Рақобати фарроши мактаб бо ноиби ректор дар интихобот

Дилбар Асоева ҳангоми кор.

Як зани фаррош барои дарёфти курсӣ дар маҷлиси маҳаллии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вориди рақобат шуда, муовини ректори Донишгоҳи техникиро ба чолиш кашидааст.

Дилбар Асоева, ки се сол боз дар мактаби миёнаи рақами 86-и ноҳияи Синои пойтахт ба ҳайси фаррош кор мекунад, довталаби курсӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ин ноҳия аст ва Орифҷон Амиров -- муовини ректори Донишгоҳи техникиро ба чолиш кашидааст.

Ӯ мегӯяд, агарчӣ соҳиби маълумоти олӣ нест, аммо таҷрубаи бойи зиндагӣ дорад ва дар сурати шаффоф гузаштани интихобот пирӯзӣ насиби ӯ хоҳад буд. Аммо Дилбар Асоева гуфт, дар сурати пирӯзӣ ҳаргиз ҷорӯбу сатили обашро, ки ҳоло сарчашмаи рисқу рӯзии хонаводааш ҳаст, аз ёд нахоҳад баровард.

Асоева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, яке аз бахшҳои барномааш беҳбуд бахшидан ба вазъи занони кӯчарӯб ва фаррош аст, ки бори гарони зиндагиро бо торҳои борики ҷорӯбашон мекашанду масъулияти покизагии шаҳру муассисаҳо болои шонаҳояшон бор аст. Ӯ то кунун бо гуруҳе аз интихобкунандагон дар ноҳияи Сино низ сӯҳбат карда ва барояшон ваъда додааст, дар сурати пирӯзӣ пешниҳод хоҳад кард, то додрасҳову раҳбарони вилоятҳо аз сӯи мардум интихоб шаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як зани фаррош мехоҳад вакил шавад

Мактаби рақами 86 дар ноҳияи Сино

Номзадии Дилбар Асоева аз тарафи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешбарӣ ва дар ҳавзаи интихоботии рақами 36-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сабт шудааст. Ӯро субҳи 27 феврал дар ҷои кораш дар ҳавои барфию боронӣ саргарми рӯфтани ҳавлию майдончаи варзишии мактаб пайдо кардем.

Вай гуфт, “ман аз фаррошиям хушҳол ҳастам. Бештар барои тозагиву ободии гӯшаи Ватан саҳм мегузорам, вале аламовараш ин аст, ки меҳнати моро қадр намекунанд ва дар баробари маоши кам доштанамон моро аз чорабиниву барномаҳои ҷамъиятии мактаб низ дур месозанд. Ман мехоҳам, обрӯю эътибори фаррошро дар ҷамъият боло барам ва ҳуқуқи занонеро, ки бо мушкилии иқтисодӣ соҳибихтисос нашудаанду бо ҳунару касбашон зиндагиашонро пеш мебаранд, ҳимоя кунам”.

Ин зани фаррош мегӯяд, ҳамкорону дугонаҳои зиёде дорад, ки барои пирӯзии ӯ раъйашонро дареғ нахоҳанд дошт. Ҳамчунин умеди ӯ ба онҳоест, ки аз зиндагии воқеии сокинони одии кишвар хабар доранд ва ё дар ҳамин дег меҷӯшанд.

Зулфия Тӯрдиева, раиси ҳавзаи интихоботии рақами 36 дар ноҳияи Сино мегӯяд, “номзадҳои ҳавзаи мо – Дилбар Асоева ва Орифҷон Амиров мушкили маҳаллаи Зарафшонро дар вохӯриҳо бо мардум ба миён гузошта, барои ҳалли он сӯҳбатҳо карданд.”

Орифҷон Амиров

Орифҷон Амиров феълан ноиби ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимист ва барномаҳои ӯ асосан пешрафти сохтмони биноҳо ва иншооти муҳими давлатӣ дар Душанберо фаро мегирад. Ӯ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, барномаҳои пешниҳодияшро мардум хуш пазируфтаанд ва шанси пирӯзии ӯ дар муқоиса ба Дилбар Асоева бештар аст. “Ман Дилбар Асоеваро барои худ рақиби ҷиддӣ намепиндорам”,-мегӯяд Амиров.

Ин дар ҳолест, ки ҳарду рақиб дар интихоботи маҷлиси маҳаллӣ дар ноҳияи Сино то ҳол якдигарро аз наздик намешиносанд. Дилбар Асоева мегӯяд, рӯзи муаррифии барномаҳояшон ба ҷои Орифҷон Амиров, номзад аз ҳизби халқии демократи Тоҷикистон, шахси боэътимоди ӯ иштирок дошт.

Кароматуллоҳи Аҳмад, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, бар асоси иттилооте, ки ӯ дорад, бори нахуст аст, ки як фаррош вориди корзори интихоботӣ мешавад. “Чун ба китоби “Вакилони халқи Тоҷикистон. 1928-2010” нигаристам, дидам, ки деҳқонон, аз ҷумла колхозчӣ, коргар, чӯпон, омӯзгор вакил шудаанду ягон нафар фаррошро миёни онҳо надидам”,-таъкид дошт Кароматуллоҳи Аҳмад.

Интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ баъд аз як рӯзи дигар доир хоҳанд шуд. 27 феврал рӯзи охирини муаррифии барномаҳо ва таблиғи номзадҳост. Рӯзи шанбе дар Тоҷикистон “рӯзи хомӯшӣ” дар масъалаи интихобот эълон шуда, тамоми плакатҳову шиорҳо ва барномаҳову аксҳои номзадҳо аз кӯчаҳо бардошта хоҳанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, борҳо дар сӯҳбатҳояш ба шаффофият дар интихобот таъкид кардааст. Дилбар Асоева мегӯяд, агар таъкидҳои раиси ҷумҳур дар амал татбиқ гарданд, як курсӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино ба номи ӯ хоҳад шуд ва орзуи сарбозияш ҷомаи генералӣ хоҳад пӯшид.