Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 3 то... Баҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба интихоботи имсола (ВИДЕО)


Дар як мизигирди вижаи Радиои Озодӣ намояндагони аршади 5 ҳизби сиёсӣ корзори интихоботи парлумонии Тоҷикистонро натиҷагирӣ карданд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо вуҷуди фишорҳо маъракаи таблиғоти қаблазинтихоботиро қаноатбахш унвон карданд. Дар як мизигирди вижаи Радиои Озодӣ, ки рӯзи 26 феврал доир ва ба анҷоми корзори интихоботӣ бахшида шуд, намояндагони 5 ҳизби сиёсӣ - состсиал-демократ, наҳзати исломӣ, коммунист, демократ ва сотиалист - ширкат карданд.

Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, нахустин маъракаи интихоботист, ки аз аъзоёни онҳо душман натарошиданд ва имкони хуби табоиғи барномаҳои қаблазинтихоботиашонро доданд. Аз ин рӯ, ӯ мегӯяд, баҳои ӯ ба маъракаи қаблазинтихоботӣ, яъне қаноатбахш аст: “Мо дар самти таблиғу ташвиқ чандон монеъаҳои зиёд эҳсос накардем ва хурсандиовар ин буд, ки мардум ба мо таваҷҷӯҳи хуб мекарданд. Дар маҷмӯъ раванди маъракаи таблиғотӣ дар Душанбе шаффоф буд, вале дар навоҳӣ эҳсос мешуд, ки ҳавзаҳо бештар ба манфиати ҳизби халқии демократӣ кор мекунанд. Агар аз рӯи ченаки баҳогузории 5 бигирем, баҳои ман ба интихобот 3 ҳаст, яъне қаноатбахш.”

Ба гуфтаи ширкаткунандагон, зимни тарғибот сокинон бештар дар бораи заминфурӯшӣ ва порахӯрӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ суол мекарданд.

Ин сӯҳбати мизигирдро инҷо тамошо кунед:

Аҳзоби сиёсӣ: Бо вуҷуди фишорҳо, маъракаи хубе буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба пирӯзии ҳадди ақал ду номзадаш - Шокирҷон Ҳакимов дар Конибодом ва Алим Шерзамонов дар Бадахшон - бовар дорад.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар маъракаи таблиғотӣ маъракаи бадномкуниҳо ва фишорҳои равонӣ алайҳи аъзоёни ин ҳизб дар авҷ буд, вале ин маърака натиҷаи баръакс дода, эътибори ҳизби исломиро боло бурд. Ӯ гуфт, маъракаи бадномкунӣ, ҲНИТ-ро дар ҷомеа мазлум муаррифӣ кард, ки мардуми тоҷик табиатан ба мазлум арҷ мегузоранд.

Ӯ гуфт: “Бовар надорам, ки мо ба парлумон роҳ наёбем. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар асоси якдигарфаҳмӣ ва созишномаи сулҳ, ки дар пайи нишон додани ҷавонмардии ду тараф баста шудааст, фаъолият мекунад. То замоне, ки дар Тоҷикистон ойини ҷавонмардӣ вуҷуд дорад, ҲНИТ низ дар саҳнаи сиёсӣ боқӣ хоҳад монд. Таблиғот алайҳи мо нишон дод, ки воқеан мо рақиби қавии Ҳизби ҳоким ҳастем. ”

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, президенти Тоҷикистон қаблан ваъдаи шафоф баргузор шудани интихоботро дода буд, аммо аксар мансабдорон ин ваъдаи президенти кишварро нодида мегирфитанд.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт: “Тавре дар ҷаласаи Шӯрои амният мушоҳида кардем, аксари мансабдорон дар дигар самтҳо гуфтаҳои президентро иҷро накардаанд. Фикр мекунам, ки дар самти хуб ба роҳ намондани маъракаи интихобот низ аксари мансабдорон гуфтаҳои президентро иҷро намекарданд. Аммо маъракаи таблиғотии мо бо вуҷуди фишорҳо хуб буд. Агар овозҳо дар парлумон дуруст ҳисоб шаванд, ҲНИТ ин навбат имкони ташкили як фраксия дар интихоботро пайдо хоҳад кард.”

