Владислав Курнушко, роҳбари намояндагии Оҷонсии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон рӯзи 3-юми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи як пажӯҳиш онҳо муайян карданд, ки ҳудуди 60 дарсади аҳолии Тоҷикистон бо забони русӣ балад будаанд.
Оқои Курнушко афзуд, сокинони 40-сола ва аз он ҳам калонсолтари Тоҷикистон аксаран забони русиро медонанд. Аммо вай афзуд, шумори афроди зери сини 40-сола, ки бо забони русӣ балад ҳастанд, поинтар аст ва 40 дарсаде, ки забони русиро балад нестанд, маҳз аз ҳисоби ҳамин тоифа мебошанд.
Зимнан шурӯъ аз рӯзи 2−уми июн дар Тоҷикистон ҳафтаи забони русӣ идома дорад. Бино бар иттилои Оҷонсии “Россотрудничество” дар доираи ин ҳафта дар кишвар “Рӯзи хониши Пушкин” ва дар донишгоҳҳо конфронсҳо бахшида ҳаёту осори нависандаи рус Шолохов баргузор хоҳад шуд.
Тибқи тағйироти охир дар соли 2009 ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” забони русӣ дар Тоҷикистон мақоми давлатиро аз даст дод ва ҳамакнун “забони муоширати байни миллатҳо” эътироф шудааст.
Як тоифаи мардум дар муҳити хонавода бо ин забон сӯҳбат ва талош мекунанд, фарзандонашон ҳам ба боғчаву мактабҳои русӣ ба таълим фаро гирифта шаванд. Аммо бо ин вуҷуд донишмандони забони русӣ ба сатҳи забондонии насли ҷавони тоҷик баҳои ғайриқаноатбахш медиҳанд ва дар мактабҳо ҳам ин забон ба дараҷаи зарурӣ омӯхта намешавад. Мушкили аслии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳам ба надонистани ин забон рабт дода мешавад.
Ин дар ҳолест, ки мутахассисони забони тоҷикӣ низ аз вазъи омӯзиш ва корбурди ин забон изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар давраи Шӯравӣ гуфта мешуд, маҳз забони русӣ сабаб гаштааст, то тоҷикӣ аз идораҳои давлат ронда ва ба забони хонагӣ табдил ёбад. Мақоми давлатии ин забон дар соли 1989 то андозае мушкилро ҳал кард, вале ҳарҷу марҷ дар имло ва бартарӣ ёфтани гӯишҳои маҳаллӣ бар забони адабӣ, аммо муҳимтар аз ҳама боз ҳам ба русӣ бастагӣ додани ояндаи фарзандони худ аз тарафи волидайн, сабаби рушд наёфтани он шумурда мешавад.