Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони иттиҳомоти нав алайҳи Сайфулло Соипов, гумонбари ҳамла ба Ню-Йорк. ВИДЕО


Рӯзи 1 ноябр дар додгоҳ Соипови он замон маҷрӯҳ савори аробача ҳозир шуд
Рӯзи 1 ноябр дар додгоҳ Соипови он замон маҷрӯҳ савори аробача ҳозир шуд

Дар ИМА ҳайати бузурги доварон алайҳи муҳоҷири узбаке, ки дар қатли 8 нафар дар шаҳри Ню-Йорк дар моҳи октябр муттаҳам мешавад, 22 иттиҳоми нав, аз ҷумла аз рӯи моддаҳои “куштор” ва “пуштибонӣ аз гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” эълон кардааст.

Дар айбномае, ки шоми 21 ноябр ба Сайфулло Соипови 29-сола эълон шуд, 8 мавриди куштор ва 12 мавриди қасди куштор ворид шудааст. Дар

Дар дохили ду телефони мобили Соипов 90 сабти видеое ошкор шудааст, ки аз тарғиботи гурӯҳи “Давлати исломӣ” иборат буда, аз ҷумла, як саҳнаи сарбурӣ ва аз болои як зиндонӣ ҳаракат кардани мошини борбарро ҳам намоиш медиҳад

сурати исбот шудани гуноҳҳои Соипов дар куштори инсонҳо, ба ӯ ҳукми қатл таҳдид мекунад.

Соипов рӯзи 21 октябр баъди он боздошт шуд, ки дар минтақаи Манҳеттени наздик ба маркази тиҷоратии Ню-Йорк бо мошини хурди борбари худ роҳгузарҳоро ба ҳалокат расонд. Дар ин ҳодиса 8 нафар кушта ва 12 тан маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамларо баъди ҳодисаи террористии 11 сентябри соли 2001 мудҳиштарин ҳамла дар таърихи Ню-Йорк меноманд.

Соипов баъди боздошт дафъатан дар терроризм муттаҳам шуд, вале додситонҳо чанд ҳафта фурсат гирифтанд, то ки шаҳодати бештари ҷинояти ин шаҳрванди Узбакистонро ҷамъоварӣ кунанд. Ҳанӯз вакили дифои Соипов иттиҳомоти нави зидди ӯро шарҳ намедиҳад.

Ҳузури нахустини Соипов дар додгоҳ рӯзи 28 ноябр сурат мегирад. Қарор аст дар ин мурофиа эътирофоти ӯ садо диҳад.

Ду телефони пур аз сабтҳои "Давлати исломӣ"

Додситони кулли ИМА Ҷефф Сешшин ин ҳамларо “як амали ҳисобшудаи террористӣ дар дили шаҳри бузурги мо” номид. Иҷрокунандаи вазифаи додситони ИМА Ҷун Ким гуфт, “даҳҳо видеову аксҳое, ки дар телефони мобили Соипов ошкор шуд, барои исботи ҷиноятҳои ӯ дар додгоҳ истифода хоҳад шуд”.

Вай гуфт, Соипов мисли террористони дигар ҳоло дар додгоҳи Амрико посух медиҳад ва парвандаи ӯ қотеона, хеле ҷиддӣ ва сареъ баррасӣ мешавад. Уилям Свинӣ, раҳбари дафтари Бюрои федеролии тафтишот дар Ню-Йорк гуфт, ки бо вуҷуди талошҳои Соипов барои маргу эҷоди харобии бештар, ин ҳодиса нишон дод, ки қонун дар мадди аввал аст.

Мақомот гуфтанд, ки Соипов дар баёноти аввалияи худ иртиботаш бо “Давлати исломӣ”-ро эътироф кардааст. Ин ҳамла ҳам ба номи гурӯҳи мамнӯи террористӣ марбут дониста шуд.

Хоҳари Алишер Соипов: Мехоҳам, бародарамро қатл накунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Ҳамлаи террористӣ бо даъвати Абӯбакри Бағдодӣ

Мақомот бо такя ба санадҳои додгоҳӣ гуфтанд, ки Соипов дар ҷараёни таҳқиқот эътироф кардааст, ки ҳамла дар Ню-Йоркро бо илҳом аз видеоҳои раҳбари гурӯҳи “Давлати Исломӣ” Абубакр Ал-Бағдодӣ анҷом додааст, ки гуфтааст: “Оё мусалмонони ИМА ва дигар ҷойҳо дар посух ба кушторҳои мусалмонҳо дар Ироқ чӣ карданд?”.

Тафтишот мегӯяд, ки дар дохили ду телефони мобили Соипов 90 сабти видеое ошкор шудааст, ки аз тарғиботи гурӯҳи “Давлати исломӣ” иборат буда, аз ҷумла, як саҳнаи сарбурӣ ва аз болои як зиндонӣ ҳаракат кардани мошини борбарро ҳам намоиш медиҳад. Дар телефони дигар маълумот дар бораи ширкатҳои иҷорадиҳандаи мошинҳои борбар мавҷуд аст.

Соипов дар лаҳзае аз ҷониби як афсари полис тир хӯрд, ки баъди пахши раҳгузарон мошинаш ба як автобуси мактабӣ бархӯрд. Мақомот гуфтанд, ки ҷароҳати бардоштаи худи Соипов ҷиддӣ набуд, ба ҳамин хотир ӯро баъди ду рӯзи муолиҷа дар бемористон ба як маҳбаси Манҳеттен интиқол доданд.

Баъди кӯчидан ба ИМА дар соли 2010, ки ба қавли мақомот қонунӣ сурат гирифтааст, ӯ нахуст дар Оҳайо ба ҳайси ронандаи як мошини тиҷоратӣ кор кард ва баъдан ба Флорида кӯчид. То ҳамин охирҳо ӯ бо ҳамсару фарзандонаш дар Ню-Ҷерсӣ зиндагӣ карда ба ҳайси ронандаи ширкати таксии Uber кор кард.

"Шок шудем"

Умеда - хоҳари 27-солаи Сайфулло Соипов дар сӯҳбат ба Бахши узбакии Радиои Озодӣ моҳи ноябр гуфт, ки бародараш дар замони зиндагӣ дар ватан як инсони оддӣ буд ва ҳеҷ ақидаҳои ифротӣ надошт, вале баъди кӯчидан ба ИМА “мағзшӯӣ” шуд. Вай гуфт, вақте баъди издивоҷаш дар соли 2013 риши дароз монд, “ҳама тарсиданд”. Умеда Соипова гуфт, дар бораи онҳое, ки метавонистанд ба зеҳни бародараш таъсир гузоранд, ҳеҷ иттилое надоранд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG