Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

110 оиларо аз лаби марз ба дарунтар мекӯчонанд


Додситонии ноҳияи Фархор ба таҳқиқи хонаҳое пардохтааст, ки дар наздикии марз бо Афғонистон қарор доранд.

Мақомоти ноҳияи Фархор дар ҷануби Тоҷикистон аз моҳи декабри соли гузашта боз қонунӣ будани сохтмони хонаҳоеро таҳқиқ доранд, ки 500 метр дуртар аз хатти марз ва дар минтақаҳои тиррас бо Афғонистон сохта шудаанд.

Баъди наздик омадани Толибон ба сарҳади Тоҷикистон дар соли гузашта, додситонӣ амр додааст, ки сохтмони ин хонаҳо таҳқиқ шаванд, чун бар асоси қонун, манзили истиқоматӣ бояд ҳадди ақалл 2 километр аз сарҳад дуртар бошад. Муҳаммадсалим Мунавварзода, додситони ноҳияи Фархор гуфт, ки баъди омӯзиши ҳамаҷониба ҳукумати Тоҷикистон тасмим мегирад, ин хонаҳо бояд бимонанд ва ё сокинонашон аз марз дуртар бикӯчанд.

Ӯ гуфт, "ҳоло 110 нафарро муайян кардем, ки дар назди марз хона сохтаанд. Аз онҳо ҳуҷҷати хона ва инчунин дар бораи он ки аз кадом тариқ дар ин минтақаи марзӣ манзил бунёд кардаанд, пурсида мешавад.

Муҳаммадсалим Мунавварзода
Муҳаммадсалим Мунавварзода

То кунун 43 нафарро пурра санҷиш кардем ва ҳоло кори мо дар ин замина идома дорад."

Ин хонаҳои бузургро сокинони ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор соли 2005 баъди аз марзи Тоҷикистону Афғонистон рафтани сарбозони рус сохтанд. Баъзе аз сокинон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳатто чанд хона дар зери симхорҳои марз сохта шудаанд, вале мақомот то ҳол дар ин бора чизе намегуфтанд. Баъзе аз сокинон худсарона сохтани хона дар назди сарҳадро эътироф карданд, баъзеи дигараш мегӯянд, ки иҷозаи мақомоти маҳаллиро гирифтаанд.

110 оиларо аз лаби марз ба дарунтар мекӯчонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Ҳоло маълум нест, дар сурати кӯчонидани сокинон пули хонасозӣ аз кадом ҳисоб мешавад, аз ҳисоби мақомот ва ё мардуми маҳал? Сокинони Дарқад мегӯянд, аҳолиро бояд аз пеш огаҳ мекарданд, ки сохтани хона дар хатти марзи як кишвари ноором дуруст нест, вале акнун бо вуҷуди таҳдиди амниятӣ онҳо моил ба тарки хонаҳое, ки бо азобу машаққати зиёд сохтаанд, нестанд.

Каримхон, сокини ноҳияи Фархор, рӯзи 3 феврал дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ӯ соли 2008 дар назди дидбонгоҳи рақами 4 хона бунёд кард ва ҳоло ҳамроҳи фарзандонаш дар онҷо зиндагӣ дорад. Ба қавли Каримхон, дар моҳи декабри соли гузашта додситонӣ онҳоро барои сӯҳбат даъват карда ва гуфтааст, ки бо ҳуҷҷати хонаҳояшон ҳозир шаванд.

“Соли 2008 дар Маскав кор карда, бо пули ба даст овардаам дар инҷо хона сохтам. Моро додситонӣ даъват кард ва ҳуҷҷати хонаро дид. Мо танҳо набудем, ҳамсояҳоро низ даъват карда буданд. Намедонем оқибаташ чӣ мешавад. Дар гузашта инҷо як майдони холӣ буд, ҳоло пур аз хона шудааст,” -- афзуд мусоҳиби мо.

Бархе аз коршиносони маҳаллӣ низ мегӯянд, ки ин тадбир хеле пештар андешида мешуд ва мақомот интизори то таҳи симхор рафтани сокинон намеистоданд. Бурҳон Сафарӣ, коршиноси маҳаллӣ гуфт, “ҳоло ин баҳс тӯлонӣ ва харҷи зиёдатӣ мехоҳад, чун сокинон хонаҳояшонро пурра сохтаанд ва агар ба ҷои дигар мекӯчанд, бояд аз кадом ҳисоб хона бисозанд?”

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи 1400-километрӣ дорад ва ноҳияи Фархор бо вилояти Кундуз ва Тахори он кишвар ҳамсарҳад аст, ки соли гузашта барои муддате ба дасти Толибону шарикони хориҷиашон гузашт ва сокинони ин ноҳияву тамоми Тоҷикистонро ба изтироб андохт ва мақомоти ноҳияро водор кард ба марз нерӯҳои иловагӣ фиристанд.

XS
SM
MD
LG