Толстой аз Русия ба Тоҷикистон барнамегардад

Як сарбози пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон, ки барои бо 30 зарби корд захмӣ кардани ронандаи тоҷик Тоҳир Султонов муттаҳам мешавад, дар бемористони касалиҳои рӯҳии Екатеринбург бистарӣ шудааст.

Дмитрий Толстой, сарбози пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикстон, ки барои бо сӣ зарби корд маҷрӯҳ кардани ронандаи таксӣ дар Қӯрғонтеппа Тоҳир Султонов муттаҳам мешавад, аз Русия ба Тоҷикистон оварда нахоҳад шуд. Як манбаи наздик ба пойгоҳи ҳарбии Русия рӯзи 24 феврал ба Озодӣ гуфт, ҳоло Толстой бо қарори додгоҳ дар бемористони касалиҳои рӯҳии Екатеринбург бистарӣ шуда, таҳти табобат қарор дорад.

Ба қавли манбаъ, бино ба хулосаи табибон вазъи равонии Толстой бад буда, ӯ дар ҳолати бехудӣ ба Тоҳир Султонов ҳамла кардааст. Ӯ гуфт, Толстой давраҳои табобатиро дар Екатеринбург паси сар гузошта, ба эҳтимоли зиёд аз ҷавобгарӣ низ озод хоҳад шуд.

"Ҳанӯз дар ин замина қарори ниҳоӣ содир нашудааст. Вале аз ҳоло додгоҳ тасмим гирифт, ки ӯ ба Тоҷикистон барои муҳокима оварда нашавад ва дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ бихобад. Агар ин продседура давом ёбад ва тӯлонӣ бишавад, ба эҳтимоли зиёд, ӯ номукаллаф эълон ва сипас аз ҷавобгарӣ озод хоҳад шуд," – афзуд манбаъ.

Ҳафтаи гузашта бемористони Екатеринбург баъд аз ташхиси вазъи равонии Дмитрий Толстой эълон кард, ки ӯ гирифтори касалии рӯҳист. Ин хабарро рӯзи 19 феврал дар суҳбат бо Озодӣ Наталя Антонова, як муфаттиши додгоҳи низомии Русия дар Душанбе низ тасдиқ карда буд.

Тоҳир Султонов

Дмитрий Толстой, сарбози пойгоҳи 201-уми Русия дар Қӯрғонтеппа, рӯзи 21 августи соли гузашта ба сару гардан ва пою шиками Тоҳир Султонов 30 корд задааст. Ин таксирони тоҷик 10 рӯз дар беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон бистарӣ буд. Худи Тоҳир Султонов мегӯяд, ки танҳо аз дасти росташ 19 захми корд бардоштааст. Ду зарбаи корд ба рӯи дилаш расида ва як зарбаи дигар - бар рӯи ҷигараш.

Аммо Тоҳир Султонов ба "девона" будани ин сарбози рус бовар надорад. Ӯ мегӯяд, ки аз болои ин қарор ба додгоҳ муроҷиат мекунад ва бо истифода аз ниҳодҳои ҳуқуқӣ, онро ба чолиш мекашад. Тоҳир Султонов гуфт, агар сарбози рус девона мебуд, барои кордкашияш ҷои хилват ё муносибе пайдо намекард: "Ман адвокат гирифтам, то исбот кунам, ки ин сарбоз девона набуд. Вай аз Душанбе то Қӯрғонтеппа барои ҳамла ба ман, нақша кашида буд."

Ҳамла ба Тоҳир Султонов нахустин мавриди даст доштани сарбозони воҳидҳои пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар аъмоли ҷиноӣ дар ин кишвар нест. Дар моҳи августи соли гузашта додгоҳи низомии пойгоҳи Русия Илдар Сахапов ва Фёдор Басимов, ду сарбози ин пойгоҳ дар шаҳри Душанберо бо ҷурми қатли таксирони маҳаллӣ Раҳимҷон Тешабоев мутаносибан ба 13 ва 17 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳоло Иван Шербаков, сарбози дигари пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон барои қатли Шоира Ҷобирова, сокини 22-солаи Душанбе муттаҳам аст.

Тибқи созишномаи соли 2012 байни Тоҷикистону Русия, ки замони ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро то соли 2042 тамдид кард, ба сарбозону афсарони ин пойгоҳ масуният дода шудааст ва мақомоти Тоҷикистон ҳаққи таъқиби ҷиноӣ ва муҳокимаи низомиҳои Русияро надоранд. Муҳокимаи парвандаи Сахапов ва Басимовро низ аз ин рӯ мақомоти додгоҳи низомии худи Русия анҷом доданд.

Ба ҳамин далел, баъди анҷоми тафтишоти муқаддамотӣ парвандаи ҳамла ба таксирони қӯрғонтеппагӣ Тоҳир Султоновро низ ба мақомоти тафтишотии пойгоҳи Русия супурдаанд. Вале дар охирҳои соли гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо таслими як ёддошт ба сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов аз Маскав хост, ки аз ҷинояткории сарбозонаш дар кишвар ҷилавгирӣ намояд.