Муҳиддин Кабирӣ интихобкунандагонеро, ки ӯ ҳангоми вохӯриҳои қаблазинтихоботӣ бо онҳо вохӯрдааст, ба ду гурӯҳ ҷудо кард. Гурӯҳе, ки ба таври сунъӣ дар маъракаҳои таблиғотӣ ширкат мекарданд ва аз номзадони ҳизб дар бораи Сурия ва Ироқ мепурсиданд, аммо гурӯҳи дигар сокинони оддие буданд, ки бештар аз нафақа ва мушкили иҷтимоиашон суол мекарданд.

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби комунисти Тоҷикистон, ки дар ду давра вакили парлумон буд, ба пирӯзии то 5 номзади ин ҳизб дар интихоботи имсола бовар дорад. Ӯ баръакси намояндагони ҳизби наҳзати ислом ва ҳизби сотсиал- демократ мегӯяд, раванди маъракаи қаблазинтихоботӣ хеле шаффоф буд ва ҳизби онҳо дар ин самт ҳеҷ монеае эҳсос намекарданд. Аммо Талбаков гуфт, онҳо дар парлумон мисли қабл дар масъалаҳое, ки писандашон нест, аз ҳукумат интиқод хоҳанд кард.

Ӯ гуфт: “Мо имсол бо барномаи хос вориди парлумон мешавем. Бо ҳама аҳзоб ҳамкорӣ хоҳем кард, аммо дар масъалҳое, ки ба мо қабул нест, бо ҳама ҳизб, ҳатто ҳизби ҳокими халқии демократӣ низ баҳс хоҳем кард.”

Иштирокчии дигари мизигирди Радиои Озодӣ Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ҳоло дар Фархор бо бозпас гирифтани номзадии ҳизби ҳоким бо номзади ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рақобат мекунад, мегӯяд, ҳеҷ фишор дар маъракаи қаблазинтихоботиаш надошт. Ӯ мегӯяд, ҳизби демократи Тоҷикистон бори аввал аст, ки ба таври ҷиддӣ вориди корзори интихоботӣ мешавад ва пас аз ин қадар баҳсҳои дохилиҳизбӣ талошҳояшон дар интихоботро гардиши ҷиддӣ дар фаъолияти ин ҳизб унвон мекунад.

Ӯ гуфт: “Мо ба пирӯзиамон дар интихобот бовар дорем. Мо ҳизбе ҳастем, ки шеваи кор ва барномаҳои хоси худро дорем, ки аз дигар аҳзоб фарқ мекунад. Дар вохӯриҳо мардум аз андозбандии вазнин шикоят доштанд. Дар сурати ворид шудан ба парлумон мо ҳатман дар самти содда гардонидани андозсупорӣ ва ворид кардани ин масъала дар қонунгузорӣ талош хоҳем кард.”

Аз сӯи дигар Исмонов мегӯяд, дар сурати пирӯз нашуданашон ҳам онҳо ҳеҷ эътирозе нахоҳанд кард, зеро зимни ширкат дар интихоботи президентӣ ва парлумони ба ҳаде дар ҷомеа матраҳ шуданд, ки умедвориашон ба оняда бештар шудааст.

Зариф Наимов, муовини ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон бо “хеле хуб” хондани корзори пешазинтихоботӣ гуфт, умедвор аст, ки барои аввалин бор ҳизби онҳо дар парлумон соҳиби курсӣ дар парлумон хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд: “Аз таъсиси ҳизби мо 18 сол гузашт. Мо дар парлумон то ин вақт курсӣ надоштем, аммо ба ҳизби парлумонӣ шудан боварамон қавитар шудааст. Барномаҳои ҳизби мо ва ҳизби мо як ҳизби иҷтимоӣ аст, ки барномаҳояш ба ҳама табақаҳои ҷомеа мақбул аст. ”

Мизигирди вижаи Радиои Озодӣ дар ҳоле баргузор шуд, ки маъракаи таблиғотии интихоботӣ 27-уми феврал ба анҷом мерасад.

Рӯзи 1-уми марти соли равон дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Ҳоло барои 63 курсии Маҷлиси намояндагон 288 номзад, аксар ба намояндагӣ аз 8 ҳизби расмӣ мубориза мебаранд. Дар Тоҷикистон то кунун ягон бор интихоботе доир нашудааст, ки нозирони ғарбӣ ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи озоду демократӣ эътирофаш карда бошанд.

Айни видео дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG