Як сокини шаҳри Братск хост, худро ба духтур нишон диҳад, вале номи пизишконро дар девори дармонгоҳ дида, аз роҳаш гашт. Вай ба хабарнигори телевизиони Братск шикоят кард, ки хориҷиён тибро дар ин шаҳр “ба даст гирифтаанд”. Вай мегӯяд, аз номҳои душворталаффузи онҳо дар шигифт мондааст.
Дар ин намоиши телевизионӣ сокини Братск, ки чеҳрааш намоён нест, номи табибонро мехонад: “Чориев Муртазо Пардаевич, Бекназаров Шарафуддин Авазович, Мансуров Турдибой Одилович, Азимов Алишер Акрамович. Маълум аст, ки инҳо гурезаҳоянд. Салоҳияти онҳо зери шубҳа аст. Ҳатман дар таҷрибаи пизишкии онҳо танаффуси дарозе рӯй додааст,” – мегӯяд бемор.
Хабарнигор Ксения Шилова феҳрасти кормандонро тафтиш кардааст ва мегӯяд, дар ҳақиқат аз 20 дармоншинос ё терапевт 7 нафарашон хориҷиянд. Дар ин ҷо ҳамчунин 4 осебшинос, 4 ҷарроҳ ва 1 мутахассиси ҳушбарӣ ё анестезиолог аз “хориҷаи наздик” кор мекардаанд. Дар идомаи гузориш рӯшан мешавад, ки “хориҷаи наздик” Тоҷикистон аст.
Кормандони маҷаллаи “Огонёк” пешниҳод кардаанд, кори пизишконе, ки аз ҷумҳуриҳои дигар ба Русия кӯчида, дар ин ҷо ба кор пардохтаанд, ҳар сари чанд вақт санҷида шавад. Онҳо менависанд, дар бемористони шаҳраки Мокшии вилояти Пенза аз духтури бачагон Нусратулло Муродович Солиев, ки аз ноҳияи Турсунзода ба ин ҷо омадааст, хоҳиш кардаанд, ки бархилофи одоби русӣ аз ӯ бе исми падар ном баранд, чун талаффузаш душвор аст.
Лавҳаи дарро барои пизишкон Нозигул Душанбиевна Мамаднабиева ва Иззатулло Раҳматуллоевич Додхудоев дар шифохонаи Иссини вилояти Пенза панҷ бор чоп кардаанд ва ҳар дафъа бо хато. Аммо гуфтаанд, “боке не, одат мекунем.”
Ному чеҳраҳои зиёди шарқиёна танҳо барои манотиқи дурафтодаи Русия наву ғайриодиянд. Дар марказҳо одамон кайҳо ба ин номҳо одат кардаанд ва “доктор Бобоев” ё “доктор Насриддинов” ба забонҳо нишастааст.
“ГАСТАРБАЙТЕРҲОИ ТИББӢ”
Ҳарчанд дар гузашта низ расонаҳои Русия табибони тоҷик ё қирғизу ӯзбакро “гастарбайтерҳои тиббӣ” номидаанд, ин бори аввал аст, ки салоҳият ва таҷрибаи кори чунин мутахассисони муҳоҷир зери суол меравад. Ва пизишкон маҷбур мешаванд, мутахассиси сазовор будани худро исбот намоянд.
Аз ҷумла, Турдибой Мансуров гуфтааст, ки Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ Синои Душанберо ҳанӯз дар давраи шӯравӣ, соли 1988 хатм карда, дар Тоҷикистон то мудири бахш “сабзидааст”. Сипас дар вилояти Псков, шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург кор карда, бо пешниҳоди дӯстонаш ба Братск омадааст. Саводи пизишкӣ ва таҷрибаи ӯ ва табибони дигари хориҷиро кумиссюни минтақаӣ озмуда, сипас барояшон иҷозаи кор додааст: “Мо ду моҳ таҳсил кардем, сертификат гирифтем, давраи коромӯзиро гузарондем. Ҳоло хеле хуб кор мекунем, коллективи мо хеле хуб аст. Пизишки рус, пизишки тоҷик – чунин гапҳо нест. Пизишк пизишк аст! Ман шаш моҳ аст, кор мекунам, касе ба ман “ту” нагуфтааст ва ман ҳам касеро “ту” нагуфтаам.”
Мақомоти давлатии Русия низ ба ҳимояи табибон бархостаанд ва мегӯянд, ҳамаи онҳое пеш аз он ки бо саломатии инсонҳо сари кор гиранд, аз чандин озмуну имтиҳон мегузаранд ва забони русиро хуб медонанд. Вазорати тандурустии Русия мегӯяд, ин кишвар ба 120 000 пизишк эҳтиёҷ дорад ва маҷбур аст, онҳоро аз кишварҳои шӯравии пешин ҷалб намояд. Ҳоло садҳо духтури тоҷик дар шаҳру рустои гуногуни ин кишвар кор мекунанд.
Барои парвардани як табиб дар Русия ба камияш 55 000 доллари амрикоӣ харҷ мешавад ва аз сӯи дигар ин раванд аз 5 то 7 сол фурсат мехоҳад. Биноан, консулгариҳои Русия дар кишварҳои пасошӯравӣ дар иҷрои барномаи кӯчондани ҳамватанони собиқ ба Русия вақте ба анкетаи духтурони таҳсилдида ва ботаҷриба рӯбарӯ мешаванд, тамоми талошро мекунанд, ки асноди онҳоро зуд омода намоянд.
Қисми дигари духтурҳо барои давраҳои омӯзишӣ ё такмили ихтисос ба Русия меоянд ва дигар ба ватани худ барнамегарданд. Ва онҳое низ ҳастанд, ки ҳамчун муҳоҷир пой ба қаламрави Русия мениҳанд, ба иллати фаровонии ҷойи кор зуд дар ин ё он шаҳру рустои Русия муқим мешаванд.
ДАСТМУЗД, ФАННОВАРИҲО Ё ФАЗО?
Дар намоиши телевизиони Братск дидан мумкин аст, ки духтурҳои тоҷик дар шароити начандон хуб, дар як хобгоҳи фарсуда зиндагӣ мекунанд, аммо аз вазъи худ розиянд. Дар вилояти Пенза ба чунин афрод хобгоҳ надодаанд ва онҳо бояд худ ғами сарпаноҳашонро хӯранд.
Барои пизишк-муҳоҷироне, ки корро сар мекунанд, 10 000 рубл иҷорапулӣ ва 150 000 рубл ёрии аввалия дода мешавад. Аммо на ҳама ин маблағро мепазиранд, зеро дар сурати гирифтани пул, шахс маҷбур хоҳад буд, 5 сол дар ин ҷо кор кунад. Ин имконияти дарёфти ҷойи беҳтарро аз байн мебарад.
Бисёриҳо бар инанд, ки маоши кам сабаб мешавад, то духтурҳои тоҷик роҳи Русияро дар пеш гиранд. Хатмкунандагони донишгоҳҳои тиббии Русия хоҳиши кор дар шаҳраку деҳоти дурафтодаро надоранд ва ҳатто дар шаҳрҳо низ бештар бо тиҷорат машғул шуда, намехоҳанд аз рӯйи ихтисоси худ кор кунанд.
Онҳо низ, ба гуфтаи расонаҳои русӣ, музди камро далел меоранд, вале маоше, ки барои онҳо кам шумурда мешавад, барои пизишкони тоҷик дар қиёс бо маоши онҳо дар Тоҷикистон “бозёфти тилоӣ” шумурда мешавад. Ҳамзамон аз эҳтимол дур нест, бӯҳрони Русия ба вазъи онҳо таъсири манфӣ расонад ва бархеро ба фикри бозгашт ба ватан андозад.
Шумораи умумии пизишкони тоҷик дар Русия маълум нест, вале пизишко тоҷики муқими Маскав, номзади илмҳои тиб, Абдулло Давлатов мегӯяд, соли 2007, ҳангоми таъсиси Анҷумани пизишкони тоҷик «Ворисони Сино» барои ёрии ройгон ба ҳамватанони муҳоҷир дар Маскав 300 пизишкро ҷамъ оварда буд. “Ҳоло шумораи онҳо наздик ба 2500 нафар буда метавонад ва тақрибан дар ҳар як дармонгоҳ ё бемористони Маскав ба таври ҳатмӣ, ба камияш як тоҷикро вохӯрдан мумкин аст,” – мегӯяд Абдулло Давлатов.
