Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Dubai Unlocked: Ифшои маълумот дар бораи "вилла"-ҳои ҳамсари Қоҳир Расулзода


Муҳаққиқони OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, дар доираи тарҳи "Dubai Unlocked" санадҳоеро дар бораи моликияти Иқболхон Нозирова (Ихболхон Назирова), ҳамсари Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, дар Дубай ёфтаанд.

Бино ба ин санадҳо, хонум Нозирова (Назирова) соҳиби ду вилла ё кӯшке дар Дубай будааст, ки арзиши онҳо дар умум ба зиёда аз 1 миллиону 436 ҳазор доллар мерасад.

Сарчашмаи ин пулҳо маълум нест.

Муҳаққиқон маълум кардаанд, ки кӯшкҳои вобаста ба ҳамсари сарвазири Тоҷикистон дар маҳаллаи "Mira Oasis 3"-и Дубай ҷойгиранд.

Маълумот дар бораи моликияти Иқболхон Нозирова (Ихболхон Назирова) рӯзи 14-уми май дастраси умум гаштаанд, вале то ҳанӯз вокуниши нахуствазири Тоҷикистон ё хонаводааш ба он маълум нест.

Иқболхон Нозирова (Ихболхон Назирова) дар гузашта дар идораҳои фарҳангӣ кор кардааст. Замоне ки Қоҳир Расулзода раиси ҳукумати вилояти Суғд буд, ӯ раёсати Қасри фарҳанги ба номи Рӯдакиро дар шаҳри Хуҷанд бар уҳда дошт.

Як замон коргардони озмуни "Чакомаи гесӯ" низ будааст. Озмуне, ки ба гуфтаи мақомот фарҳангу либоси миллиро тарғиб мекард.

Бо кӯчидани шавҳараш ба Душанбе ӯ ҳам ба пойтахт омад, вале дар бораи кори ҳозирааш иттилое дар даст нест. Танҳо дар 2014 гузориш шуда буд, ки ӯро мудири барномаи фарҳангии ҳамоишҳои Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Тоҷикистон гузоштаанд. Ин мақом муваққатӣ буд ва музде надошт.

Қоҳир Расулзодаи 63-сола аз моҳи ноябри соли 2013 нахуствазири Тоҷикистон аст. Пеш аз он вазири об ва раиси вилояти Суғд ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Қоҳир Расулзода
Қоҳир Расулзода

"Dubai Unlocked” таҳқиқоти байнулмилалӣ дар бораи соҳибони амволи ғайриманқул дар шаҳри Дубай аст. Ҳосили ҳамкории беш аз 70 расонаи хабарӣ.

Ин таҳқиқот дар маҷмуъ ошкор кардааст, ки чӣ гуна як шаҳри Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дари худро ба рӯйи садҳо нафар, аз ҷумла афроди гумонбар ба ҷинояту пулшӯӣ, боз кардааст. "Барои тасдиқи шахсияти "қаҳрамонҳо" моҳҳо зарур шуд," – гуфтаанд муаллифон.

Тоҷикистон як кишвари фақири пасошӯравӣ ва муҳтоҷи ёриҳои байнулмилалист ва биноан доштани моликияти мансабдоронаш ва наздикони онҳо дар хориҷа боис ба таваҷҷуҳ аст. Муҳаққиқони OCCRP ду сол қабл ҳисоби бонкии Қосим Роҳбар, раиси пешини Ҳисорро дар Швейтсария ёфта буданд. Ин ҳисоб соли 2004 боз шуда, то соли 2011 фаъол буд ва дар он зиёда аз 9 миллион долларро нигоҳ доштаанд.

Аз он пеш, соли 2018, Маркази таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта ошкор кард, ки раиси собиқи ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов) ва аъзои оилаи ӯ дар Ҷумҳурии Чех ва Русия шаш хонаву сохтмон доранд. Дар таҳқиқот гуфта шуда буд, ки ин хонавода барои харидани манзилу сохтмонҳои боҳашамат беш аз 10,6 миллион доллар сарф кардааст.

XS
SM
MD
LG