Мутахассисони ками мактабҳои зиёди русӣ

Масъулини маорифи Тоҷикистон ба волидоне, ки мехоҳанд фарзандонашон дар гурӯҳҳои русӣ дарс хонанд, интихоби ин гурӯҳҳоро тавсия намедиҳанд.

Муниса Азизова -- як сокини шаҳри Душанбе, ки то имрӯз мехост фарзанди 7-солааш таҳсилро дар мактаб бо забони русӣ шурӯъ кунад, акнун ҳайрон мондааст. Роҳбари яке аз мактабҳои дузабонаи пойтахт ба вай тавсия додааст, ки аз ин фикраш баргардад ва беҳтар аст духтарашро ба гурӯҳи забони тоҷикӣ шомил кунад.

Зеро ба таъкиди ин роҳбар, кӯдак баъди хатми синфи ибтидоӣ ва ҳам баъди хатми мактаби миёна ба далели камбуди мутахассисони забони русӣ ба мушкил рӯбарӯ мешавад ва наметавонад дониши хуб бигирад. Муниса Азизова дар идома гуфт, ки “ҳоло то август фурсат ҳаст ва ман акнун фикр дорам, мехостам забони русӣ хонад, чун дар боғча дар гурӯҳи русӣ буд ва оянда ҳам Худо хоҳад ба Русия барои таҳсил мерафт."

Чунин тавсияро тайи чанд соли ахир аксар волидоне, ки хоҳиши таҳсили фарзандонашон дар гурӯҳҳои русиро доранд, мешунаванд. Бино ба иттилои вазорати маорифи кишвар, ҳоли ҳозир дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон 60 ҳазор хонанда бо забони русӣ таълим мегиранд, аммо баъди хатми синфи ибтидоӣ, хонандагони гурӯҳҳои русӣ дар дуроҳа қарор мегиранд ва бархе ҳам маҷбур мешаванд ба гурӯҳҳои тоҷикӣ гузаранд, чун дар синфҳои болоӣ мутахассисони забони русӣ каманд.

Вазири маорифи ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ҳам ахиран зимни як нишасти хабарӣ аз мушкили гурӯҳ ва мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат карда гуфт, ин гурӯҳҳо аз набудани омӯзгор ва ҳамчунин китобҳо бо забони русӣ мушкил мекашанд: “Тибқи созишнома ҷониби Русия бояд барои тарҷумаи китобҳои тоҷикӣ ба забони русӣ ва чопи он маблағгузорӣ кунад.”

Бино ба иттилои вазири моариф, ҳоли ҳозир мактабҳои Тоҷикистон ба 333 муттахассиси забони русӣ эҳтиёҷ дорад. Ба гуфтаи вазири маориф, ҳар сол дар кишвар то 5 ҳазор омӯзгор омода мешавад, вале аксар хатмкунандаҳои факултаҳои забону адабиёти рус ва забонҳои дигари хориҷӣ барои кор ба дигар муассисаҳо мераванд. Ба гуфтаи Нуриддин Саид, талабот ба ин мутахассисон зиёд аст ва "соли гузашта бо дастури президент мо қабул ба ин ихтисосро ҳам бештар кардем, аммо то ҳол ин мушкил ҷой дорад.”

Феълан дар Тоҷикистон 156 мактаби дузабонаи тоҷикӣ-русӣ ва 32 мактаби пурра русӣ фаъолият мекунад. Камбуди мутахассис ва адабиёти дарсӣ барои хонандаҳои гурӯҳои русии мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти маорифи кишвар, талабот ба гурӯҳҳои русӣ сол то сол меафзояд.

Зулфия Сафарова -- масъули барномаҳои таълими забони русӣ ва англисӣ дар вазорати маориф ва илм мегӯяд, волидайн дар Тоҷикистон чун солҳои пеш ба таҳсили фарзандонашон дар гурӯҳҳои русӣ тарҷеҳ медиҳанд, чун ба бовари онҳо таълиму тадрис дар мактабҳои русӣ барои ояндаи фарзандонашон муфид аст ва метавонад дари донишгоҳҳои муътабарро ба рӯи онҳо боз кунад.

Аммо Зулфия Сафарова афзуд, ба далели мушкилот дар гурӯҳҳои русӣ, бархе аз ин гурӯҳҳо аллакай дар мактабҳои кишвар баста шудаанд: “Ба далели набуди мутахассисони ихтисосманд барои гурӯҳҳои забони русӣ, мо натавонистем дар синфҳои болоӣ талаба қабул кунем. Дар аксар мактабҳо мутахассисони хуб нест. Муаллими хуби физика, химия, математикаи русзабон нест.”

Бо ин ҳама масъулини маорифи Тоҷикистон имсол аз тасмими як соат зиёд кардани дарси русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон хабар доданд. Вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид ҳам дар сӯҳбати ахири худ ба хабарнигорон гуфт, онҳо аз ҷониби Русия барои бунёди мактабҳои тоҷикӣ русӣ ва таъмини онҳо бо муттахассисону адабиёти дарси кӯмак хостаанд, ва “ҳоло ин масъала миёни ду ҷониб баррасӣ мешавад”

Дар зимн Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари худ дар соли 2013 ба Маскав аз мақомоти Русия дархост карда буд, то барои таълими забони русӣ дар Тоҷикистон, муаллим фиристанд. Мақомоти Тоҷикистон ин дархости худро зимни боздиди Валинтина Матвиенко - раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз Душанбе дар моҳи марти соли гузашта низ матраҳ карданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, аз хонум Матвиенко хост, 400 омӯзгори забони русиро ба Тоҷикистон бифиристанд. Аммо ин дархостҳои батакрори мақомдорони тоҷик то ба ҳол бе посух монда буд.

Волидони тоҷике, ки мехоҳанд фарзандонашон дар синф ва гурӯҳҳои русии боғчаву мактабҳо ба таҳсил фаро гирифта шаванд, ба ин боваранд, ки сифати таълим дар ин таълимгоҳҳо беҳтар аст, зеро муаллимони русзабон нисбатан масъулиятшиносу серталабанд. Феълан дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 120 ҳазор омӯзгорон фаъолият мекунанд, ки аз ин теъдод 4 ҳазор бо маълумоти миёна ба хонандаҳо дарс мегӯянд.