Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дороиҳои гумонбари ҳамлаи Ню-Йорк ба фоидаи ИМА мусодира мешавад


Манзили волидони Соипов дар Тошканд
Манзили волидони Соипов дар Тошканд

Додгоҳи ИМА қарор кард, дороиҳои Сайфулло Соипов дар Амрико ва Узбакистон мусодира шавад. 31 октябри соли ҷорӣ зодаи Узбакистон Соипов дар Манхэттени Ню-Йорк дар як ҳамлаи террористӣ ҳашт нафарро кушт.

Бахши узбакии Радиои Озодӣ рӯзи 9 декабр хабар дод, ки пайвандони Соипов дар Тошканд мумкин аст аз манзилашон маҳрум шаванд.

Мақомот гуфтанд, ки дар баёноти авввалияи худ баъди боздошт Соипов иртиботаш бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро эътироф кард ва каме дертар масъулияти ин ҳамларо ин гурӯҳи мамнӯи террористӣ ба дӯш гирифт.

Инчунин худи Соипов аз ду ширкат маҳрум хоҳад шуд.

Додгоҳ қарор кард, ки ҳамаи моликият, аз ҷумла он моликияте, ки зодаи Узбакистон барои омодагӣ ба теракт истифода мебурд, мусодира шавад.

Ҳамсар ва фарзандони Соипов дар ИМА зиндагӣ мекунанд ва онҳо низ метавонанд бе сарпаноҳ монанд. Ба ҷуз ин, амволи ғайриманқули волидони Соипов дар шаҳри Тошканди Узбакистон низ мумкин аст, мусодира шавад. Агар мақомоти Узбакистон талаботи ҳукумати ИМА-ро қонеъ кунад, манзили волидони Соипов мумкин моли Амрико шавад.

Дар додгоҳ худро бегуноҳ эълон кард

Муҳоҷири узбаки муттаҳам дар куштори 8 нафар дар як ҳамлаи мудҳиши Ню-Йорк, худро бегуноҳ эълон кардааст. Сайфулло Соипови 29-сола дар мурофиаи рӯзи 28 ноябр дар додгоҳи Манҳеттен баромад кард.

Нисбати ӯ аз рӯи 22 иттиҳом, аз ҷумла куштор ва таъмини мавод ва пуштибонӣ аз созмони хориҷии террористӣ айб эълон шудааст. Аз рӯи сангинтарин иттиҳом ҷиноят ӯро ҳукми қатл таҳдид мекунад.

Соипов ҳамон рӯзи 31 октябр якбора баъди бо мошини хурди борбараш пахш кардани роҳгузару велосипедронҳо дар минтақаи Вест Сайди Манҳеттен боздошт шуд. Баъди ҳамлаи террористии Ню-Йорк дар таърихи 11 сентябри соли 2001 ин мудҳиштарин ҳамла дар ин шаҳр мебошад.

Мақомот гуфтанд, ки дар баёноти авввалияи худ баъди боздошт Соипов иртиботаш бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро эътироф кард ва каме дертар масъулияти ин ҳамларо ин гурӯҳи мамнӯи террористӣ ба дӯш гирифт.

Шоми 21 ноябр дар Ню-Йорк ҳайати бузурги доварон алайҳи муҳоҷири узбак 22 иттиҳоми нав эълон кард, ки аз 8 мавриди куштор ва 12 мавриди қасди куштор иборат аст. Соипов баъди боздошт дафъатан дар терроризм муттаҳам шуд, вале додситонҳо чанд ҳафта фурсат гирифтанд, то ки шаҳодати бештари ҷинояти ин шаҳрванди Узбакистонро ҷамъоварӣ кунанд. Ҳанӯз вакили дифои Соипов иттиҳомоти нави зидди ӯро шарҳ намедиҳад.

Ду телефони пур аз сабтҳои "Давлати исломӣ"

Додситони кулли ИМА Ҷефф Сешшин ин ҳамларо “як амали ҳисобшудаи террористӣ дар дили шаҳри бузурги мо” номид. Иҷрокунандаи вазифаи додситони ИМА Ҷун Ким гуфт, “даҳҳо видеову аксҳое, ки дар телефони мобили Соипов ошкор шуд, барои исботи ҷиноятҳои ӯ дар додгоҳ истифода хоҳад шуд”.

Вай гуфт, Соипов мисли террористони дигар ҳоло дар додгоҳи Амрико посух медиҳад ва парвандаи ӯ қотеона, хеле ҷиддӣ ва сареъ баррасӣ мешавад. Уилям Свинӣ, раҳбари дафтари Бюрои федеролии тафтишот дар Ню-Йорк гуфт, ки бо вуҷуди талошҳои Соипов барои маргу эҷоди харобии бештар, ин ҳодиса нишон дод, ки қонун дар мадди аввал аст.

Хоҳари Алишер Соипов: Мехоҳам, бародарамро қатл накунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Ҳамлаи террористӣ бо даъвати Абӯбакри Бағдодӣ

Мақомот бо такя ба санадҳои додгоҳӣ гуфтанд, ки Соипов дар ҷараёни таҳқиқот эътироф кардааст, ки ҳамла дар Ню-Йоркро бо илҳом аз видеоҳои раҳбари гурӯҳи “Давлати Исломӣ” Абубакр Ал-Бағдодӣ анҷом додааст, ки гуфтааст: “Оё мусалмонони ИМА ва дигар ҷойҳо дар посух ба кушторҳои мусалмонҳо дар Ироқ чӣ карданд?”.

Тафтишот мегӯяд, ки дар дохили ду телефони мобили Соипов 90 сабти видеое ошкор шудааст, ки аз тарғиботи гурӯҳи “Давлати исломӣ” иборат буда, аз ҷумла, як саҳнаи сарбурӣ ва аз болои як зиндонӣ ҳаракат кардани мошини борбарро ҳам намоиш медиҳад. Дар телефони дигар маълумот дар бораи ширкатҳои иҷорадиҳандаи мошинҳои борбар мавҷуд аст.

Соипов дар лаҳзае аз ҷониби як афсари полис тир хӯрд, ки баъди пахши раҳгузарон мошинаш ба як автобуси мактабӣ бархӯрд. Мақомот гуфтанд, ки ҷароҳати бардоштаи худи Соипов ҷиддӣ набуд, ба ҳамин хотир ӯро баъди ду рӯзи муолиҷа дар бемористон ба як маҳбаси Манҳеттен интиқол доданд.

Баъди кӯчидан ба ИМА дар соли 2010, ки ба қавли мақомот қонунӣ сурат гирифтааст, ӯ нахуст дар Оҳайо ба ҳайси ронандаи як мошини тиҷоратӣ кор кард ва баъдан ба Флорида кӯчид. То ҳамин охирҳо ӯ бо ҳамсару фарзандонаш дар Ню-Ҷерсӣ зиндагӣ карда ба ҳайси ронандаи ширкати таксии Uber кор кард.

"Шок шудем"

Умеда - хоҳари 27-солаи Сайфулло Соипов дар сӯҳбат ба Бахши узбакии Радиои Озодӣ моҳи ноябр гуфт, ки бародараш дар замони зиндагӣ дар ватан як инсони оддӣ буд ва ҳеҷ ақидаҳои ифротӣ надошт, вале баъди кӯчидан ба ИМА “мағзшӯӣ” шуд. Вай гуфт, вақте баъди издивоҷаш дар соли 2013 риши дароз монд, “ҳама тарсиданд”. Умеда Соипова гуфт, дар бораи онҳое, ки метавонистанд ба зеҳни бародараш таъсир гузоранд, ҳеҷ иттилое надоранд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG