Русия қасд дорад, хориҷиҳо, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик, ки шаҳрвандӣ ва шиносномаи Русияро надоранд, аз ҳаққи рондани таксӣ дар саросари ин кишвар маҳрум кунад. Тарҳи қонун дар Думаи давлатӣ дар ҳоли баррасист.
- Аз сари чанбараки таксиҳо канор рондани муҳоҷирон дар Русия маҳдудияти нав нест. То кунун дар чанде аз вилоятҳои Русия, аз ҷумла Челябинск ва Новосибирск таксиронӣ ва фаъолияти муҳоҷирон дар нақлиёти ҷамъиятиро манъ карда буданд. Тавре ба назар мерасад, ҷорӣ кардани ин маҳдудият дар тамоми қаламрави Русия баррасӣ мешавад.
Ин мавҷи навбатии фароҳам кардани имконият ба маъмурони пулис барои ғорати муҳоҷирон аст. Чизи дигар нест. Ғорати муҳоҷирон аст.
"Патент дорам, шаҳрвандӣ надорам"
Евгений Москвичев, сардори Кумитаи нақлиёт ва сохтмони порлумони Русия ва яке аз муаллифони тарҳ, бовар дорад, ки қонун дар аввали соли оянда қабул ва мавриди иҷро қарор мегирад. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, вакилон баъзе ислоҳу тағйирот пешниҳод намоянд.
Қасди Русия аз ҳоло даҳҳо муҳоҷири тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро надорад, вале солҳо боз аз ҳисоби таксиронӣ пул меёбанд, нигарон кардааст. Муҳиддин, як муҳоҷири тоҷик дар Маскав, рӯзи 27-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои рондани таксӣ патент гирифтааст ва андоз месупорад, вале шаҳрвандӣ надорад.
"Ҳамин хел гапҳо ҳаст ва аз ҳоло миёни таксиронҳо таҳлукаро ба вуҷуд овардааст. Ҳамааш баъди соли нав маълум мешавад. Агар ин қонун қабул шавад, ба кори сохтмон ё тиҷорат мегузарам", - афзуд ӯ.
Садамаҳо бо айби муҳоҷирон?
Хониши дувум ва ниҳоии тарҳи қонун, ки рондани таксиро ба хориҷиҳои бидуни шаҳрвандии Русия манъ мекунад, аввали соли оянда дар Думаи давлатӣ баргузор хоҳад шуд. Муаллифони тарҳ мегӯянд, ин мамнӯият танҳо ба таксиҳо дахл дорад ва хориҷиён ҳақ доранд, дар дигар навъи нақлиёт кор кунанд.
Дар ҳамин ҳол, идораи Бозрасии давлатии автомобилии Русия иддао дорад, ки аксар садамаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди Русия бо гуноҳи ронандаҳо аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон, сар мезанад.
Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон гуфт, дур рондани муҳоҷирон аз сари чанбараки таксиҳо онҳоро ба кори ғайриқонунӣ тела медиҳад ва боиси тамаъҷӯии бештари маъмурони пулис мешавад.
"Ғорат асту бас"
Чупик рӯзи 27-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин мавҷи навбатии фароҳам кардани имконият ба маъмурони пулис барои ғорати муҳоҷирон аст. Чизи дигар нест. Ин ғорати муҳоҷирон аст. Баъд аз ин, сафи муҳоҷирони таксирон кам нахоҳад шуд. Чунки зарурат ба таксӣ зиёд аст ва худи русҳо намехоҳанд ба ин кори камдаромад машғул шаванд. Ин вазъият муҳоҷиронро ба кори ғайриқонунӣ тела медиҳад ва ришвагириро афзоиш медиҳад, тамом."
Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия гуфт, тарҳи қонунро нодуруст мешуморанд, вале имкони мудохила ба онро надоранд. "Аз таҷрибаи худамон медонем, ки дар Русия қабули қонунҳо бо машварати ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат намегирад. Мо ин масъаларо пайгирӣ мекунем ва аз роҳҳои дигар ба муҳоҷирон кумак мекунем", - афзуд ӯ.
Маҳдудияти рондани таксӣ
Аз ин пеш мақомоти вилояти Челябински Русия гуфта буданд, ки аз соли 2019 рондани таксӣ барои хориҷиҳоро манъ мекунанд. Дар гузашта шаҳрдории Маскав амр дода буд, ки хориҷиҳо ҳақ надоранд, бо "права" ё парвонаи ронандагии кишварҳои худ мусофиркашонӣ кунанд.
Бо вуҷуди тамоми маҳдудиятҳо, Русия бузургтарин мизбони муҳоҷирони кории тоҷик боқӣ мемонад ва бино ба оморҳои мухталиф, дар он беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, дар ин миён сарнавишти беш аз 300 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар ҳудуди Русия "номаълум аст" ва тақрибан 230 ҳазор нафари дигар муваққатан аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд.