Пойгоҳи 201-уми артиши Русия 70-сола шуд

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия рӯзи 1 июн бо як маросими вижаву мулоқот бо собиқадорон, гулгузорӣ ба пояи ёдгории марзбонони руси кушташуда ва як консерт аз 70-солагиаш таҷлил кард.
Пойгоҳи 201-ум, ки воҳидҳои низомиаш дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон мустақар мебошанд, бо наздики 7 000 аскару афсар бузургтарин пойгоҳи низомии Русия ва ҳам бузургтарин воҳиди нирӯҳои хушкигарди ин кишвар дар хориҷ ба шумор меравад.

Пойгоҳи 201-ум дар соли 2004 бар асоси қарордоди Душанбеву Маскав дар заминаи дивизияи 201-уми артиши Русия, маъруф ба “Гатчинская дивизия”, ташкил ёфт. Таърихи таъсиси ин дивизия аз 1 июни соли 1943, ки ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба нуқтаи авҷаш расида буд, оғоз мегирад. Пойгоҳи 201 ширкат дар набардҳо алайҳи Олмони фашистӣ, дар ҷанги солҳои 1979-1989 дар Афғонистон ва ҳам дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1995)-ро дар корномааш сабт кардааст.

Аммо таҷлил аз солгарди 70-уми пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дар ҳоле доир мешавад, ки замони будубоши ин пойгоҳ соли ояндаи 2014 ба поён мерасад. Руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 5 октябри соли 2012 дар Душанбе ба қарордоде имзо карданд, ки дастикам то соли 2042 тамдид кардани замони ҳузури ин пойгоҳ дар Тоҷикистон, эътои мақоми дахлнопазирӣ ба сарбозону афсарони рус ва ҳам аз пардохти пули иҷора озод кардани ин пойгоҳро дар бар мегирад.

Ин тавофуқ дар пайи музокироти чандинсола ва мушкили Душанбеву Маскав ба даст омад. Ба гуфтаи матбуоти Русия, Тоҷикистон ибтидо барои пойгоҳи 201 аз Русия солона то 300 миллион доллар пули иҷора мехост. Дар пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон 7000 сарбозу афсар хидмат хоҳанд кард.


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар пойгоҳи 201. 5 октябри соли 2012

Русия дар моҳи октябр дар ивази тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201 ба Тоҷикистон ваъда дод, ки замони ҳузури бидуни сабтиноми муҳоҷирони тоҷикро дар қаламраваш аз 3 рӯзи кунунӣ то 15 рӯз боло бурда, солона то 1 миллион тонна маводи сӯхташро ба Душанбе бидуни боҷи гумрукӣ хоҳад фурӯхт. Ин боҷ дар ҳоли ҳозир тақрибан 350 доллар барои як тонна бензину соляркаро ташкил дода, як иллати асосии боло рафтани қимати маводи сӯхт дар бозори Тоҷикистон шудааст. Дар моҳи феврал ин ду қарордод дар масоили муҳоҷират ва фурӯши бидуни боҷи маводи сӯхти Русия ҳам ба имзо расид, вале ҳанӯз тасвиб ва иҷроӣ нашудааст.

Бо гузашти, инак, 8 моҳ аз имзои қарордоди пойгоҳ ҷониби Русия тамоми мароҳили тасвиби онро пушти сар гузошт ва ба дунболи ҳарду маҷлиси парлумон президент Путин ҳам зераш имзо кард. Вале ҷониби Тоҷикистон то ҳол марҳалаҳои тасвиби ин қарордодро шурӯъ накардааст. Дар парлумони Тоҷикистон мегӯянд, ин санад ҳанӯз барои баррасӣ ва тасвиб ба дасти онҳо нарасидааст. Маскав, дар пайи мулоқоти ахири Путин ва Раҳмон дар ҳошияи як нишасти ғайрирасмии сарони пасошӯравӣ дар Бишкек бори дигар изҳори умедворӣ кард, ки “Тоҷикистон ба зудӣ ин қарордодро тасвиб мекунад.”

Манобеъи огоҳ мегӯянд, чунин тӯл кашидани тасвиби қарордоди пойгоҳи 201 аз сӯи Душанбе ба як силсила нороҳатиҳои мавҷуда дар равобити ду кишвар, ки якдигарро “шарики стратегӣ” таъриф мекунанд, бармегардад. Русия қабл аз Душанбе бо Бишкек шароти тамдиди замони ҳузури воҳидҳои низомиашро “маслиҳат” карда буд. Дар душанбе бисёриҳо ба ин боваранд, ки Русия нисбат ба Тоҷикистон, ба Қирғизистон имтиёзҳои бештареро қоил омад ва ҳатто қариб ним миллиард доллар қарзи он кишварро хат зад.

Ва аммо дар қиболи Тоҷикистон ду ваъдаи дигаре ҳам, ки дар масъалаи додани як каме сабукӣ барои муҳоҷирон ва аз боҷи гумрукӣ озод кардани содироти 1 миллион тонна маводи сӯхташ дод, то ҳол дар марҳалаи аввали тасвиб дармондаанд. Ба назари маҳофил, агар Маскав дар тасвиби ин ду қарордоди муҳим боз ҳам маътал кунад, гумон аст, ки Тоҷикистон битавонад дар соли ҷорӣ 1 миллион тонна маводи сӯхти бидуни боҷ ваъдашударо ворид кунад. Ин дар ҳолест ки баъди имзои қарордоди пойгоҳ бисёриҳо дар Тоҷикистон умедвор буданд, ки дар ивази ин гузашти бузург ҳадди ақал нархи бензину солярка пойин хоҳад рафт.

Душанбе мехоҳад ҳамаи тавофуқоти бадастомада дар музокироти моҳи октябри Путину Душанбе дар як баста тасвиб ва иҷроӣ шаванд. Аммо Русия зоҳиран талош дорад, батадриҷ, бо усули “қадам ба қадам”, вале бо гузашти ҳарчӣ камтар ба хостаҳои худ дар Тоҷикистон ноил шавад. Тасвиби мақоми пуримтиёзи пойгоҳи 201, ба иҷораи худ овардани пойгоҳи ҳавоии Айнӣ дар канори Душанбе ва бозгашти марзбонони рус ба марзи Тоҷикистону Узбакистон бо баҳонаи тақвияти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ки ин нуктаи ахир тавассути расонаҳои баландгӯи Кремл матраҳ мешавад, аз ҷумлаи аҳдофи низомиву амниятии Маскав унвон мешаванд.

Аммо мунтақидон бар ин боваранд, ки як масъалаи асосии ҳаллношуда, ки боиси чунин тӯл кашидани ҷараёни тасвиби қарордоди пойгоҳи 201 аз ҷониби Тоҷикистон шудааст, ба интихоботи моҳи ноябри раёсати ин ҷумҳурӣ бастагӣё дорад ва Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад ҳанӯз то ба иҷро даромадани ин созишнома пуштибонии бечунучарои номзадиии ӯ барои давраи инак панҷуми раёсаташро аз сӯи Русия ба даст биорад. Таҳлилгарон мегӯянд, равшан шудани ҳамин таклиф метавонад хеле аз масоили дигари ҷамъшуда дар равобити ин ду “шарики стратегӣ” ва ҳам ояндаи пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистонро равшантар кунад.