Сарвати пурасрор. Ҳамсари сарвазири Тоҷикистон чӣ гуна дар Дубай соҳиби хона шуд?

OCCRP менависад, дар ин акс Қоҳир Расулзода бо ҳамсараш Ихболхон Назирова (Иқболхон Нозирова) аст. Акс аз Инстаграм

Рӯзи 16-уми май OCCRP ё Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, дар доираи тарҳи "Dubai Unlocked" хабар дод, ки бино бар санадҳои дарёфтаи он Ихболхон Назирова (Иқболхон ё Иқболой Нозирова), ҳамсари Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, дар Дубай соҳиби моликият аст.

Баъд аз як рӯзи нашри хабар дар сомонаи Радиои Озодӣ, бо имзои "Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз имейле, ки зоҳиран ба сарвазир тааллуқ дорад, номае расид, ки дар он гуфта мешавад (айнан): "Ҷавобан ба гузориши Радиои озодӣ аз 16 майи соли 2024, ки аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор шуд, иттилоъ медиҳем, ки маълумоти ин хабар дар бораи ба ҳамсари Сарвазири Тоҷикистон мансуб будани виллаҳо асоси воқеӣ надорад ва ба ҳақиқат рост намеояд."

Дар посух Радиои Озодӣ ба ҳамин имейл нома фиристод, ки далелҳои тасдиқкунандаи ба дафтари сарвазир тааллуқ доштани нома пешниҳод карда шаванд. Ин нома беҷавоб монд ё шояд посух ҳамоно дар роҳ аст. Дар ин байн, 27-уми май OCCRP дар сомонаи худ матни пурраи марбут ба мавзуъро мунташир намуд, ки бо ризоияти он ин ҷо бознашр мешавад.

Элдиёр Арикбоев (OCCRP)

Фирӯзи Маҳмадалӣ (Azda TV)

Муҳаммадҷон Кабиров (Azda TV)

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамсараш Ихболхон Назирова (Иқболхон Нозирова) посух надоданд, ки дувумӣ чӣ гуна тавонистааст дар дохили ҷумҳурӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб соҳиби чанд хонаву дари боҳашамат шавад.

Даромади ҳамсари сарвазири Тоҷикистон маълум нест. Худи Қоҳир Расулзода ба ҳайси мансабдори баландпояи давлатӣ аз ҳаққи фаъолиятҳои тиҷоратӣ маҳрум аст. Бо вуҷуди ин, Ихболхон Назирова (Иқболхон ё Иқболой Нозирова) дар Тоҷикистон чанд хона дорад ва дар Дубай ба зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор доллар манзил харидааст.

Сарчашмаи сарвати нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамсараш ба мисли бисёриҳо дар ин кишвари Осиёи Марказӣ, ки расонаҳои озод намондаанд, асроромез аст. Ҷое, ки Эмомалӣ Раҳмон тайи се даҳсола раёсати ҷумҳуриро ба уҳда дорад ва нерӯйи худро ба ҳифзи қудрат ва саркӯби мухолифону мунтақидон харҷ мекунад.

Аммо OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта ва телевизиони Azda, як шабакаи тоҷикӣ дар Аврупо, санадҳоеро ба даст оварданд, ки бар асоси он Ихболхон Назирова (Иқболхон Нозирова) дар вилояти Суғд соҳиби чор хонаву як меҳмонхона аст. Шавҳараш Қоҳир Расулзода аз соли 2006 то 2013 раиси ҳукумати ҳамин вилоят буд.

Хонум Назирова (Нозирова) инчунин дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, соҳиби хона аст. Бастаи фошшудаи маълумот дар бораи соҳибони амволи ғайриманқул дар Дубай маълум кард, ки вай дар ин шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб низ ду “вилла” ё хонаҳои муҷаллал харидааст. Ин дар ҳолест, ки Ихболхон Назирова (Иқболхон Нозирова) ҳеч вақт молики ширкати сердаромад ва ё соҳиби кори маошаш хуб набуда, шавҳараш бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ҳаққи машғул шудан ба тиҷоратро надорад. Қоҳир Расулзода бисту чор сол боз мансабдори давлатист.

Эдвард Лемон

Эдвард Лемон, мудири маркази таҳлилии “Оксус” дар Вашингтон, мегӯяд, Қоҳир Расулзода ҳатто дар мансаби сарвазир маоши хоксоронаи расмӣ мегирад. Вай афзуд, мақоми нахуствазир дар Тоҷикистон “умдатан рамзист” ва қазияи ҳамсари Расулзода баёнгари он аст, ки ин ҷуфт бо режими “клептократӣ” робитаи хуб дорад.

“Вай вазифаҳои гуногуни давлатӣ дошт, аммо ба назар намерасид, ки дар низоми сиёсии бисёр худкома дар Тоҷикистон ҷоҳталабии зиёди шахсӣ дошта бошад. Бинобар ин, фикр мекунам, ба ҳамин далел ӯ ба унвони сарвазир баргузида шуд,” -- шарҳ дод Эдвард Лемон.

Бо ин вуҷуд, ҳеч далеле дар бораи иртиботи Қоҳир Расулзода ва Ихболхон Назирова (Иқболхон Нозирова) ба моҷароҳои пулӣ ва фасоди молӣ вуҷуд надорад. Худи онҳо ба дархости хабарнигорон дар бораи шарҳи сарчашмаи сарвату моликияташон посух надоданд.

АЗ РОҲИ АБРЕШИМ ТО ХАЛИҶИ ФОРС

“Меҳмонхона”-и Ихболхон Назирова (Иқболхон Нозирова) дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон, ки замоне бо Роҳи Абрешим ба Аврупо коло мефиристод, барои меҳмонон ҳуҷраҳоро ба иҷора медиҳад. Муваққатӣ ва тӯлонимуддат.

Хуҷанд дувумин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст. Кишваре, ки ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ яке аз ҷумҳуриҳои фақиртарин дар Осиёи Марказист. Ин шаҳр тақрибан 2500 сол пеш дар замони империяи форсҳо асос ёфта, дунёе дур аз маҳаллаҳои боҳашамату дастнорас ва биноҳои осмонбӯсест, ки тайи чанд даҳсолаи охир рӯйи регҳои Дубай бархостаанд.

Ихболхон Назирова (Иқболхон Нозирова) дар ҳарду ҷой ҳузур дорад. Бино ба маълумоти фошшуда дар доираи тарҳи "Dubai Unlocked", ӯ дар маҳаллаи "Мира Оазис III" дар Дубай ду "вилла" ё хонаи боҳашамат харидааст. Ин хонаҳо аз ҳамдигар дар масофаи 200 метр дурӣ ҷойгир шудаанд. Дар маҳаллае, ки хуб посбонӣ мешавад, амфитеатр, ҷойи гашти сагҳо, ҳавзҳои шиноварӣ ва майдони бозии волейбол дорад.

Арзиши яке аз ин виллаҳо беш аз 736 ҳазор доллар ҳисоб шудааст. Дигарӣ тақрибан 700 ҳазор доллар. Дар санадҳои хариди хона барои тамос рақами телефони духтари Ихболхон Назирова (Иқболхон Нозирова)-ро гузоштаанд.

OCCRP менависад, ин акси Фарангиз Азимова аз лаҳзаи сафараш ба Итолиё аст. Акс аз Инстаграм

Бино ба маълумоти ёфтшуда, Фарангиз Азимова, духтари Қоҳир Расулзода ва Ихболхон Назирова (Иқболхон Нозирова) низ дар Дубай амволи ғайриманқул дорад. Вай соли 2011, замоне ки ҳамагӣ 24 сол дошт, дар маҳаллаи “Meadows” як “вилла” гирифтааст. Арзиши ин хона феълан ҳудуди 5 миллиону 400 ҳазор доллар баровард мешавад.

Азимова, ки гуфта мешавад, тарроҳи либос аст, бо Зафар Азимов, соҳибкор ва писари сарвазири собиқи Тоҷикистон Яҳё Азимов издивоҷ кардааст. Азимови хурдӣ соҳиби як ширкати хусусист, ки дар Тоҷикистону Русия ва Амрико бахши истеҳсолот, амволи ғайриманқул ва тандурустиро сармоягузорӣ мекунад.

Чунин ба назар мерасад, ки ин ҷуфт аз тарзи зиндагии муҷаллали худ баҳра мебаранд. Паёмҳои гузоштаи хонум Азимова дар Instagram нишон медиҳанд, ки онҳо зуд-зуд ба кишварҳое чун Фаронса, Австрия, Бритониё ва Чехия мераванд. Онҳо ба дархостҳои хабарнигорон ҷавоб надодаанд.

ВАЗИРИ ФАСОДНОПАЗИР

Дар ҳоле ки Фарангиз Азимова метавонад аз сармоягузорӣ ва тиҷоратҳои шавҳараш баҳраёб шавад, иттилоъ дар бораи манбаи сарвати модараш вуҷуд надорад.

Ихболхон Назирова (Иқболхон Нозирова) дар Кумитаи андоз ё молиёти Тоҷикистон ҳамчун соҳибкор номнавис нашудааст, ки барои пеш бурдани тиҷорати хурд дар кишвар шарти ҳатмист. Бар асоси Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ, ки маълумотро то соли 2018 фаро мегирад, ӯ соҳиби ягон ширкат нест. Назирова дар гузашта мудири як қасри фарҳанг дар Хуҷанд будааст, вале дар бораи онки дар бахши хусусӣ кор кардааст ё не, иттилое нест.

Дар бораи ӯ дар расонаҳои Тоҷикистон қариб гузоришеро намебинед. Кишваре, ки созмони Human Rights Watch “саркӯби садоҳои мустақил ва интиқодӣ” номидааст. Аммо шахсе, ки масъули дафтари матбуоти ҳукумати Суғд дар замони раҳбарии Қоҳир Расулзода буд, дар матлабе аз соли 2015 кору зиндагии сарвазири ҳозираи Тоҷикистон ва ҳамсарашро ба тасвир кашидааст.

Ӯ дар ин матлаб, ки соли 2020 дар Интернет бознашр кард, дар бораи як сафари Расулзода ва ҳамсараш ба ноҳияи пахтакоре дар вилояти Суғд ва кумаки онҳо ба кишоварзон ёд оварда, аз қавли сардори хоҷагии деҳқонӣ чунин нигоштааст: “Ман аслан фикр намекардам, ки зани раиси вилоят ба пахтачинӣ меояд ва бо чиниши худ ҳамаро ҳайратзада мекунад. Ӯ мисли мошин пахта мечид."

Қоҳир Расулзода дар соли 2000 вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон таъйин шуд ва бо ҳамин ба сиёсати калон ворид гардид. Қабл аз он ба ҳайси усто ва сардори иттиҳодияи "Тоҷикирсовхозстрой”-и Хуҷанд кор кардааст. Масъули пешини дафтари матбуоти ҳукумати Суғд дар ҳамон мақолааш аз соли 2015 ӯро “нофосидтарин вазири тоҷик” ном мебарад.

Дар бахши хонадории Расулзода дар ин мақола гуфта шудааст, ки ӯ бо “муҳаббати нахустинаш Иқболой издивоҷ кард ва соҳиби се фарзанд ҳастанд”. “Иқболой дар баробари бонуи меҳрубону кадбонуи нотакрор будан завқи баланди зебоиофаринӣ дорад,” – гуфтааст ӯ.