Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ тарафи Каромат Шариповро нагирифт. ВИДЕО


Каромат Шарипов
Каромат Шарипов

Додгоҳи олии Тоҷикистон иддаои Каромат Шариповро дар бораи шаҳрванди ин кишар набуданаш рад кардааст. Масъулони Додгоҳи олӣ ахиран дар як ҳалнома гуфтаанд, ки Шарипов дар ҳудуди Тоҷикистон зода шуда ва шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик як сол қабл, рӯзи 13-уми декабр, аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ҳудуди он кишвар ихроҷ карда шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, бино ба санадҳои пешниҳодкардаи ҷониби Душанбе ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ба ҳамин далел ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Аммо Каромат Шарипов пофишорӣ дорад, ки ӯ дар Тоҷикистони Шӯравӣ зода шуда, шиносномаи он давраро дошт, на аз Тоҷикистони замони истиқлолро. Вай иддао дорад, ки Русия ӯро ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон фиристода, бе ҳеч шаҳрвандиву санад гузоштааст. Шарипов мехоҳад, Русия шаҳрвандии ӯро барқарор кунад ва ӯ ба фаъолияташ дар он кишвар идома диҳад.

Каромат Шарипов рӯзи 12-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз посухи Додгоҳи олии Тоҷикистон розӣ нест ва кӯшиш хоҳад кард, бо ёрии вакилони мудофеъ ин қазияро ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо кашонад. Идомаи мусоҳибаро дар ин навори видео бубинед:

Каромат Шарипов: "Ихроҷи ман аз Русия одамфурӯшӣ аст!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

XS
SM
MD
LG