Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси масоили "ташвишовар" дар дидори Путин бо Раҳмон


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек аз коҳиши тиҷорат байни ду кишвар изҳори ташвиш кардааст.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ин дидор, ки рӯзи 28 май дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ(СПАД) доир шуд, аз коҳиш ёфтани ҳаҷми табодули молу коло байни ду кишвар изҳори ташвиш кард ва гуфт: "Нуқтаи ташвишоваре, ки мо мебинем, ин аст, ки соли гузашта табодули молу коло каме ҳам бошад, кам шудааст."

Путин аммо изҳори умед кард, ки ин вазъ қобили тағйир аст ва Маскаву Душанбе ин вазъиятро дигар хоҳанд кард. Ӯ афзуд, ҷонибҳо бояд "сабабҳои чунин коҳишро пайдо ва рафъ карда, ба пеш ҳаракат кунанд." Оқои Путин гуфтааст, бо ҳар вуҷуд, Русия "сармоягузори асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад."


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00
Линки мустақим


Ҳаҷми табодули молу коло байни Тоҷикистону Русия дар соли 2012 чизе бештар аз 1 миллиард долларро ташкил дод, ки назар ба соли 2011 тақрибан 5 фоиз камтар аст. Ин тақрибан 20 дарсад аз 5 миллиард доллар ҷамъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон,Эмомалӣ Раҳмон, дар посух гуфт: «Коҳиш ҳаст, аммо сабабҳои он гуногунанд. Имкон ҳаст, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии мо густариш ёбанд.” Ҳарчанд ду президент ба рушди робитаҳои башарӣ, афзоиши донишҷӯёни тоҷик дар Русия ва боз шудани шӯъбаи савумин донишгоҳи Русия дар Тоҷикистон таъкид карданд, ҷаноби Раҳмон ба Путин паёми муҳиме дод, ки раҳбари Русия шунидан мехост: “Моро масъалаи таъмини амният бисёр нигарон кардааст.” Ин нукта дар робита ба вазъи ояндаи Афғонистон зикр шуд, аммо раҳбари Тоҷикистон дар идомаи суханаш гуфт: “на танҳо вазъи Афғонистон, балки вазъи Осиёи Марказӣ”-ро баррасӣ кардан мехоҳад ва “дархост, албатта, ин аст, ки Русия на танҳо ба минтақаҳои марказӣ, балки марзҳои ҷанубии СПАД низ диққати зиёдтар диҳад.” Дар ҷавоб ба ин Путин посухи мусбат дод.

Сипас президентҳо гуфтушунидро паси дарҳои баста идома доданд ва тафсилоте аз муҳтавои ин суҳбат нашр нашудааст. Хадамоти матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар гуфтушунид сухан аз дастгирии фаннии нерӯҳои марзбон ва куллан артиши Тоҷикистон бо назардошти дурнамои вазъи Афғонистон пас аз соли 2014 рафта, ҳамчунин роҳҳои рушди ҳамкориҳо дар риштаҳои энергетика, саноат, илму техника, маориф, фарҳанг ва ғайра баҳс шудаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот изҳори боварӣ кардааст, ки тавофуқоти ҳосилшуда зимни сафари моҳи октябри соли гузаштаи Путин ба Тоҷикистон “тасвибшуда ва иҷрои амалии онҳо оғоз меёбад.“ Ду раҳбар доир ба кумак ба нерӯҳои марзбонӣ ва артиши Тоҷикистон, ки Владимир Путин соли гузашта ваъда дода буд, низ сӯҳбат кардааст.

Русияву Тоҷикистон соли гузашта созишномаеро дар мавриди то соли 2042 тамдид кардани ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон имзо карданд. Русия ин қарордодро пурра тасвиб кард, вале Душанбе бо зикри онки, имтиёзҳову кумакҳои ваъдагӣ аз Русияро нагирифтааст, ин созишномаро ҳанӯз тасвиб накардааст. Мӯҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон то поёни соли 2014 ба поён мерасад.

Путин рӯзи 27 май бо чанд пешниҳоди муҳим вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд, ки дар он ҷо ҷаласаи ғайрирасмии кишварҳои узви созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) ҷараён дорад. Масъалаи умдаи мавриди баҳс дар ин нишаст вазъи Афғонистон баъди хуруҷи нирӯҳои НАТО дар соли 2014 буда, ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст Путин мулоқотҳоеро бо раисҷумҳурони Қирғизистон ва Тоҷикистон анҷом медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон мавзуъи аслӣ кумаки низомӣ ба ин кишвар ва тасвиби созишномаи пойгоҳи низомии Русия хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз мақомоти Русия гуфтаанд, барои пешгирӣ аз ноамниҳо дар Осиёи Марказӣ Русия бояд дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нерӯи ҳарбӣ дошта бошад. Ҳарбиёни Русия аз замони хуруҷи марзбонҳои ин кишвар аз марзи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2005 ҳамеша талош кардаанд, зарурати бозгашти худро ба ин сарҳад таъкид кунанд.

Ба навиштаи нашрияи “Коммерсант”, таҳдидҳои минтақавӣ, баъди берун рафтани нирӯҳои НАТО дар соли 2014 дар нишасти рӯзи гузаштаи вазирони дифоъи кишварҳои узв аз масоили калидӣ буд. Дар ин нишаст коршиносон сенарияҳои мухталифи таҳаввулоти Афғонистонро баҳс кардаанд. Аммо Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД дар остонаи нишаст гуфта буд, ки пешгӯиҳо бар пояи арзёбиҳои воқеъии вазъи кишвар умедворкунанда нест. Афзоиши нуфузи ифротгароён, эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ ва тақсими кишвар бар пояи мансубияти қавмӣ аз пешгӯиҳояенд, ки Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар Афғонистон бо матбуот дар миён гузоштааст.

Бо ин ҳол, Русия, ки чанд кишвари собиқ шӯравӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус ва Арманистонро дар зери чатри Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҷамъ овардааст, дубора масъалаи ҳатари маводи мухаддир, таҳдид ба марзҳои ҷанубии худ ва таъсири манфии вазъи Афғонистон ба минтақаро доман мезанад. Путин дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони кишварҳои узв дар Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Бишкек бо ишора ба дурнамои вазъ дар Афғонистон баъд аз баромадани нерӯҳои НАТО аз ин кишвар дар соли 2014 ба таҳкими сохторҳои эътилофи мазкур даъват кард. Вай гуфт: “Созмони мо нақши назаррасе дар таъмини амният дар минтақаи масъулияти худ мебозад. Фаъолияти ниҳодҳои сиёсӣ ва ҳарбии он ва пеш аз ҳама нерӯҳои муштараки вокуниши сареъ ва посдори сулҳ ба ҳамин нигаронида шудааст.”

Раҳбарони ду кишвари узви Паймон Александр Лукашенка, президенти Беларус ва Серж Саркисиён, раисҷумҳури Арманистон бо баҳонаҳои мухталиф аз ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳо дар Бишкек даст кашидаанд.

Ҳоло интизор меравад, ки Путин дар заминаи коҳиши ин таҳдидҳо чанд идеяи ба гуфтаи Кремлин муҳимро бо ҳамтоҳояш дар миён гузорад. Раисҷумҳури Русия нақша дорад, ки, баъди берун шудани нирӯҳои НАТО барои пешгирӣ аз мавҷи қочоқи ҳероин ба Русия, дар ҳамдастӣ бо кишварҳои манфиъатдор, майдонҳои кишти кӯкнор, амбору лабораторияҳо ва корхонаҳои коркарди ин маводро дар қаламрави Афғонистон маҳв кунад. Барои расидан ба ин ҳадаф Русия бояд дар марзи Афғонистон нирӯ дошта бошад, ки надорад. Тоҷикистон, ки ҳоло тасвиби пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави худро як сол боз тӯл медиҳад, ба навиштаи ин нашрияи русӣ, гумон намеравад, ки ба бозгашти дубораи русҳо ба марз манфиъатдор бошад.
Чанде пеш сафири Русия дар Афғонистон бо ситоиши давраҳои нигаҳбонии марз аз тарафи сарҳадбонҳои рус бозгашти онҳо ба ин марзҳоро имконпазир унвон кард.

Аммо ончӣ ба сарнавишти минбаъдаи пойгоҳи Иёлоти Муттаҳида дар Манаси Қирғизистон марбут мешавад, мақомоти қирғиз интизор доранд, ки шарикони кишвар дар СПАД дар Манас маркази байналмилалии лоҷистикӣ бунёд кунанд, то Қирғизистон битавонад хисороти молии баъди рафтани Амрико аз ин пойгоҳро ҷуброн кунад.

Барномаи дигаре, ки Қирғизистон мехоҳад бо шариконаш дар ин нишаст матраҳ кунад, татбиқи тарҳи бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия аст, ки ба гуфтаи ҷониби Қирғизистон натанҳо шарёни нави нақлиётӣ, балки дастрасӣ ба бисёр кишварҳои осиёиро таъмин меунад. Раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи гузашта дар поёни мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ин хатти роҳи оҳан аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистону Туркманистон ва аз он ҷо ба Ирон ва халиҷи Форс хоҳад расид. Алмосбек Отамбоев ин тарҳро “хеле бузург ва ба манфиъати ҳама” унвон кард.
XS
SM
MD
LG