Аммо пешниҳоди ахири вазорати молия ҷиҳати ду карат боло бурдани андози аксизи маводи сӯхти воридотӣ, ин умедҳоро барбод медиҳад.
Вазирони энержии Русияву Тоҷикистон Александр Новак ва Шералӣ Гул рӯзи 6 феврал дар Маскав ба қарордоди ҳамкорӣ дар бахши содироти маводи сӯхт ба Тоҷикистон имзо карданд. Тибқи ин қарордод, Русия боҷи гумрукиеро, ки соли 2010 болои содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистон эъмол карда буд, аз байн бурда, танҳо дар соли 2013 ба Душанбе бидуни боҷ 1 миллион тонна маводи сӯхт хоҳад дод. Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммади Эгамзод гуфт, ҷониби Тоҷикистон, бар асоси ин қарордод, ҳаққи содироти дубораи маводи сӯхти бебоҷ ба кишварҳои севумро надорад.
Лағви боҷи гумрукӣ аз содироти маводи сӯхташ як ваъдаи Русия дар ивази созишномаи моҳи октябр имзошуда роҷеъ ба тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми он кишвар дар Тоҷикистон то соли 2042 буд.
.
“Ҷуброн”-и нобаробар барои пойгоҳи 201
Бисёриҳо инро як ҷуброни, албатта, нобаробар, вале ба ҳар сурат, ҷуброне дар ивази тамдиди замони ҳузури низомии Русия то соли 2042 мехонанд, ки мардумро умедвори арзониву фаровонӣ ҳадди ақал дар бозори маводи сӯхти кишвар кардааст. Мисли Мирзо, як ронандаи таксӣ дар Душанбе, ки мегӯяд, нархи тамоми маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон дар қимати маводи сӯхт сахт гиреҳ хӯрдааст ва арзон шудани бензину солярка табъан боқӣ нархҳоро ҳам пойин хоҳад овард: ”Арзон шавад, барои халқи мо хуб аст. Чунки бензин агар арзон шавад, ҳама чиз, ҳатто меваву чева арзонтар мешавад. Чунки як сабаби баланд шудани нархҳо хароҷоти роҳ аст. Нархи бензин ки поён рафт, харҷи роҳ ҳам камтар мешавад. Илоҳӣ, имзо кунанд.”
Лағви ин боҷ яке аз ваъдаҳои умдаи Русия дар ивази созишномаи ҳанӯз моҳи октябр имзошудаи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201 буд ва мебоист алакай то 1 ноябр шароиташ ҳам мувофиқат мешуд. Вале Маскав шарт гузошт, ки ширкатҳои Тоҷикистон маводи сӯхтеро, ки бидуни боҷ ворид мешавад, ба кишварҳои севум нафурӯшанд. Душанбе билохира, баъди қариб 4 моҳи музокирот ин шартро ҳам пазируфт ва дигар мониаи ҷиддие дар роҳи имзои созишномаи лағви боҷи русӣ гӯё вуҷуд надорад. Ҳарчанд Душанбе боз ҳам ниёзи солонааш ба бензину соляркаро ба Маскав 1 миллион тонна, яъне дувуним маротиба бештар аз 372 000 тонна ҳаҷми воридоти маводи сӯхташ дар соли 2012, нишон додааст.
Бензин аз куҷо қариб 7 сомонӣ шудааст?
Ҳар тоннаи бензин дар ҳоли ҳозир ба бозори Тоҷикистон бо қимати тақрибан 1200 доллар ворид мешавад, ки беш аз нисфаш аз ҳисоби зери 400 доллар боҷи Русия ва қариб 250 доллари дигараш аз ҳисоби боҷу хироҷи гумрукӣ ва андози аксизест, ки дар худи Тоҷикистон аз ширкатҳои воридкунанда мерӯёнанд. Яъне дар таркиби аз 6 сомониву 20 дирам то зери 7 сомонӣ нархи як литри бензин дар Тоҷикистон, қариб 2 сомониаш ҳамон боҷи гумрукиест, ки Русия мегирад, ва дастикам 1 сомониву 20 дирам - “ҳаққ”-и худи Тоҷикистон.
Табъан лағви боҷи гумрукии Русия мебоист нархи ҳар литри бензинро дар Тоҷикистон ҳадди ақал 2 сомонӣ камтар карда, дар давру бари 1 доллар қарор диҳад. Ҳамдам Тағоймуродов, раиси Хадамоти зиддиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон ҳам ахиран эълон кард, ки нархи бензин ба дунболи гузашти Маскав то 30 дарсад, яъне то ҳамон қариб 2 сомонӣ барои ҳар литр, коҳиш хоҳад ёфт.
