳоҷироне, ки барои тамдиди патент ё иҷозатномаи кор ба ин марказ рафтаанд, даъват ва гоҳо маҷбур карда карда шудаанд, ки бидуни шинос шудан ба чандин санад, аз ҷумла қарордоди ихтиёран рафтан ба артиш, имзо гузоранд.

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, “муҳоҷиронро маҷбур карда истодаанд, ки онҳо бо Вазорати мудофиа қарордод имзо кунанд. Дар Маркази “Сахарово” тирезачаҳои махсус кушодаанд, ки ҳар муҳоҷир аз он мегузарад. Мо таъкид мекунем, ки ҳар коғазеро, ки имзо мекунед, бодиққат хонед. Дар Сахарово ошкоро пешниҳод мекунанд, ки “Мехоҳӣ, шаҳрвандии Русияро бигирӣ? Биё, рафтем як сол хидмат кун.” Онҳое, ки орзуи шаҳрвандиро доранд, ба ин пешниҳод розӣ мешаванд.”

Ҳуқуқшинос ба муҳоҷирон мегӯянд, агар тасодуфан ба чунин санаде имзо гузошта бошанд, сахт эҳтиёт кунанд ва агар имкон пайдо карданд, аз Русия берун шаванд.

Занг аз зиндони Брянск

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, шикоятҳо аз сӯйи муҳоҷирони зиндонӣ ҳам, ба хусус онҳое, ки дар Русия шартан адои ҷазо мекунанд, кам нест.

“Як нафаре муроҷиат кард, ки шартан муҷозот шудааст ва аз Русия баромада наметавонад. Ӯро ба хидмат даъват кардаанд. Ба воситаи нозири минтақаӣ ё вақти ба қайдгирӣ ӯро маҷбур мекунанд, ки агар имзо гузошта наравӣ, ҷазои сахттар мебинӣ. Ҳамчунин муроҷиатҳо аз зиндонҳо зиёд шудаанд, ки онҳоро маҷбур ва ҳатто латукӯб мекунанд, ки хидмат меравед ё ҳолатон бад мешавад,” – нақл кард ӯ.

Валентина Чупик
Валентина Чупик

Дар зимн, бино ба баъзе гузоришҳо яке аз ду нафаре, ки номаш ҳамчун ҳамлагар дар ҳодисаи Белгород расонаӣ шудааст, то рафтан ба артиш дар зиндони вилояти Брянск будааст. Аз ӯ Меҳроб Раҳмонов ном мебаранд ва мегӯянд зодаи Тоҷикистон аст. Пайвандони ӯ бо муроҷиат ба ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, Валентина Чупик, гуфтаанд, Меҳроб Раҳмонов аз зиндони вилояти Брянск ба онҳо шикоят карда буд, ки ӯро ба имзои қарордод ва рафтан ба ҷанги зидди Украина маҷбур доранд.

Ин ҳомии ҳуқуқ дар суҳбат бо “Настояшее время” гуфт: “Ҷавоне тариқи ИМО ба ман занг зад. Гуфт, бародари ӯ, дар Брянск бо моддаи 228-и Кодекси ҷиноӣ адои ҷазо мекард ва ӯро латукӯб карда, таҳдид намудаанд, то ба қарордод имзо гузорад. Бародараш гуфтааст, имзо мекунад ва дар роҳ ба Украина мегурезад. Бори охир 30-юми сентябр занг задааст. 15-уми октябр ба бародараш хабар додаанд, ки Меҳроб кушта шуд. Онҳо гуфтаанд, ӯ террорист буд.”

Русия иддао дорад, ки дар ин кишвар ду миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Тоҷикистон омори муҳоҷирони кориро 600 ҳазор медонад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, фишор болои муҳоҷирон пас аз расонаӣ шудани номи муҳоҷирон дар ҷиноятҳои пурсарусадо маъмул шудааст. Дар чунин ҳолат, мақомот коргоҳ ва макони зисти муҳоҷиронро тафтиш мекунанд.

Ҳоло бархе коршиносон бар ин назаранд, ки Русия даргири ҷанг бо Украина аст ва эҳтимол ба ҳодисаи Белгород тамаркузи зиёд накунад ва аз сӯи дигар барҷаста кардани ин ҳодиса, ки ба навиштаи баъзе манбаъҳо “ангезаи динӣ дорад”, ба манфиаташ нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG