Шаҳрванди Узбакистон, ки дар куштори 8 нафар дар маркази шаҳри Ню-Йорк дар таърихи 31-уми октябри соли 2017 муттаҳам мешавад, дар додгоҳ гуфтааст, ки омода аст гуноҳашро эътироф кунад, ба шарти он, ки ба ҳукми қатл маҳкум нашавад.
Дар ин бора рӯзи 17-уми январ вакилони дифои Сайфулло Саипов хабар доданд. Вакилони Саипови 29-сола дар изҳороти расмии рӯзи чоршанбеи худ гуфтанд, ки дархости худро ба додгоҳ ирсол карданд. Додситонҳо аз Додгоҳи минтақаи Манҳеттени Ню-Йорк, ки парвандаи Саиповро баррасӣ мекунад, дархост кардаанд, ки муҳокимаи Саипов аз рӯи иттиҳомоти марбут ба содир кардани куштор ва амалҳои террористӣ апрели соли 2019 баргузор шавад.
Саипов як муҳоҷир аз Узбакистон аст, ки соли 2010 иҷозаи иқомати доимӣ дар ИМА-ро ба даст овард. Ӯро баъди чанд лаҳзаи ҳодисаи ҳамла ба роҳгузарон дар Манҳеттен боздошт карданд.
Додситонҳо гуфтанд, ки маҷрӯҳшудаҳои ҳамлаи моҳи октябр ва ҳам хешовандони қурбониҳо бисёр мехоҳанд, ки шоҳиди зудтар анҷом шудани мурофиа бошанд. Вакилони Саипов гуфтанд, ки роҳи анҷоми зудтари парванда ин аст, ки додситонҳо пешниҳоди онҳоро қабул кунанд. Дар як изҳороти хаттии вакилон гуфта мешавад, ки “қарори ҳукумат барои худдорӣ аз содир шудани ҳукми қатл метавонад ин парвандаро дар фурсати зудтар ба анҷом расонад ва дигар хешовандонро аз азияти рӯҳии фоҷеаи он ҳодиса раҳо кунад”.
Қарор аст дафтари додситони муваққатии Манҳеттен Ҷеффрӣ Берман, ки дар мурофиа ба ҳайси айбдоркунанда иштирок мекунад, қарор аст дар заминаи содир кардани ҳукми қатл пешниҳоди худро ироа кунад. Вале боз ҳам қарори ниҳоӣ бояд аз забони додситони кулли ИМА Ҷефф Сешшин садо диҳад. Берман ва Сешшинро шахсан президент Доналд Трамп барои кор дар ин қазия таъин кардааст. Ӯ дар як изҳороташ дар "Твиттер" навишт, ки Саипов бояд ба ҳукми қатл маҳкум шавад.
Агар ҳукумат хоҳад, ки Саиповро ба ҳукми зиндон маҳкум кунад, дар ин сурат, ба гуфтаи вакилони дифои ӯ, додгоҳ набояд пеш аз сентябри соли 2019 баргузор шавад. То он муддат вакилони дифоъ бояд барои ҳимоят аз ҳуқуқи гумонбар маълумоти бештари дифоӣ омода кунанд.
Саипов як муҳоҷир аз Узбакистон аст, ки соли 2010 иҷозаи иқомати доимӣ дар ИМА-ро ба даст овард. Ӯро баъди чанд лаҳзаи ҳодисаи ҳамла ба роҳгузарон дар Манҳеттен боздошт карданд. Полис гуфт, ки ин мард махсус мошини ба иҷорагирифтаашро ба сӯи велосипедронҳо ҳаракат дод. Ин ҳодиса чанд кӯча дуртар аз Маркази тиҷоратии Амрико рух дод, ки соли 2011 шоҳиди ҳамлаи ваҳшатноки террористӣ шуд.
Дар баёноти аввалияи худ Саипов ба полис гуфт, ки аз тарафдорони гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст ва ин гурӯҳи мамнӯъ ҳам баъдан Саиповро “як сарбози Халифат” номид.
Додситонҳо гуфтанд, ки телефони мобили Саипов пур аз сабтҳои таблиғкунандаи ДИИШ ва саҳнаҳои сарбурии инсонҳо аз ҷониби аъзои ин гурӯҳ мебошад. Дар дохили телефони ӯ дигар саҳнаҳои хушунати ин гурӯҳи террористӣ дар Сурияву Ироқ ошкор шуд. ДИИШ соли 2014 қаламравҳоеро дар ин кишварҳо таҳти назорати худ даровард.
Саипов то куштори инсонҳо дар Ню-Йорк ба ҳайси як ронандаи мошини борбари тиҷоратӣ ва ҳам корманди ширкати Uber кор мекард ва дар бозпурсиҳои додситонӣ гуфт, ки аз видеоҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” илҳом гирифта амал кардаанд. Оилаи Саипов ба бахши Узбакии Радиои Озодӣ гуфт, то рафтанаш ба ИМА дар соли 2010 Саипов шахси ифротӣ набуд ва зоҳиран тавассути интернет тундгаро шудааст.
Моҳи ноябри соли 2017 Саипов аз рӯи 8 иттиҳом, аз ҷумла, куштор, 12 талоши куштор ва як ҳолати ироаи мавод ба пуштибонии ДИИШ, як ҳолати хушунат ва истифодаи мошин ба хотири куштор гумонбар дониста шуд. 28 ноябр ӯ гуфт, ки худро гунаҳгор намеҳисобад ва ҳоло баёноте додааст, ки комилан хилофи он мебошад.