Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик, мегӯяд, вазорати мудофиаи Русия ӯ ва аъзои хонаводаашро аз чанд имтиёзи иҷтимоӣ маҳрум кардааст. Вай рӯзи 13-уми декабри соли 2017 аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз Маскав ба Тоҷикистон ихроҷ шуд.
Шаҳрвандӣ бар асоси фармони раиси ҷумҳур ва ё қарори додгоҳ бекор мешавад ва барои бекор кардани шаҳрвандии Каромат Шарифов ҳеҷ қароре содир нашудааст.
Дар "Сбербанк" гуфтанд, ки...
Каромат Шарифов рӯзи 5-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 1999 дар Русия ҳамчун афсари бознишастаи нерӯҳои мусаллаҳ нафақа мегирифт ва ҳақ дошт, соле як дафъа ройгон (бепул) дар осоишгоҳ истироҳат кунад.
Муолиҷаи ройгони якдафъаинаи аъзои хонавода имтиёзи дигар буд ва ҳам ҳукумат ҳар моҳ 50 дар сади хароҷоти хона барои обу барқ, газ ва дигар хадамоти коммуналиро мепардохт. Хабари маҳрум шудани ӯву хонаводааш аз имтиёзҳои иҷтимоиро ҳамсари Каромат Шарифов ба ӯ расонидааст.
- "Дар "Сбербанк"-и Русия ба ҳамсарам қарори додгоҳи ноҳиявиро нишон дода, гуфтаанд, ки Каромат Шарифов аз ҳаққи шаҳрвандии Русия ва аз ҳаққи гирифтани нафақа дар ҳаҷми 30 ҳазор рубл (461 доллар) маҳрум карда шуд. Имтиёзҳояш ҳам лағв гардидаанд", - нақл кард ӯ.
Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Хонаамро ҳам мегиранд"
Муҳофизи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик ҳамчунин бим дорад, ки хонаашро дар Маскав мегиранд. Вай гуфт, манзили зисташ дар кӯчаи Кузминкаи Маскав дар феҳрасти имтиёзҳо зикр шудааст ва бояд мусодира шавад. Фарзандону набераҳояш дар ин хона сабти ном шудаанд.
Раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки ҳукумати Русияву Тоҷикистон ва бахусус кордиҳандагони муҳоҷирони кории тоҷикро зиёд танқид мекард, моҳи декабри соли 2017 дастгир шуд. Додгоҳи Русия баъди муддати кӯтоҳе қарор кард, ки Каромат Шарифов аз роҳи ғайриқонунӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст ва барои ҳамин бояд аз он маҳрум кунанд ва аз қаламрави кишвар хориҷ намоянд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ба Русия нарав!" Тифли тоҷик пои падарро баст, то аз сафар боздорад. ВИДЕОШарифов мегӯяд, ихроҷи ӯ аз Русия кори дасти гуруҳҳое буд, ки аз фаъолияташ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ хушашон намеомад. Ӯ мегӯяд, агар шиносномаро ғайриқонунӣ ба даст меовард, дар муддати ду даҳа ошкор мекарданд.
Баҳси Шарифов бо мақомоти Тоҷикистон
Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, ӯро бар асоси санаде, ки сафорати Тоҷикистон ба мақомоти Русия дод, ба кишвар бозпас фиристоданд, ҳарчанд санад, ба иддаои ӯ, "эътибори ҳуқуқӣ надорад". Аммо баҳори соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даъвои Каромат Шарифов алайҳи се идораи давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти шиносномадиҳӣ ва Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро рад кард.
Дар ҳоле ки Каромат Шарипов иддао дорад, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли кишвар ҳеч вақт шаҳрвандӣ ва шиносномаи Тоҷикистонро надошт, мақомот мегӯянд, ӯ аз солҳои ҳафтодум ба ин тараф шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Як намояндаи Хадамоти шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи майи соли гузашта дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфт, "шаҳрвандии Каромат Шарифов дар Тоҷикистон бекор нашудааст". Ин мақоми расмӣ афзуд, "шаҳрвандӣ бар асоси фармони раиси ҷумҳур ва ё қарори додгоҳ бекор мешавад ва барои бекор кардани шаҳрвандии Каромат Шарифов ҳеҷ қароре содир нашудааст."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: “Манъи рондани таксӣ ғорати навбатии муҳоҷирон аст”. ВИДЕО, САДО
"Агар дар ин ҷо ба додам нарасанд..."
Каромат Шарифов дар Тоҷикистон тақрибан ҳамаи марҳилаҳои додгоҳиро сипарӣ карда, посухи мусбат нагирифтааст. Ҳоло дар Русия низ шикоятҳояш баррасӣ мешаванд. Вай гуфт, агар ҳеҷ яке аз ин додгоҳҳо қарори одилона содир накунад, ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар муроҷиат мекунад.
Каромат Шарифов дар Душанбе ба сар мебарад ва аз инҷо тариқи интернет ба созмонаш “Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик” ҳамкорӣ дорад.
Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст, ки бисёре аз онҳо ғайриқонунӣ ҳам кор мекунанд ва нақзи ҳуқуқи онҳо як амри маъмулист.