Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин "легионер"-ҳои тоҷик дар артиши Русия


Мулкамоншо Дороншоев. Акс аз телевизиони "Россия -Вологда"
Мулкамоншо Дороншоев. Акс аз телевизиони "Россия -Вологда"

Матбуоти Русия аз нахустин мавридҳои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба хидмати низомӣ дар артиши Русия хабар медиҳад.

Расонаҳои Русия мегӯянд, ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба хидмати низомӣ ба артиши кишвар шурӯъ шудааст ва дар байни нахустин “легионер”-ҳои артиши Русия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд.

Шабакаи телевизионии “Россия –Вологда” рӯзи 16 ноябр хабар дод, ки се шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Вологда ба хидмати низомӣ даъват шудаанд. Ин шабака ҷалби ин се ҷавон ба хидмати қарордодӣ дар артиши Русияро нахустин мавриди истихдоми “легионер”-ҳо ба артиши кишвар дар ҳавзаи Шимолу Ғарб унвон кардааст.

Дар навори видеоие, ки телевизиони “Россия –Вологда” нашр кардааст, яке аз ин ҷавонони тоҷик бо номи Аваз Алиев мегӯяд, ки онҳо бояд ибтидо дар Петербург ду моҳ “учебка” (давраи таълимӣ)-ро пушти сар кунанд ва “баъд тасмим хоҳанд гирифт, ки киро куҷо фиристанд. Мо тибқи қарордод 5 сол хидмат мекунем дар артиш.”

Ҷавони дигар бо номи Мулкамоншо Дороншоев, ки 20 сол доштааст, пинҳон намекунад, ки ҳадафи ӯ аз хидмати қарордодӣ дар артиши Русия ҳамвор кардани роҳаш барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар аст. Ӯ, ки бо як забони шикастаи русӣ сӯҳбат мекард, гуфт: “Баъди хидмат ба ягон ҷо дохил мешавам. Мехоҳам милиса шавам ва дар вазорати корҳои дохилӣ кор кунам.”

Яке аз муҳоҷирони тоҷики муқими Вологда ба Озодӣ гуфт, Мулкамоншо аз наздикони Авзалшо Дороншоев, раҳбари ҷамъияти тоҷикони Вологда бо номи “Автономияи тоҷикон “Ватан” мебошад ва ҳамеша орзуи пулис шудан дошт. Ба гуфтаи ӯ, сабаби барои 5 сол қарордод бастану ба артиши Русия ба хидмат рафтани ин ҷавони тоҷик низ ҳамин аст, ки дар оянда роҳаш ба Академияи пулиси Русия боз шавад.

Сӯҳбати "легионер"-ҳои тоҷики артиши Русия дар шабакаи "Россия -Вологда"-ро инҷо бубинед:

Дар солҳои 90 низ шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои хидмати низомӣ дар воҳидҳои дивизияи 201-уми артиши Русия ва нирӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон ҷалб мешуданд. Як қисми ҷавонони тоҷик ҳатто хидмати ҳатмии низомиро дар воҳидҳои низомии Русия дар Тоҷикистон анҷом медоданд ва бахше ҳам ба сурати қарордодӣ дар ин ҷузвутомҳо хидмат мекарданд. Аммо бо хуруҷи нирӯҳои мразбонии Русия дар соли 2005 ва табдили дивизия ба пойгоҳ ин таҷруба аз байн рафта буд.

Мақомоти Русия мегӯянд, ҳоло барои шаҳрвандони хориҷие, ки тибқи қарордод дар артиши Русия хидмат мекунанд, имтиёзҳои зиёде, аз ҷумла дар мавриди имкони таҳсил дар мактабҳои олии Русия ва дарёфти ҳаққи шаҳрвандии Русия дода мешавад. Тибқи тағйироте, ки моҳи январи соли равон ба қонуни хидмати низомӣ ва ҳам ба қонуни шаҳрвандии Русия шомил карда шуд, онҳое, ки беш аз 3 сол тибқи қарордод дар артиш хидмат мекунанд, метавонанд ба таври боимтиёз – бидуни дарёфти ҳаққи иқомат ва иҷрои шарти 5 соли зиндагӣ дар қаламрави Русия - шаҳрванди Русия шаванд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 2 январи соли 2015 ба бастаи тағйирот ба “Низомнома дар бораи тартиби адои хидмати низомӣ” имзо гузошт. Бино ба таҳрири нави ин санад, “легионер”-ҳо ба нирӯҳои заминиву баҳрии артиши Русия, ба истисно нирӯҳои дохила ва ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия ба хидмат ҷалб шуда, онҳо ҳамчунин метавонанд “тибқи аслу меъёрҳои қабулшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, шартномаҳои байналмилалии Русия ва қонунгузории Русия дар иҷрои вазифаҳо дар шароити вазъи низомӣ, ҳамчунин дар шароит низоъҳои мусаллаҳона ширкат кунанд.”

Ин низомнома танҳо ба хидмат дар артиши Русия ҷалб кардани он шаҳрвандони хориҷиро, ки алайҳашон парванда боз шудааст ваё адои ҳукми зиндон мекунанд, манъ мекунад. Гуфта мешавад, ки ҷалби хориҷиҳо ба хидмати низомӣ дар артиши Русия ба таври ихтиёрӣ ва бар асоси аризаи худи довталабон сурат мегирад.

Мавзӯи ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба артиши Русия ва ҳатто таъсиси “легиони хориҷӣ” дар ҳайъати ин артиш чандин сол боз мавриди баҳс қарор дошт. Маскав имсол дар ҳоле дарвозаҳои артишашро ба рӯи хориҷиён боз кард, ки барномаҳои пуриддаои то ба 2 миллион расондани шумори нирӯҳои низомиаш ва ба ним миллион расондани теъдоди сарбозони қарордодиро рӯи даст гирифтааст.

Дар шароити коҳиши таваллуд дар Русия ва мушкилоти демографии бавуҷудомада, ба ақидаи коршиносони рус, Маскав илоҷи дигаре ба ҷуз аз ҷадби “легионер”-ҳо барои иҷрои ин барномаҳои пуриддао надорад. Аммо таҳлилгарони масоили низомии Русия ба паҳлуи дигари ин масъала – аҳдофи геополитикии Русия дар паҳнои Шӯравии собиқ, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ низ ишора мекунанд ва мегӯянд, ғолибан як бахши аъзами “легионер”-ҳо аз ҳисоби муҳоҷирони ҷавон аз ҳамин минтақа хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG