Камбудиҳое дар сабти номзадҳо, феҳристи раъйдиҳандагон ва бозтоби корзори интихобот дар расонаҳо аз тарафи нозирони САҲА ва ИДМ дар гузоришҳои миёндавраии онҳо мавриди танқид қарор гирифтаанд.
Нозирони САҲА мегӯянд, берун аз расонаҳои давлатӣ маъракаи интихоботӣ нонамоён аст, мақомоти Душанбе ба насби лавҳаҳои интихоботӣ монеъ шудаанд, ҲНИТ ва ҲСДТ аз фишори мақомот ва журналистони аз худсонсурӣ дар маъракаи пешазинтихоботӣ шикоят мекунанд. Бо вуҷуди он ки ба намояндагони ҳамаи 8 ҳизби сабтшудаи сиёсии Тоҷикистон барои таблиғот дар телевизиони давлатӣ вақти баробар дода шудааст, дар ҷараёни маърака Паёми солонаи раисиҷумҳур ва раҳбари ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ба таври зинда пахш ва дертар борҳо ҳамроҳ бо шарҳҳои мусбати ситоишгарона бозпахш шудааст. Танҳо матбуоти мустақили чопӣ шарҳи намояндагони аҳзоби дигарро ба ин паём нашр намуданд.
Дар гузориши нозирони САҲА аз он изҳори дареғ мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон на ҳамаи тавсияҳои ин ниҳодро барои беҳбуди раванди интихобот пазируфтаанд. Аз ҷумла тавсия мешуд, ки қонун ба мушоҳидаи интихобот аз тарафи шаҳрвандон имкон дода шавад ва намояндагони аҳзоб дар шумориши раъйҳо шоҳид бошанд. Нозирон инчунин мавҷуд набудани феҳристи ягона ва марказии интихобкунандагонро зикр намудаанд.
Бархе аз аҳзоби сиёсӣ аз фароҳам набудани майдони таблиғоти номзад ва барномаҳои худ шикоят кардаанд. Аз ҷумла бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ашт 28-уми январ ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нома фиристоданд, ки аз маъракаи тарсонидани аъзои ин ҳизб аз ширкат дар интихобот пешгирӣ шавад. Бар пояи иттилои КМИРТ то 10-уми феврал ба кумиссюни интихоботӣ 46 ариза ворид шуда, 18 адади онҳо аз тарафи ҲНИТ омадаанд. Дар ин шикоятҳо ҳайати кумиссюнҳои интихоботӣ зери суол рафта, ҳамчунин гуфта мешавад, ки 2 номзади дорои собиқаи ҷиноӣ ҳамчун номзад сабт шудаанд. Ҳамаи шикоятҳо аз рӯйи моҳият ё бино бар қоидаҳои баррасӣ рад шудаанд.
Нозирони САҲА гуфтаанд, ки аз интихоботи гузашта порлумонӣ то ҳоло ягон ҳизби нави сиёсӣ ба қайд гирифта нашудааст ва талошҳои вазири пешини ҳукумат ва соҳибкор Зайд Саидов ба таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” ноком монда, ӯ ба мӯҳлати тулонӣ зиндонӣ шуд. Инчунин вакили дифои ӯ Шӯҳрат Қудратов, ки аз фаъолони ҲСДТ низ буд, акнун дар маҳбас аст. Дар ин байн масъалаҳои марбут ба оппозисюни диаспоравӣ дар хориҷи кишвар доғ шуда, мақомоти Тоҷикистон талош кардаанд, ки раҳбари “Гурӯҳи 24”, Умаралӣ Қувватов аз Туркия истирдод шавад. Додситронии кулли Тоҷикистон ҳамчунин эълом дошт, ки узви Ҷунбиши ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон дар Русия Мақсуд Иброҳимов боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Муаллифони гузориш мегӯянд, КМИРТ ба сурати умум 4 миллиону 346 ҳазору 415 нафарро соҳиби ҳаққи раъй номида, ба қайд гирифтааст. Аммо қисмате аз интихобкунандагон шикоят мекунанд, ки номи онҳо ба рӯйхатти интихобкунандагон ворид нагаштааст. Ҳамчунин шумораи марказҳои раъйдиҳӣ дар хориҷ аз кишвар, дар ҳоле ки шумораи шаҳрвандон дар он ҷо зиёд аст, нокофӣ дониста шудааст.
Дар маъракаи сабт номзадҳо, бино бар ин гузориш номзадии 10 нафар рад шуда, 10 тани дигар номзадии худро пас гирифтаанд. Яке аз номзадҳо, намояндаи ҲСДТ Фирдавс Соҳибназаров боздошт шудааст ва раҳбари ин ҳизб Раҳматилло Зоиров боздоштро дорои ангезаи сиёсӣ номидааст.
Гузориши нозирони интихоббот аз кишварҳои ИДМ танқиди камтар дошта, дар он ба ҳайси камбудӣ канда шуданни маводи таблиғотии номзадҳоим муайян зикр гаштааст. Вале ба сурати умум дар ин гузориш гуфта мешавад, ки маъракаи пешазинтихоботӣ ором аст. Муаллифон гуфтаанд, ки дар пасманзари камфаъолиятии мухолифон ва бетаваҷҷӯҳии аксарияти раъйдиҳандагон ва ҳамчунин бо доштани захираҳои азими маъмурӣ ҳизби ҳокими Халқӣ Демократӣ ҳамаи шансҳоро дорад, ки пирӯзии гузаштаи худро дар интихоботи нав низ такрор кунад.
Интихоботи порлумонии Тоҷикистон 1 марти соли равон баргузор мешавад. Садҳо нозири хориҷӣ барои назорат бар раванди ин маъракаи сиёсӣ ба Тоҷикистон омадаанд. То ҳол ҳеҷ як аз маъракаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон баҳои хуби нозирони аслии интихоботро дарёфт накардааст. Баръакси нозирони байналмилалӣ, намояндагони кишварҳои собиқ Шӯравӣ, ки низ ба ҷараёни интихобот назорат мекунанд, ҳамеша онҳоро озоду одилона ва шаффоф арзёбӣ кардаанд.
Бархе аз ишораҳои намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар робита ба маъракаи пешазинтихоботӣ: