Дар ҳоле, ки сарбози пойгоҳи 201-и Русия Дмитрий Толстой "девона" эълон шудааст, Тоҳир Султонов -- кирокаше, ки даъвои товони зарар дорад, мегӯяд, ки аз ин қарор ба додгоҳ муроҷиат мекунад ва бо истифода аз ниҳодҳои ҳуқуқӣ, онро ба чолиш мекашад.
Бино ба иттилои манбаи наздик ба Додгоҳи ҳарбии гарнизони 109-уми пойгоҳи Русия, бемористони рӯҳии Екатеринбург Дмитрий Толстойро “девона” баровардааст.
Аммо Тоҳир Султонов мегӯяд, ки агар сарбози рус девона мебуд, барои кордкашияш ҷои хилват ё муносибе пайдо намекард: "Ман адвокат гирифтам, ин сарбоз девона набуд, чун вай аз Душанбе то Қӯрғонтеппа барои ҳамла ба ман, нақша кашида буд."
Дмитрий Толстой, сарбози пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки барои бо 30 зарби корд маҷрӯҳ кардани ронандаи таксӣ Тоҳир Султонов айбдор мешавад, бино ба натиҷаи ташхиси бемористони рӯҳии Екатеринбург "девона" муаррифӣ шудааст. Як манбаи наздик ба додгоҳи ҳарбии гарнизони 109-уми пойгоҳи Русия рӯзи 16 феврал ба Озодӣ гуфт, ба ин далел ҳанӯз Толстой ба Тоҷикистон интиқол наёфта, қарор аст, замони тафтишоти қазияаш низ то ду моҳи дигар дароз шавад.
Ба қавли манбаъ, агар девона будани Дмитрий Толстойро мақомоти тафтишот низ таъйид кунанд, бар асоси қонунҳои Русия ӯ аз ҷавобгарӣ озод хоҳад шуд. “Ҳоло ташхиси тиббӣ муайян кардааст, ӯ дар ҳоле ба ронандаи таксӣ ҳамла карда, ки вазъи равонияш хеле бад будааст,” -- афзуд манбаъ.
Наталия Антонова, як масъули дигари додгоҳи низомии Русия дар Душанбе имрӯз, 16 феврал хабари "девона" эълон шудани ин сарбозро тасдиқ кард, вале гуфт, шахсан дар ин робита чизе гуфта наметавонад, чун тафтишот ҳанӯз ба охир нарасидааст.
Дмитрий Толстой, сарбози пойгоҳи 201-уми Русия дар Қӯрғонтеппа, рӯзи 21 августи соли гузашта ба сару гардан ва пову шиками Тоҳир Султонов беш аз 30 корд задааст. Ин таксирони тоҷик 10 рӯз дар беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон бистарӣ буд.
Худи Тоҳир Султонов қаблан дар як суҳбати видеоӣ бо Озодӣ гуфта буд, ки танҳо аз дасти росташ 19 захми корд бардоштааст. Ду зарбаи корд ба рӯи дилаш расида ва як зарбаи дигар ба рӯи ҷигараш.
Нақли Тоҳир Султонов дар видео:
Тоҳир Султонови 25-сола, сокини маҳаллаи Гулистони ҷамоати деҳоти "Ғайрат"-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ду соли охир ба кирокашӣ машғул буд, дар як мусоҳибаи видеоӣ бо Озодӣ дар манзили зисташ гуфт, вақте сарбози рус ба ӯ ҳамла кард, бемадор буд. Ӯ мегӯяд, ки сарбози Русия шояд ӯро ба хотири мошинаш куштан мехост, то мошинро фурӯхта, қарзҳояшро бар гардонад.
“Мошинам “Ҳюндай Соната” аст. Ин сарбози рус дар роҳ қимати мошинамро пурсид. Ман ба ӯ гуфтам, ки 9 ҳазор доллар қимат дорад,” - мегӯяд Тоҳир Султонов.