Аммо на ҳамаи пизишкони тоҷикро камбуди музди кор озими Русия мекунад. Зодаи Тоҷикистон ва дастпарвари Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ Синои Душанбе, номзади илмҳои тиб Мубин Маҳмудов барои он ба Маскав кӯчид, ки дар ин ҷо шароити беҳтари кор дорад ва ҳам фарзандонаш дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд. Дар муддати кӯтоҳ вай то сатҳи сардухтури Маркази Аврупоии Асабшиносии Маскав сабзид. “Дастпарварони Донишгоҳи Ибни Синои Душанбе дар Русия қадрдонӣ мешаванд, махсусан онҳое, ки дар замони Шӯравӣ онро хатм карда бошанд. Аз миёни ҳамватанони мо даҳҳо нафар дар ин ҷо доктори илм ва профессорҳо ҳастанд ва дар муҳимтарин пажӯҳишгоҳу дармонгоҳҳо кор мекунанд,” – мегӯяд Мубин Маҳмудов.
Барои намуна, доктори илмҳои тиб Нисо Одинаева дар Пажӯҳишгоҳи бемориҳои кӯдакон, профессор Зиёратшо Қодиров дар Институти урология, номзади илмҳои тиб Баҳром Аҳмадов дар Маркази саратоншиносии ба номи М.Н.Блохин кор мекунанд.
Абдулло Давлатов мегӯяд, солҳои охир аз духтурони тоҷике, ки барои таҳсил ба аспирантура ё ординатура меоянд, танҳо онҳое ба Тоҷикистон бармегарданд, ки ба ояндаи худ дар ватан бовари комил доранд. Ба ақидаи пизишки дигар Носир Набиев, бархе аз табибонро ноҳаққӣ ва беадолатиҳо дар соҳаи тиб водор ба тарки ватан кардааст.
Як духтури дигар, ки нахост, аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, дар бемористоне, ки ӯ кор мекард, мутахассиси ҷавонро бино бар “ҷуғрофиёяш” раҳбар гузоштанд, аммо савод ва малакаи кофӣ надошт ва иштибоҳҳоро ба сари ҳамкоронаш бор мекард. Вай тахмин мезанад, ки ба ин ё он сабаб дар бист соли охир наздик ба 10 000 пизишк аз Тоҷикистон рафтаанд.
“БЕДУХТУРӢ” ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар ин байн Тоҷикистон бо камбуди шадиди кадрҳои тиббӣ рӯбарӯст. Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров рӯзи 11-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, кишвар дар ҳоли ҳозир қариб ба 3000 мутахассис ниёз дорад. “Музди кор рӯ ба беҳбуд дорад ва дар бархе аз ноҳияҳо қадру эътибори духтур боло меравад. Барояш қитъаи замин медиҳанд ва имтиёзҳои дигар низ,” – мегӯяд Наврӯз Ҷаъфаров.
Бино бар ин гуфтаҳо эҳтиёҷи Тоҷикистон ба мутахассисони тиб дар ду соли охир камтар шудааст. Он вақт гуфта мешуд, ки ба Тоҷикистон 4000 пизишк намерасад. Вале расонаҳо шикояти зиёди мардумро аз мушкили “бедухтурӣ” нашр мекунанд. Ба ақидаи ноиби ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Саид Қурбонов чунин вазъ барои он сар мезанад, ки бисёре аз хатмкунандагони ин даргоҳ мехоҳанд дар пойтахт кор кунанд.
Вале ноиби вазири тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров изҳори умедворӣ мекунад, ки дастури нави 3 соли ҳатмии кори пизишкони ҷавон дар деҳот вазъро беҳтар хоҳад кард. Ин дастур ба онҳое рабт дорад, ки аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил мекунанд. Аммо боз ҳам замонате нест, ки баъд аз се соли кор онҳо дар ҷустуҷӯи музд ва шароити беҳтар рӯ ба Русия наоранд.
Як манбаи наздик ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ҷалби духтурҳои тоҷик ба кор дар Русия солҳои охир барои он камтар шуд, ки вазир дар поёни соли 2012 ба таври шифоҳӣ аз Сафорати Русия дар Тоҷикистон дархост кард, даъвати амдии пизишконро ба кор дар Русия бас кунанд, зеро худи Тоҷикистон ба ин кадрҳо эҳтиёҷ дорад. Шояд ба ин сабаб муҳоҷирати духтурҳо ба Русия дар соли 2013 коҳиш ёфта бошад.
Аммо Вазорати тандурустии Русия пур кардани ҷойҳои холии мутахассисони соҳаро вазифаи шумораи аввали худ номидааст ва хостори 141% бештар шудани дастмузди кормандони тиб шудааст. Ва ҳукумати шаҳри Братcк мегӯяд, барои ҷалби пизишкон аз кишварҳои пасошӯравӣ дар панҷ соли оянда 20 миллион рубл сарф хоҳад кард.