Аммо тарҳе ки ҳоло дар долонҳои ҳукумати Тоҷикистон чарх мезанад, шояд ин умедвориҳоро нақше бар об кунад. Вазорати молия пешниҳод додааст, ки дар пайи лағви боҷи Русия андози аксизӣ барои ҳар тонна маводи сӯхти воридотиро аз 45 то 90 евро боло баранд.
Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти ахираш бо хабарнигорон гуфт, эъмоли аксиз ба маводи сӯхт як таҷрубаи маъмулии ҳукуматҳост: “Пешниҳод кардем, ки баъди имзои созишнома ба ин масъала баргардем. Мо пешниҳодҳои вазоратҳои дигарро ҳам ба назар гирифтаем. Лекин ин ҳоло қабул нашудааст.”
Аммо вазири иқтисод Шариф Раҳимзода ба дунбол гуфт, вазораташ пешниҳоди вазорати молияро дар мавриди афзоиши аксизи маводи сӯхт радд кардааст. Вазири энерживу саноат Шералӣ Гул низ дар нишасти ахири хабариаш гуфт, шароити феълӣ чунин афзоишро намебардорад: “Дар масъалаи аксиз мо чандин маротиба пешниҳод додем. Ҳафтае пеш боз бо як мактуб ба ҳукумат муроҷиат кардем, ки қабул кардани аксиз шарт нест, чунки шояд вазнин шавад. Мо тарафдори аксиз нестем.”
Шуши нақд... беҳ аз думбаи нася?
Пешниҳоди ду карат афзудани аксизи маводи сӯхт, ба бовари иқтисоддонҳо, даст кашидан аз сайди моҳии бузург ба хотири як моҳии хурд ваё интихоби шуши нақд ба ҷои думбаи насяро мемонад. Агар ҳаҷми воридоти маводи сӯхт ба Тоҷикистон дар ҳамон ҳаҷми соли гузашта, яъне 372 000 тонна, боқӣ бимонад, аз 45 то 90 евро афзудани аксизи ҳар тоннааш ба будҷа солона ҳадди аксар чизе дар ҳудуди 16 миллион евро, ё каме бештар аз 20 милллион доллар фоидаи мустақим хоҳад овард.
Он ҳам дар ҳоле ки ба ақидаи Сиёвуш Қосимӣ, шореҳи иқтисодии ҳафтавори “Озодагон”, коҳиши нархи маводи сӯхт дар пайи лағви боҷи гумрукии Русия метавонист ба сари худ як таккони ҷиддие барои рушди тиҷорат ва иқтисод дар Тоҷикистон шуда, дар дарозмуддат аз ҳисоби афзоиши гардиши мол ва тақвияти ширкатҳои тиҷорӣ сӯди бамаротиб бештаре ба будҷаи ин кишвар сарозер кунад.
Ин таҳлилгар меафзояд: “Ҷорӣ кардани аксиз шояд барои пур кардани будҷа хуб бошад, вале он интизороте, ки ҳама аз арзон шудани нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон доштанд, ба ҳаво меравад. Азбаски бозори маводи сӯхти Тоҷикистон дар монополияи “Газпромнефт” қарор дорад, гумон аст, ки бо лағви боҷи русӣ нарх ба осонӣ пойин биравад. Ва аксизе ҳам ки масъулини Тоҷикистон ҷорӣ кардан мехоҳанд, эффекти лозим нахоҳад дод.”
Литри бензин – 2,20 сомонӣ. Кӣ бовар мекунад?
Бо вуҷуди мухолифати феълии вазирони иқтисоду энержӣ, собиқаи тасмимгириҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳокист, ки одатан дар ниҳоят пешниҳодҳои вазорати молия, ки ба таъбири маъруф, ҳамёни пули ҳукумат аст, мегузаранд. Вазири иқтисод Шариф Раҳимзода ҳам инро истисно накарда,гуфтааст, шояд тасмими вазораташ дар ин масъала вобаста ба тағйири шароит ва “вокуниши бозор” бознигарӣ шавад.
Бино ба омори Ҷамъияти истеъмолкунандагони Тоҷикистон, ки “Азия Плюс” нашр кардааст, аз соли 2009 ба ин сӯ нархи бензин дар Тоҷикистон 3,3 маротиба боло рафтааст. Дар воқеъ, имрӯз кӣ бовар мекунад, ки дар оғози соли 2009 нархи як литри бензини АИ-92 дар Душанбе ҳамагӣ 2 сомониву 20 дирам буд?