Ӯ аз қавли кормандони пойгоҳи 201 мегӯяд: "Ба командираш гуфтааст, ки ба хотири мошин мехост маро бикушад. Аз мардум, аз бачаҳои Ломоносов (маҳаллае дар Қӯрғонтеппа) қарздор будааст. Мошинамро дар роҳ нигоҳ кард, ростӣ, аз аввал нафаҳмидам, ки чӣ мақсад дорад. Вақте дар мошини ман буд нархи мошинамро пурсид. Намедонам, барои чӣ?".
Тоҳир Султонов гуфт, ки ин сарбози русро аз истгоҳи таксиҳои Қӯрғонтеппа дар маҳаллаи “Саховат”-и шаҳри Душанбе гирифта буд ва онҳо соати 11 ба роҳ баромада, соате баъд ба Қӯрғонтеппа расиданд. Дмитрий Толстой аз соати 12 то соати 2 атрофи Қӯрғонтеппа дар мошини Тоҳир чарх зада, сипас дар маркази ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар ба ӯ ҳамла кардааст.
Тоҳир мегӯяд: "Ба ман мегуфт, ки як нафар ӯро интизор аст, дар куҷое, ки манъ мекардем, ба касе телефон мекард, ки ман намешунидам, бо кӣ гап мезанад. Роҳҳоро хуб медонист. Маро дар Заргар манъ карда гуфт, ки ба сарам оби сард бирез, ман ба сараш об рехтам, маротибаи дуввум хостам, ки об гирам, вале бо мушт ё ба пояш ба ман зад, ки ба замин афтидам. Дод зада дохили мошин даромад ва аз сумкааш кордро бароварда, сӯи ман давид. Аввал дар мошинам шишта хост ҳаракат кунад, ман монеъ шудам. Дар поям ба корд зад. Сипас аз мошин баромада, ба сару рӯям ба корд зад."
Тоҳир Султонов мегӯяд, ки сарбози рус маст набуд. Хулосаҳои муқаддамотии тафтишот низ маст будани Дмитрий Толстойро рад мекунад, вале ба гуфтаи муфаттишон, ин сарбоз аз чанд таксирони маҳаллаи Ломоносови шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар канори пойгоҳи 201 Русия воқеъ аст, қарздор будааст.
Дмитрий Толстой мебоист ба Тоҳир Султонов барои сафар аз Душанбе то Қӯрғонтеппа 80 сомонӣ медод, аммо дар сӯҳбат ба муфаттишон гуфтааст, ки он рӯз дар кисааш танҳо 40 сомонӣ дошт.
Як манбаи Радиои Озодӣ аз раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон, ки дар ҷараёни тафтишот иштирок дошт, гуфт, ки Дмитрий Толстой, сарбози 24-солаи пойгоҳи 201-уми Русия дар Қӯрғонтеппа дар ҷараёни бозпурсӣ эътироф кардааст, ки мушкили пулӣ боиси ҳамлаи ӯ ба Тоҳир Султонов шудааст.
Ҳамла ба Тоҳир Султонов нахустин мавриди даст доштани сарбозони воҳидҳои пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар аъмоли ҷиноӣ дар ин кишвар нест. Дар моҳи август додгоҳи низомии пойгоҳи Русия Илдар Сахапов ва Фёдор Басимов, ду сарбози ин пойгоҳ дар шаҳри Душанберо бо ҷурми қатли як сол пеши таксирони маҳаллӣ Раҳимҷон Тешабоев мутаносибан ба 13 ва 17 соли зиндон маҳкум кард.
Тибқи созишномаи соли 2012 байни Тоҷикистону Русия, ки замони ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро то соли 2042 тамдид кард, ба сарбозону афсарони ин пойгоҳ масуният дода шудааст ва мақомоти Тоҷикистон ҳаққи таъқиби ҷиноӣ ва муҳокимаи низомиҳои Русияро надоранд. Муҳокимаи парвандаи Сахапов ва Басимовро низ аз ин рӯ мақомоти додгоҳи низомии худи Русия анҷом доданд.
Ба ҳамин далел, баъди анҷоми тафтишоти муқаддамотӣ парвандаи ҳамла ба таксирони қӯрғонтеппагӣ Тоҳир Султоновро низ ба мақомоти тафтишотии пойгоҳи Русия супурдаанд.