Санҷиши ногаҳонии омодагии ҳарбӣ дар артиши Русия, ки дар 20 соли охир бори аввал доир гардид, камбуду нуқсонҳои ҷиддиеро ошкор кардааст.
Хабаргузориҳои Русия менависанд, Валерий Герасимов, сардори Ситоди олии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар, рӯзи сешанбеи 19-уми феврал баъди анҷоми санҷиш, омодагии навбатдорони қисмҳои низомии артишро сусту заиф унвон кардааст.
Адами омодабошӣ дар фаъолияти нерӯҳои десантӣ ва пойгоҳи 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон бештар аз ҳама мушоҳида шудааст.
Генерал аз аксуламали навбатдорони қисмҳои низомӣ ҳангоми гирифтани фармони омодабош интиқод карда ва чолокию зиракии онҳоро зери суол бурдааст.
Ба гуфти генерал, «зимни санҷиш сатҳи пасти дониши касбии хатмкунандагони марказҳои таълимӣ, бахусус ронандагон ва механикҳо, ошкор гардид, ки дар натиҷаи он техникаи ҳарбӣ ҳанӯз аз дарвозаи қисмҳои берун набаромада корношоям шудаанд, чӣ расад ба размоишҳову машқҳои ҳарбии омӯзишӣ».
Ба таъкиди Герасимов, афсарону сарбозон аз аслиҳаи низомӣ дуруст истифода бурда наметавонистаанд, ки ин дар фаъолияти сарнишинони танкҳо ва мошинҳои ҳарбии пиёдагардон ба назар расидааст.
Герасимов гуфтааст, ки дар оянда баргузории чунин санҷишҳо ба таври доимӣ ба роҳ монда мешавад ва дар ин бора аз сӯи вазорати мудофиаи Русия ҳам қарор имзо шудааст.